Дӯстони ҳамтақдир, тоҷиктаборони Конодо!

Рӯзи душанбе, 21-уми октябри соли равон интихоботи федеролии кишвари азизамон Конодо баргузор мегардад. Ҳамчун асосгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷики Конодо аз ҳамаи Шумо, азизон, хоҳиш мекунам, дар интихоботи умумимиллии Ватанамон ширкат намуда, барои тағйирот ва дигаргуниҳои ҳаётамон овоз бидиҳед.

Тоҷикони Конодо дар ҳаёти сермиллатаи Конодои азиз саҳми хосае худро доранд. Мо, тоҷикони Конодо дар тӯли ду даҳаи охир ҳамеша муттаҳиду воҳид ва аз дигар ҳамтақдирон бо фарҳанги оливу дониши амиқу ахлоқи ҷавонмардона фарқ карда меистем. Қавли мо ҳамеша дар назди Ватани азизамон ва бузургони Конодо як буд ва ҳаст: Мақсаду мароми мо ҳамеша барои гулгулшугуфоии ҷомеаи сермиллати Конодои мо нигаронда шудаасту бас.

Мо, тоҷикони Конодо хушбахтем, ки ҳукуматамонро худамон интихоб мекунем ва касе ҳақ надорад моро маҷбур ва ё таҳдид намояд, ки ба кадом нафаре овози худро диҳем. Мо озодем. Демократияи воқеъӣ ҳамин аст! Аз ин дида чизи муҳиме барои инсон ҳаст? Вақте ки ту озод ҳастӣ, тақдири худро худат муайян месозӣ, медонӣ, ки аҳли оилаат, ҷигарбандонат орому осуда, озоду солим ҳастанд, ва ту дар кишвари демократитарини дунё зиндагӣ мекунӣ! Аз ин беш хушбахтӣ боз мешавад?

Аз ин хотир, аз ҳамаи якояки Шумо даъват мекунам, сарнавишти хешро, сарнавишти фарзандонатонро худатон ҳал намоед.
Шумо, ҳар якатон дӯстоштатарин инсон ҳастед.
Бо ҳар яки Шумо дар ин ду даҳсолаи охир роҳи пурпечу фарозеро паси сар кардем ва ин ҷомеаи обрӯманди тоҷикро дар Конодо эъмор намудем. Ҳамаатонро дастонатонро мефушурам ва бори дигар даъват мекунам, дар рӯзи 21-уми октябр ба минтақаҳои интихоботӣ ҳозир шавед ва овози худро озодона барои осудагии мову Шумо ва ояндаи дурахшони демокративу озоди мо дар Конодои биҳиштӣ рай бидиҳед.

Рӯзи интихоботи воқеъӣ муборак, бар ҳаматон тоҷикони азизам!
Озодӣ муборак!
Демократия муборак!

Бо эҳтиром,

Равшан Темуриён,
Бунёдгузор ва раҳбари
ҷомеаи тоҷикони Конодо