Ҳаким Аҳмадиён | Филаделфия, ИМА 

Фарзанди Самарқанди қанд: Амина Шарофиддинова

Мегӯянд, ки Маҳмудҷон Воҳидов, ситораи ҳунари миллат вақте ки ба Бухорову Самарқанд меомад, ҳамеша ба мардуми бостонии ин ду гаҳвораи миллати тоҷик хитоб мекардааст:

Эй Модари Ватан, писаронат намурдаанд, 

Осуда бош, ки гӯли аҷониб нахӯрдаанд.

Баъди панҷсад соли шебу фарозиҳо ҳам дар ин ду гаҳвораи тамаддуни мардуми тоҷик фарзандоне зинда ҳастанд, ки бо ҳама “мурда мурда зинда монданҳо” гӯли аҷониби тоърихро нахӯрданд. Бонуи миллат Амина Шарофуддинова яке аз чунин сарсупурдагони  дар Самарқанди бостонӣ ба шумор мераванд.

Амина дар деҳае ба дунё омадааст, ки он дар оғӯши хеш андешмандону уламо, рӯшанфикрону меҳанпарастон ва шоиру нависандагони номдорро парвардааст ва имрӯз ҳам мардуми ба ору ба номуси деҳи Чоршанбеи Самарқанди қанд парчами бедориву худшиносиро дар даст доранд. Устоди ӯ Азиза Юсуфӣ, хоҳарзодаи шоири баистеъдоди ин миллат, қаҳрамони ҷанги ҷаҳонии дуввум ва меҳанпарасти тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ аст. Амина дар таълимгоҳи рақами 34 ва мактаби миёнаи рақами 12- и ноҳияи Самарқанд беҳтарин шогирд буд ва баъдтар ба бахши суханшиносии Донишкадаи омӯзгории Самарқанд пазируфта шуда, аз устодон Б. Насридинзода, С. Аслиддинов, М. Исматова ва С. Иброхимзода илму дониш омӯхтааст. Устод Азиза Юсуфӣ барои ба камол расидани Амина чун як тоҷики худшинос ва миллатдӯст нақши муҳиме доштааст.

Азиза Юсуфӣ, устоди донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддини Айнӣ, раиси Созмони сиёсиву фарҳангии тоҷикони Самарқанд буданд, ба шогирдон баробари дарси забону адабиёт аз худшиносӣ ва сафҳаҳои пурифтихори миллати тоҷик ҳарф мезаданд, дар қалби Амина ва дигар шогирдон тухми ғояхои худшиносиву миллатдӯстиро мекоштанд. Баьди хатми бомуваффақи донишкада дар соли 1985 Аминаро ба шуъбаи маорифи ноҳияи Самарқанд ҳамчун роҳбалад(инструктор) ба кор пазируфтанд ва ӯ дар ин вазифа барои пешравии мактабҳои тоҷикӣ ҳиссаи худро гузошт. Дар ин солҳои замони бозсозии горбачёвӣ дар Самарқанд тоҷикон алайҳи беадолативу нобаробарии даҳсолаҳо садо баланд карда, аз ҳукумати шаҳр тақозо карданд, ки барои фарҳангу маорифи тоҷикон шароит фароҳам оварда шавад. Натиҷаи ин талошҳо буд, ки дере нагузашта маҳфили адабии “Сайқал”, ки шоиру нависандагон ва хештаншиносонро дар гирди хеш ҷамъ оварда, барои рушди фарҳанги тоҷикон ба кор оғоз кард. Бону Амина ҳам узви фаъоли ин маҳфил ба шумор мерафтанд. Солҳои 1989-90 ҳаракати сиёсиву фархангӣ ва маркази фархангии тоҷикон “Самарқанд” ташкил ёфт. Дар ҳар ду созмон Амина Шарофиддинова вазифаҳои ҳамраис ва ҳамзамон мутасаддии шӯъбаи маориф бар ӯҳда дошт. Талошу фаъолиятҳои муассири Амина Шарофиддинова буд, ки соли 1988 ӯро бо хоҳиши омӯзгорони забону адабиёт, устодони донишкадаву донишгоҳ ва ду созмони тоҷикон ба Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Самарқанд чун мудир-шӯъбаи тоҷикӣ ба кор пазируфтанд. Садҳо нафар омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аз тамоми канори Ӯзбакистон ба ин даргоҳ омада, донишу маҳорати омӯзгории худро такмил медоданд. Бону Амина ва ёронаш ба устодони мадарасаҳои тоҷикӣ дарси бедории миллӣ ва эҳёи фарханги бостонӣ, ифтихор аз таъриху адабиёти чандҳазорсола ва забони шаҳду ширини форсӣ медоданд ва муаллимин дарсҳои миллиро аз Самарқанди қанд ба фарзандони тоҷики кулли қаламрави Ӯзбакистон,  ба мактабхои паҳну парешони ин миллат мебурданд.

