Кадрдонӣ аз эҷодкори бузурги тоҷик дар Канада

(Вакте ки руи сарлавха клик мекунед, порае аз асари мусикии Фарангис "Равиши Нур" садо медихад)

Шахрдори яке аз шахрхои номдори иялоти Квебеки Канада Лонгуй хонум Каролин Сэн Хилэрбахшида ба фаъолияти пурмахсули охангсози машхури точиктабори Канада  ва хидматхои намоёни эчодкори бузурги Канада ва Шветсия Фарангис Нурулло-Хоҷа (Шахидй) дар толори Кохи Фарханги шахри Лонгуй намоишгохи махсусеро тахти унвони "Решахои таърихй"  барои дуюним мох барпо мекунад.

Анчумани точикони Канада аз номи шахсан мухтарам шахрдори Лонгуй хонум Сэн-Хилэр хамаи азизон ва мехмонони Канадаро шахсан ба маросими гушоиши тантанавии намоишгохи санъати охангсоз Фарангис Нурулло-Хоча ва рассом Евгения Резник, ки 18-уми апрели соли 2013 дар соати 17 баргузор мешавад, даъват мекунад.

Мо аз хамватанони точиктабор ва мехмонон даъват мекунем ба ин маъракаи бузурги фархангии чомеаи точики Канада ва намоишгохи ифтихори чомеаи мо, узви рабарии Анчумани точикони Канада Фарангис Нурулло-Хоҷа  охангсози боистеъдоди сатхи чахонй Фарангис Нурулло-Хоҷа хамрох шаванд.

Вуруд ба намоишгох озод буда, ашхосе, ки мехоханд дар маросими гушоиши намоишгох аз тарафи шахрдори Лонгуй Фарангиси азизро хамрохй кунанд метавонанд аз тарики телефони +1-450-463-7100 барои худ чой резерв намоянд.