2014 Community Leader Awards: Our Inspirational People 

Шӯрои раҳбариии ҷомеаи тоҷикони Канада дар арафаи ҷашни Соли Нав Пешгомони ҷомеаи тоҷики Канада  - ашхоси шоистаи илҳомбахш дар муҳоҷират дар соли 2014-ро эълон дошт. 

Барандагони ҷоизаи соли 2014 шахсияти илҳомбахши ҷамъияти тоҷик дар Канада дар соли сипарӣ шуда хонум Зулфия Мирзоева ва ҷаноби Муҳаммад Форуқи Аҳмадӣ эълон шуданд.  Ҳар ду барои такопӯашон баҳри муттаҳид кардани ҷомеаи тоҷиктаборон дар иёлоти Алберта ва Онтариои Канада ба ҷоизаи сол мушарраф шуданд.

Ҷомеаи тоҷикони Канада хонум Зулфия Мирзоева ва д-р Муҳаммад Форуқи Аҳмадиро бо ин комёбии барҷаста табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳо дар зиндагиашон орзу дорад.

Мо, аҳли муҳоҷират, бо шумоёни азиз ифтихор дорем!

Соли Наватон муборак, ҳамватанони ҳамтақдир!

Зулфия Мирзоева

Зулфия дар дараи фараҳбахшу биҳиштии Варзоб воқеъ дар шафати шимолии шаҳри Душанбе ба дунё омада, баъди хатми мактаби ҳаштсолаи ноҳияаш ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, соҳиби касби ҳамшираи тиббӣ гашт. Баъдан дар Донишгоҳи давалатии миллии Тоҷикистон дар риштаи забон ва адабиёт ба бахши ғоибона таҳсилашро идома дод ва ҳамзамон ӯ муваффақ шуд Коллеҷи тиҷоратии Тоҷикистонро дар риштаи соҳибкорӣ дар бозори байнамилалии мол ва хизматрасониро ба анҷом бирасонад. Дар солҳои 1996 то 2005 дар вазорати маорифи Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони ин кишвар фаъолият дошт. Соли 2005 хонаводаи Зулфия бо духтари дусолаашон ба Канада муҳоҷират намуданд. Нӯҳ сол аст, ки ишон бо оилаашон ва ду фарзандашон, яке духтар ва дигаре писар, ки дар кишвари Канада ба дунё омад, дар шаҳри Едмонтони иялоти Алберта зиндагӣ ихтиёр намудаанд. Зулфия дар солҳои 2010-2011 тадриси қаблаздонишгоҳии Канадаиро сипарӣ намуда, дар соли 2011 ба донишгоҳи мӯътабари Алберта дар риштаи иқтисод ва сиёсат дохил шуд. Зулфия яке аз фарзандони бисёр дӯстдоштаи миллати тоҷик дар Канада ба шумор рафта, ҳамеша дар набзи корҳои ҷамъияти тоҷикони Канада ҳастанд.

Дар маҷлиси намояндагони тоҷикистониёни муқими Едмонтони Алберта бо иштироки мири шаҳри Едмонтон ҷаноби Дон Ивесон бону Зулфия Мирзоева якдилона раиси ҷамъияти тоҷкони Алберта интихоб шуд. Ишон ҳамраиси ҷомеаи тоҷикони Канада ба шумор мераванд.

Муҳаммад Форуқ Аҳмадӣ

Азизи ҷамъияти тоҷикони Канада Муҳаммад Форуқи Аҳмадӣ зодаи шаҳри Кобули Афғонистон. Даруси ибтидоӣ ва олиро  дар лисаи Нодирияи Кобул ба поён расонида, баъдан шомили донишгоҳи тиббии Кобул шуда, баъди хатми он ба ҳайси дуктури тиб (ортопедӣ) дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Кобул ифои вазифа намуда, дар солҳои 1992-2002 дар Покистон шурӯъи муҳоҷиратро сипарӣ намуда,дар як шифохонаи шахсӣ кор мекард. Солҳои 2002-2010 дар вазорати сиҳати Афғонистон ифои вазифа намуда, дар соли 2011 ба ҳайси муҳоҷир ба шаҳри Торонтои Канада иродат намуда, дар ширкати фармасевтикии Biopharma Service Inc. вазифа иҷро менамояд.