Замоне ки доду гирифт ва рафту омад бо Тоҷикистон мушкил шуд, Амина ба Душанбе рафта халта-халта китобҳои дарсиву адабиро оварда, ба мактабҳои Самарқанди бостонӣ тақсим мекард. Нусхаҳои китобхои дарсӣ ва дастурҳои илмиро оварда, аз ҳисоби худ чоп карда, ба мактабҳо - ба фарзандони ин миллати ҷафодида тахлия мекард. Маълум аст, ки ба сомон расонидани ин корҳо ба бонуии миллати Самарқанд, "Фарангиси сонӣ"-и Тӯрони тоҷики мову шумо -  Аминаи қаҳрамон ба осонӣ даст намедод, зеро дар марзи Ӯзбакистон китобҳои тоҷикиро, ба истилоҳ, аз ғалбер мегузаронанд, Аминаро борҳо ба дафтари умури амният даъват мекарданд...

Дар донишкада ва ҳукумат ҳам ин ташаббусҳои фидоии маориф ва миллат ба бисёриҳо маъқул набуд ва бадхоҳон чанд бор хостанд бо ҳар баҳона ӯро аз кор бигиранд ва ниҳоят онон соли 2011 бидуни ҳеч гуноҳе Аминаро аз кор берун карданд. Арзу додхоҳии эшон ва хамкоронаш ба хукумат, вазорати маориф ва додгох хеч натичае ҳосил нашуд ва ин коршинос ва кордони варзида то ҳамин вақт бекор аст.

Чунин бархурди нодурусту ноодилона дар баробари Амина ва дигар фаъолони созмони тоҷикони Самарқанд борҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳангоми ба кори илмӣ даст задан низ Амина дучори чунин саддгузориву беадолатиҳо гаштааст. Ӯ ҳанӯз соли 1997 таҳти роҳбарии донишманди шинохта, забоншиноси маъруфи тоҷик Раззоқ Ғафоров (ёди нозанинашон ба хайр!) мавзӯи “Воҳидхои фразеологӣ дар романи «Ғуломон»-и устод Садриддин Айнӣ” ба пажӯҳиши илмӣ кашида, ва пас аз вафоти устоди забардаст рисолаи номзадиро зери назари профессор Ботур Валихоҷаев ба охир расонид. Вале пас аз марги нобаҳангоми донишманди маъруф Б.Валихоҷаев мавзӯъи дифои рисола ба як муаммои сангине табдил ёфт. То ҳоло Аминаро аз идора ба идора, аз донишгоҳ ба вазорати маориф сарсону саргардон мекунанд. Ҳар гуна баҳонаҳое пеш меоранд ва мегӯянд, ки комиссияи тоҷикӣ дар қаламрави Ӯзбакистони соҳибистиқлол гӯё вуҷуд надорад. Ҳарчанд маълум аст, ки дар Самарқанд ин комиссия вуҷуд дошт, вале нахостанд ба кори Амина мусоидат намоянд. Ӯ бо дархости ин ҷоҳнишинон ҳатто ду дафъа рисолаи илмиашро ба забонҳои русӣ ва ӯзбакӣ тарҷума намуд. Аммо дар натиҷа ин мавзӯъ ба роҳи бумбасту деворҳои сангину гӯшношунави роҳравҳои бюрократии шохаҳои ҳокимияти Ӯзбакистон дакка хӯрд. Сабаби асосии чунин саддгузориҳро ҳолдонҳо ба тоҷику тоҷикпараст будани муаллифи рисолаи илмӣ медонанд ва баъзе аз намояндагони ҳукумати Ӯзбакистон намехоҳанд ба ин бону унвони илмӣ бидиханд. Баъзеҳо беибо ҳам мегӯянд, ки агар Амина аз роҳи пешгирифтааш-- тарғиби забону фарҳанги тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ даст мекашид ва чун аксари ба ҳама беадолатиҳое, ки дар Ӯзбакистон, ки кам неву зам мешавад, чашм мепӯшид, барвақт соҳиби унвонҳои илмӣ мегардид…   

