Равшани Темуриён | Кимиёи саодат

Р.Темуриён: "Муаллима Бобоназарова шахсияти арзандае ҳастанд"

Равшани Темуриён, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни ин ки барои ман шахсан ва фикр мекунам барои аксари мардум, пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзад дар интихоботи пеши рӯйи риёсати ҷумҳурӣ ғайричашмдошт буд, гуфт: "Эҳтимол меравад, раҳбароне, ки муаллима Бобоназароваро ҳамчун номзад ба риёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кардаанд, дурандешӣ намудаанд. Муаллима аслан шахси арзандае ҳастанд, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башар, қонундон ва ҳуқуқшиноси варзидаи ин миллат ба шумор мераванд."

Вай, дар посух ба ин пурсиш, ки оё номзади воҳиди ИНИТ шонсе барои пирӯзӣ дорад, гуфт: "Орзумандам, ки баъди ҷамъоварии шумораи зарури имзоҳо, ситоди муаллима бо талошу такзиб ба фишору даъвоҳои рақибони сиёсии хеш машғул нашуда, балки бештари вақтро назди мардуми саросари кишвар бо муаррифии барнома сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сипарӣ кунанд. Ва агар ҳамин тавр шуд, шонсе барои пирӯзии муаллима Бобоназарова фароҳам хоҳад омад."

Машрӯҳи гуфтугӯи Кимиёи саодат бо Равшани Темуриёнро дар зайл бихонед:

                                                                            Идомаи матлаб>>>