Азизаи Хубон

 “Бо меҳру муҳаббат ба Азизаи Хубони мо...”

Ҳабиб Юсуфӣ

Ин олиҳаи илму фарҳанг ва муборизи миллат дар ҳасостарин ва душвортарин вазъи тоҷикони Самарқанд ва кулли Узбекистон ҷавонмардона масъулияти раҳбарии созмони сиёсиву фарҳангии тоҷикон “Самарқанд”- ро ба дӯш гирифта, тамоми ҳастии худро чи моддиву чи маьнавӣ ба ин миллату ҷамъият бахшид.

Азиза Юсуфӣ 4-уми ноябри соли 1944 дар хонаводаи зиёии гузари Заргарони шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Нахустфарзанди оила мувофики дархости амакаш - шоири шаҳири қаҳрамони ҷанг Ҳабиб Юсуфӣ мебоист Азизаи Хубон номгузорӣ шавад, аммо ба хотири ин, ки талаффузи ном дароз буданаш бо қисмати аввали он иктифо намуданд.

Ишон хатмкунандаи мактаби ҳафтсолаи шумораи як ва мактаби миёнаи рақами панҷи ноҳияи Сиёби Самарқанд мебошанд.


Муаллима Юсуфӣ донишу идрок ва усули дарсгузории устодаш С.Иброҳимзода, зебоии табиӣ ва тарзи суханронии  устоди бузургаш мудираи мактаб Анзурат Раҷабова, ки миёни мардуми Самарқанди бостонӣ ҳамчун «гули занҳо» ба забон меобарданд ва хушсурату хушсиратӣ, сахтгирӣ ва серталабии омӯзгори забон ва адабиёт М.Ҷӯраеварро ба мерос гирифтааст.

Меҳру муҳаббаташ ба сеҳри сухан, каломи бадеъ, адабиёти гаронбаҳои миллаташ рӯз аз рӯз афзун гашта, ишонро ба остонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгохи Давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ овард. Дар ин даргоҳи илм солҳои 1961-1965 таҳсили худро анҷом дод. Азиза-бону ба гурӯҳи 24-нафараи донишандӯзон шомил буданд, ки миёни онон 18-нафарашон аълохон ба шумор мерафтанд. Азиза Юсуфӣ яке аз инҳо буданд. Гурӯҳи ишон беҳтарин дар донишгоҳ хисоб меёфт. Шогирди тавоно аз устодони гиромии хеш Шавкат Шукуров, Солеҳ Ҳалимов, Лӯъбат Назарова, Мӯъмин Фаттоев, Абдувосеъ Қосимов илми  забон ва адабиёти форс-тоҷикро ба хубӣ аз бар кард. 

Донишҷӯ Азиза Юсуфӣ дар соли дуюми таҳсил маҳорату малакаи донишандӯзии хешро дар конфаронси илмии донишгоҳ ба маърази ом гузошта, баъдан роҳхатро ба ҷамъомади илмии донишҷӯёни минтақаи Осиёи Миёна ва  Қазокистон, ки дар шахри Фрунзеи ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегашт, ба даст оварда, бо сари баланд ба Самарқанд баргашт. Соли саввум ҳам донишгоҳ Азизаро ба конфаронси дигари илмӣ дар Тошканд фиристод.

Ҳамон замон дар Чорсӯи Регистон ҳафтае ду рӯз маҳфили адабии донишҷӯён амал мекард. Азиза Юсуфӣ, Ҳамрокул Даврон, Насиба Рачабова, Салим Кенча, Хочикурбон Хамидзода, ва чандe дигар аз аъзои фаъоли он ба шумор мерафтанд.  Соли 1961 бахши тоҷикии радиои вилоятии Самарканд ба фаъолият шурӯъ кард. Азиза Юсуфӣ яке аз хабарнигорони радиои Самарқанд буданд, ки дар баробари дигар миллатдӯстон бидуни музд ба кор даст заданд ва фақат баъд аз чор сол давлат ба маблағгузории ин радио пардохт. Баъдан ин корро  Салим Кенҷа ва Светлана Ҳайдарова дар радиои Самарқанд идома доданд.

Пас аз хатми донишгоҳ, Азиза Юсуфй дар мактаб-интернати бачагони душвортарбия ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт оғоз карданд. Соли 1968 донишкадаи  давлатии педагогии тоҷикӣ ба номи устод Садриддини Айнӣ дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфт ва ҳамон сол муаллима Юсуфӣ дар факултаи филологияи точики ин даргоҳ ба сифати лаборант ба кор қабул шуданд. Ишон ба донишҷӯён аз назарияи адабиёт дарс мегуфтанд.

Солҳои 1971-1974 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи илмҳои Точикистон пажӯҳишро идома намуда, таҳти раҳбарии адабиётшиноси маъруф профессор Холиқ Мирзозода дар мавзӯъи «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ» кори илмии худро ба анҷом расонидааст. Баъдан ба донишкадаи педагогии Самарқанд баргашта, ба донишҷӯён аз таърихи адабиёт, адабиёти шарқу ғарби хориҷӣ ва ҳамчунин адабиёти муосир дарс гуфтаанд.