Чун ҳама кӯшишҳо дар Ӯзбакистон натиҷа надод, бону Амина дар соли 2008 бо машварати дӯстон роҳи ба мақсадрасиро дар Тоҷикистон ҷуст. Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рудакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон барои ҳимояи рисолаи илмии бону Амина ризоият дод. Аммо маъмурияти аспирантураи Фарҳангистони улум талаб кард, ки ба хазинаи пажӯҳишгоҳ қаблан 2000 доллари амрикоӣ таҳвил карда шавад…

Барои як омӯзгори оддӣ ин миқдор маблағ ҷамъ намудан хеле зиёд аст! Кас ҳайратзада мешавад, ки наход барои як тоҷики фидоӣ, узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон « Пайванд», ки берун аз Тоҷикистон дар шароити хеле душвору сангин барои рушду фарҳангу забони он хидмат мекунад, имтиёзе роиҷ набошад. Дахолату дастгирии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ (ёдашон ба хайр!) ҳам, ки бо вуҷуди беморӣ мехостанд ин мушкилиро ҳал кунанд, кор надод. Бону Амина бо боли шикаста аз Душанбе ба Самарқанд баргашт... 

Дере нагузашта устод Акбар Турсон раиси ин пажӯҳишгоҳи номбурда таъин шуданд. Ҳоло мегӯянд, ки рисолаи илмии Амина дар ин пажӯҳишгоҳ дар ҳолати омӯзиш қарор гирифтааст.

Аз сӯи дигар, бону Амина бидуни доштани унвони илмӣ ҳам дар роҳи илм корҳоеро анҷом додаст, ки он камтар аз кори донишмандони унвондор нест. Ишон муаллифи беш аз 60 мақола оид ба бедории миллати точик, фарҳанги он ва забони форсии точикист. Мақолаҳои ӯ « Забони мо-- сарвати мо», «Воҳидҳои фразеологӣ дар нутқи персонажҳо», « Душанбе --шаҳри орзуи ман», « Дар Арабу Аҷам мисли Рӯдакӣ шоире нест», «Нависандаи забардаст Садриддин Айнӣ», « Аз аҷдодон чӣ бурдему ба авлод чӣ додем», ки дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба нашр расидаанд. Амина ҳамчунин муаллифи китоби дарсии забони форси тоҷикӣ барои синфи 7 ва барномаи таълими забон ва хати форсӣ барои синфҳои 5-9 ва ҳаммуаллифи барномаи забони форсии тоҷикӣ барои синфҳои 5-9 дар Ӯзбакистон ба шумор меравад.

