Паёми табрикии Ҷомеаи тоҷикони Канада

Ҷомеаи тоҷикони Канада барои худ ифтихор медонад бонуи гиромиқадр Амина Шарофиддинова, донишманд ва муборизи тавонои илму фарҳанги тоҷики Ӯзбакистонро бо фарорасии синни балоғати 50 табрику таҳниятҳо гӯяд.

Бонуи азизу меҳрубон, хоҳари бузурги муборизи Самарқанди бостонӣ!

Талошу хизматҳои Шумои гиромӣ ҳаргиз аз назари таърихи миллати мазлуми тоҷик нодида нахоҳад монд. Ин миллат бояд ифтихор донад, ки чунин бонуи донишманд, ҷасур, далеру нотарс ва фарҳангдӯсту миллатдӯст дорад. Вуҷуди Шумо мояи ифтихори мардуми шарафманди Самарқанди зебо ва ин мардуми ҳақшинос аст. Бо китобҳои дарсии Шумои гаронқадр насли навраси тоҷик дар қаламрави Ӯзбакистон ба воя мерасанд. Бо машварату дастурҳои Шумо мардуми Самарқанд сари ҳуввияти миллии хеш андеша меронанд, ҳайсияти худро шинохта мегиранд. Кореро, ки Исмоили Сомонӣ беш 1100 сол пеш дар Бухорову Самарқанд мекард, онро Шумои ширин идома медиҳед.

Бисёр орзу дорем, ки Шумои азиз сиҳату саломат, сарбаланду хушбахт бошед. Ба аҳли хонаводаи мӯҳтарам, волидаи меҳрубонатон, қиблагоҳи бузургворатон, нури чашмонатон-фарзандонатон дуруду эҳтироми бепоёни хешро тақдим медорем.

Бо эҳтиром,

Ҷомеаи тоҷики Канада

---------------------------------------------------------------------