Оҳангсоз Фарангис Нурулло-Хоҷа

Дар бинои консерваторияи Иттиҳоди оҳангсозони Квебек ва Монтреали Конодо нахуст иҷрои асари оҳангсози машхури тоҷиктабори Конодо, узви Шӯрои раҳбарии ҷамьияти тоҷикони Конодо Фарангис Нурулло-Хоҷа таҳти унвони "На ин ҷову на он ҷо" баргузор гардид.

Асари Фарангисро оркестри симфонии "Turning Point"-и шахри Ванкувер ба ичро расонд.
Асари ӯ зери таьсири муҳоҷирати тӯлонй эҷод шуда, бештар ҳавои носталжй дошта, ташвишҳои рӯзмарраи аҳли ғурбат дар нотҳои асари Фарангис эҳсос мешавад.

Қабл аз нахустиҷрои асари ҷадид, Фарангис ба саволҳои барандаи консарт ба забони равони фаронсавй посух гуфта, аз мухлисони сершумори конодой изҳори сипос намуд.
Бунёдгузор ва лидери ҷомеаи тоҷикони Конодо Равшани Темуриён ва хонаводаи тоҷикони шаҳри Монтреал Фарангисро бо нахустиҷрои асараш табрик гуфта, ба ӯ гулу гулдастаҳо тақдим намуданд.