Ҷоиза муборак, Фарангис!

5th Grażyna Bacewicz International Composer Competition Łódź 2015

The Results of the 5th Grazyna Bacewicz International Composer Competition:


First Prize: Manuel Martinez Burgos (Spain)

Second Prize: Farangis Nurulla-Khoja (Tajikistan/Canada)

Third Prize: John Weeks (United Kingdom) 201

Хабари хуш аз Лаҳистон расид: 

Ҷомеаи тоҷикони Конодо бисёр ифтихорманд аст, ки оҳангсози машҳури мо, узви Иттиҳодияи оҳангсозони Конодо, узви Шӯрои раҳбарии ҷомеаи тоҷикони Конодо Фарангис Нурулло-Хоҷа барандаи ҷоизаи дуюми Озмуни Байналмилалии Гажина Батсевич дар шаҳри Лодзи Лаҳистон эълон шуд. Барандаи ҷоиза асари Фарангис бо номи тоҷикии "Дайду", ки барои виолин, созҳои кубаӣ ва оркестри созӣ эҷод шудааст, дар тоърихи 27 ноябри соли 2015 дар толори Филармонияи шаҳри Лодзи Лаҳистон ба номи Артур Рубинштейн ба иҷро расонда мешавад.  

Nous sommes heureux d’annoncer que Farangis Nurulla-Khoja, compositrice agréée au CMC Québec, s’est méritée le 2ème prix du 5ème concours international de composition Grazyna Bacewicz en Pologne. L’oeuvre primée, un concerto pour violon, percussions et orchestre à cordes intitulé « Daïdu » sera jouée en concert le 27 novembre 2015 dans la salle Arthur Rubinstein Łódź Philharmonic.Фарангис Нурулло-Хоҷа оҳангсози машҳури тоҷиктабори Канада ва Шветсия дар миёни оҳангсозони дунё дар Озмуни Байналмилалии композиторон ҷоизаи дуюмро соҳиб шуд. Фарангис набераи оҳангсози машҳур ва бемисли тоҷик Зиёдулло Шаҳидии Самаркандй ва модари Фарангис профессор Мунира Шаҳидй мебошанд. Фарангис дастпарвари Донишгохи Гётенбурги Шветсия. Асархои баландмазмуни мусикии Фарангис дар толорхои машхури мусикии Урупо ва дунё садо медиханд. Осори Фарангисро оркестрхои машхури симфонии Хелсинки, Готенбург, Стокхолм, Мюнхен, Токио, Монреал, Нйу Йорк, Балтимор, Берлин, Париж, Шанхай, Амстердам, Осло ва даххо дастахои хунарии чахон ичро мекунанд. Ишон аввалин охангсози точиктаборанд, ки осорашонро кариб дар хама кунчу канори дунё шунидан мумкин аст. Фарангис барандаи як катор чоизаи чахонанд. Ишон барандаи Чоизаи Бунёди Абу Газзолй (Abu Gazali Foundation) дар Залтсбург (Австрия). Соли 2008 Фарангис ба гирифтани Чоизаи бехтарин охангсоз дар Канада (Joseph S.Stauffer Prize for the Arts, Canada Arts Council) муяссар шуд.Фарангис бо ду фарзандашдар шахраки Лонгӯйи Квебек зиндагй мекунад. Фарангис Нурулло-Хоҷа ифтихори чомеаи точикони Канада ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки силсилаконсартҳои Фарангис Нурулло-Хоҷа таҳти унвони "На ин ҷо ва на он ҷо" дар моҳи октябри соли равон дар ҳамаи шаҳрҳои Конодо ба иҷро мерасанд.

Аз аҳли муҳоҷирати тоҷик хоҳиш мекунем, ба консартҳои Фарангис дар шаҳрҳои Конодо ташриф оранд.

OCTOBER 2015

FARANGIS NEXT SERIE OF PERFORMANCE ACROSS CANADA FOR “NI D’ICI NI D’AILLEURS” BY TURNING POINT ENSEMBLE:


OCT. 7 & 8 – VANCOUVER
OCT. 14 – EDMONTON
OCT. 15 – WINNIPEG
OCT. 17 – TORONTO

OCT. 20 – MONTREAL