Ravshan Temourian | Montreal, Canada

Obama vs Romney Debates

Мунозирахои дуввуму саввуми миёни номзадхо ба раёсати чумхурии Иёлоти Муттахидаи Америка президент Барак Обама ва волй Митт Ромни бисёр чолиб ва шавкангез сурат гирифтанд. Вакте ки мунозирахои номзадхоро аз тарики шабакаи телевизионии СиЭнЭн (CNN) тамошо мекардам, гузашти 90 дакикаи бахсу талоши ракибони сиёсиро нафахмида мондам. Аз руи инсоф бояд гуфт, ки СиЭнЭн шабакаи бисёр неруманд ва бетараф (албатта, мухофизакорони сафедпусти америкойи ин шабакаи телевизиониро хамеша ба чонибдории демократхо ва президент Обама медонанд, ба ин валвалаи чумхурихохон касе хам ахамият намедихад – он ибораи точикон: «аккоси сагон»-ро мемонад) ва фарогири миллист (ба маънии Америкоист).

Баъди мубохисаи саввум маълум гашт, ки президент Обама ба асли худ баргашт ва нишон дод, ки вай барои довталаби мухофизакор «халтаи муштзанй» намебошад. Барак Обама ба хар як харфу иддаои намояндаи чумхурихохон бо далелу аркоми муносиб посух медод, Ва хамзамон «никоб»-и сари хар вакт ивазшавандаи сиёсии Митт Ромни ва хадафхои аслии хизбии ишонро дар баробари интихобкунандагони америкойи боз намуда, бо барномаи демократхо мукоиса карда, бегаразона ба мардум хакки интихоби бехтарро пешниход мекард.

Дар мунозираи дуюм, махсусан, махорати гуяндагии рузноманигори варзидаи СиЭнЭн Каэнди Кроули (Candy Crowley), ба назари мо, бехтарин намунаи модераторй ва ахлоки журнализми бетарафона ба назар мерасид. Муттаассифона, гуяндагии хабарнигори шабакаи телевизионии СиБиЭс (CBSБоб Шиффер (Bob Schieffer) камрангтар ба чашм мехурд. Хатто дар як чо, ветерани журнализми телевизионй Боб Шиффери 75-сола номи рахбари созмони «Ал Коида»-ро «Обама Бини Лоден» ба забон овард, ки боиси шигифти тамошобинон гашт.

Ба интихобкунандагон то рафт аён мешуд, ки номзад Ромни аз як гуфтугу ба гуфтугуи дигар мавкеъашро нармтару «демократитар» карда, аз риторикаи чангй дар Ховари Миёна ва хоса, Эрон такрибан даст мекашад. Президент Обама аз ин «нармиравй»-и ракиби сиёсй огох шуда, дар чои зарурии мунозирахо зарбахои шадид ба довталаби чумхурихохон зад. Ин буд, ки баъди мунозирахои дуввуму саввум рейтинги пешазинтихоботии хар ду номзад такрибан баробар ва дар баъзе иёлот яке аз ду номзадхо бо як ё ду дарсад бартарй доранд. Хол он ки баъди мубохисаи аввал миёни президент Обама ва волй Ромни пурсишхои каблазинтихоботй нишон медоданд, ки довталаби чумхурихохон аз номзади демократхо дар сафи пеш карор дорад. Меъёри тафовут дар пурсишхои миёниинтихобкунандагон байни ду номзад дар баъзе манотик то 1-5 дарсад бар нафъи Митт Ромни гуфта мешуд. Бештари ин пурсишхо аз тарафи шабакахои телевизионии мухофизакор, ба мисли, Fox NewsABC  ва амсоли инон ба рох монда шуда буд, майли нимаошкорои хавохохй ба чумхурихохонро доранд.

Тахлилгарони америкойи мегуянд, ки сарнавишти интихобот чун хамеша дар иялоти Ohio хал мешавад. Касе, ки дар ин интихобот дар иялоти Ohio пируз омад, раиси чумхури навбатии Иёлоти Муттахидаи Америка интихоб хохад шуд. Тибки пурсишхои телевизиони СиЭнЭн, дар айни замон дар иялоти мазкур шонсхои пирузии Барак Обама дар баробари Митт Ромни бештар ба назар мерасанд.

Эхсоси ноумедй, ки баъди мунозираи аввалин дар кароргохи демократхо ба миён омад, хануз дар фазои ИМА бокй мондааст. Ба гуфтаи як дусти хукукдони мо, Барак Обама арзандатарин шахс барои маснади раёсати чумхурии Америка ба шумор меравад, аммо замони афтодарухй, махсусан сатхи баланди бекорй ва умуман, холати бухронии иктисодиёту ичтимоиёти ин кишвари абаркудрат бар нафъи номзад Барак Обама нест.

Мегуянд, ки баъди мунозираи аввал миёни Обама ва Ромни миллиардери маъруфи америкойи Чорч Сорос (George Sorosба вахм афтода, чанд миллион доллари дигар ба хисоби маъракаи интихоботии президент Обама тахвил намудааст. Хамзамон Митт Ромни мисли Барак Обама дар ин масъала камбуде надорад. Намояндаи чумхурихохонро миллиардерони неруманди ИМА бидуни истихола бо маблагхои зиёди гушношунид дастгирй намуда истодаанд.