Садокатмандӣ ва фарҳанги воло ишонро ба дарачаи ҷонишин ва пасон декани факултаи донишкада расонидааст. Дар вазифаи рахбарӣ муаллима Юсуфӣ хислатхои ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ, навоварии худро бештар намоён карда, ишонро сазовори эътибору эҳтироми хамкорону маъмурияти донишкада намудааст.

Чуноне, ки ба донишҷӯёну дӯстони хеш борҳо таъкид мекарданд:

Зиндаги ҷои хомӯшӣ набувад, дил биё, ҷӯш зан, мубориз бош!

Хомушӣ касби мурдагон бувад, дил биё, ҷӯш зан, мубориз бош!

Муаллима бар зидди иллатҳои мухталифи зиёд, ки дар донишкада пойдор буданд, садо баланд карданд. Бад-ин хотир ҳаммаслакон ва шогирдон дар атрофаш муттаҳид  мешуданд. Аммо кор ба дараҷае расид, ки донишкадаи расман тоҷикии омӯзгорӣ барҳам дода шуда, онро бо донишгохи давлатии Самарқанд якҷоя намуданд. Азиза Юсуфӣ дар донишгоҳ ба вазифаи муаллими калони кафедраи адабиёти факултаи филологияи тоҷик интиқол дода шуд.

Устод Азиза Юсуфӣ аз адами ҳуқуқҳои миллии мардуми таҳчоӣ, яъне тоҷикони Ӯзбекистон бештар аз ҳама ранҷ мебурданд. Ниҳоят ғояхои миллатпарастона ва дайни инсонӣ он касро ба саромади Иттиҳодияи сиёсию иҷтимоӣ ва Маркази фархангии тоҷикони «Самарқанд» овард. Ақоиду назариёти сиёсиву интиқодии муаллима ба таъқиби ҳукумати махаллӣ бардхӯрда, фишору тазъиқ афзун гашта, оқибат устодро аз вазифа барканор карданд.

Муаллима Азиза Юсуфй бо ҳаммаслакони хеш таваҷҷӯҳи мардумро ба масоили ҳуқуқҳои конститутсионии помолгардидаи точикон дар ҷумҳурии Ӯзбекистон мутамарказ мекард. Баҳри ин мақсад якҷоя бо ҳамсангарони худ шоир Ҳаёт Неъмат, профессор Мирҷамол Мирсаидов, муҳофизи ҳуқуқ Ӯктам Бекмуҳаммадов, муҳандис Аҳмадиён Ҳакими Раббимпур, олима Амина Шарофиддинова ва дигарон бо шахсиятхои зиёди сиёсӣ, арбобони давлатӣ, чун Б. Ельцин, Э. Шеварнадзе, Е.Севостянов, пуштибонҳои ҳуқуқи инсон – профессор А. Сахаров, Г.Старовойтова ва А.Трапезников, ҳамчунин бо Президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Каримов, ҳукумат ва оппозитсиони миҳанпарасту миллатдӯсти Тоҷикистон ва дигарон мулокот доир намудааст. Дар конфронсу ҷамъомадҳои мухталиф дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград, Вилнюс, Душанбе, Ашкобод ва ғайра иштироку ибрози акида намудааст. Дар тамоми маъракахо, намоишу гирдихамоихои сиёсиву фарҳангии ҳукумат ва оппозитсиони Точикистон ширкат ва баҳри худшиносиву озодии миллаташ сухан рондааст.

Такопӯ ва корнамоиҳои беназири муаллима дар баробари боло бурдани сатҳи худшиносиву ифтихори миллӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд ва кулли кишвари Ӯзбекистон Гурдофариди таърихиро ба ёд меоварад.

Ахиран устод Юсуфӣ чанд соли хешро дар кишварҳои Эфиопӣ ва Яман сипарӣ намуданд.

Имрӯз ин зани оташқалб дар иҳотаи ҳамсари ғамхор доктор Ҷамшед Шокиров, се фарзанди азизашон Сурайё, Сӯҳроб ва Хисрав, арӯсу домоди мехрубон, ҳафт набера ва як абераи ширини худ дар Самарқанди кӯҳани таърихӣ даври пирӣ меронанд.

Имрӯзҳо фарзанди барӯманди миллат, устод Азиза Юсуфӣ ба синни мубораки 70 қадам мениҳанд. Мо зодрӯзи муаллимаи азизро  хуҷаставу муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, бахту икболи накӯ хохонем. Таманно дорем, ки орзуву омолошан бароварда шаванд ва умедворем, ки  фарзандону наваҳояшон давомдихандаи кори шоистаи устод Азиза Юсуфӣ  бошанд.

 

Аҳмадиён Ҳакими Раббимпур,

Амина Шарофиддинова 

Филаделфиё – Самарқанд 

2-уми ноябри соли 2014