Ҳамватанони азиз, тоҷиктаборони Конодо!

Сӯхторҳои даҳшатнок дар шаҳри Форт МкМӯррӣ ба фоҷиаи инсонӣ мубаддал гаштанд. Мавҷи сӯхторҳо манзилу идораву корхонаву биноҳои ҷамъиятиро ба хокистар табдил дода истодааст. Ҳукумати Олберто мегӯяд, 88 ҳазор мардум шаҳри Форт МкМӯрриро тарк карданд. Мардуми Олберто ҳиммати хешро нишон дода, аксари мардуми осебдидаро ба хонаҳояшон ҷо дода истодаанд, аммо гуруҳи зиёди мардуми беҷошуда, дар миёни замину осмон дар манотиқи чаманзорҳо, яъне прерий мондаанд.

Ҳамватанони гиромӣ, аз Шумоёни гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ба ҳисоби Салиби Сурхи Конодо ва шумораҳои телефонӣ, ки аз тариқи барномаҳои СиБиСи Нйус ва СиТиВи Нйус эълон шудаанд, хайрия ба унвонии осебдидагони шаҳри валангор гаштаи кишварамон ирсол намоянд.

То ҳамин лаҳзаҳо мардуми наҷиби конодоӣ маблағи 11 миллион дуллорро ба ҳисоби Салиби Сурхи Конодо таҳвил намудаанд.

Дар ин рӯзҳои душвор барои сокинони шаҳри Форт МкМӯррӣ ва Конодо, мо, тоҷиктаборони ин кишвар худро аз кулли мардуми Конодо ҷудо намедонем.

Сипоси фаровон аз ҳиммататон!


Шӯрои раҳбарии Ҷомеаи тоҷикони Конодо

5 маи соли 2016,

Монтреал, Конодо