Бону Амина сарфи назар аз саддҳои чинӣ аз ҷониби мақомоти Ӯзбакистон, фаъолияти сиёсиву фарҳангии хешро ҳамоно бебокона идома медиҳад. Ӯ дар ҳама гуна фаъолиятҳои созмони тоҷикони Самарқанд ба шумули гуруснанишиниву намоишҳои эътирозӣ барои дастёбии миллати тоҷики Ӯзбакистон ба ҳаққу ҳуқуқҳои худ аз фаьолтаринҳо буду ҳаст. 

Ба ёдам меояд, охири солҳои 80 садаи гузашта, баьд аз эътирозу гуруснанишинии аьзои созмонамон ҳукумат маҷбур шуд ба тоҷикон рухсат диҳад то онҳо дар шиноснома худро тоҷик нависанд. Бонуи азиз Аминаҷон бо шогирдони худ ба деҳаву гузарҳои Самарқанд рафта, мардумро таблиғ мекард, ки ба асли хеш баргарданд ва ҳарчанд онон худ тоҷиканд, боз дар ҳуҷҷати расмӣ ҳам инро таъйид созанд. Ӯ ба мардум мефаҳмонд, ки ҳарчанд дар Ӯзбакистон шумори тоҷикон беш аз даҳ миллион аст, вале чун бештарашон бо айби замона ва сиёсатҳои барғалату миллатгароёна дар ҳуҷҷат ҷабран ӯзбак зикр шудаанд, аз ин рӯ шумори тоҷиконро каме бештар аз як миллион медонанд ва ин рақам дар тӯли 70 соли замони шӯравӣ зиёд нашуд. Дар натиҷа дар ин кишвар тоҷиконро ба қатори миллатҳои ақаллият шомил кардаанд, ки ин хеле аламовар аст. Дар натиҷаи чунин тадобири таблиғотӣ ва рӯшангароӣ чанд хазор тоҷики расман аз решаҳои хеш дуршуда, ба асли хеш баргаштанд ва худро дар шиноснома тоҷик нависонданд. Барои чунин фаъолиятҳои миллӣ, ки онро дар Ӯзбакистон чун хатаре ба кишвар меҳисобанд, ин фарзанди миллат дар ин солхо хеле рӯзу рӯзгори сахтро аз сар гузаронид. Ҳукумату хадамоти амнияти миллӣ бо ҳар роҳу васила кӯшиш мекарданд, ки ӯ аз ин роҳ баргардад, мардумро ба хештаншиносӣ ташвиқ накунаду хомӯш бошад. Вале ҳеч кор ва чизе рӯҳияи қавии оҳанини бону Аминаро шикаста натавонист ва ӯ ҳамоно ба ақидаву андеша ва роҳи пешгирифтаи хеш устувор аст ва орзуву ниятҳои зиёд барои эҳёи забону фарҳанги тоҷикони Самарқанд ва Ӯзбакистон доранд. Дар ин роҳ ҳамчунин ӯро садҳо ва ҳазорҳо тоҷики бедори Самарқанд ва Ӯзбакистон ҳамроҳ ва мададгоранд.

Ин бонуи донишманд ва мубориз ҳамчунин дар конфронсу семинархои байналмилалӣ дар шаҳрхои Москва, Новгород, Алмаато, Ашкобод. Бишкек, Тошканд ва Душанбе ширкат ва суханронӣ карда, аз ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон дар Ӯзбакистон, ки дар вазъи ногувор қарор доранд, ҳимоят ба амал овардааст. Ишон дар се анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» ширкат карда, таваҷҷуҳи вакилонро ба мушкилоти аҳли Самарқанду Бухоро ва тоҷикони Ӯзбакистон ҷалб кардааст. Вале бо ин ҳама вазъи тоҷикон дар ин кишвар бадтар мешаваду беҳтар не. Сол то сол шумори мактабҳои тоҷикӣ дар ин ҷо коҳиш ёфта, фарзандони бумиро маҷбур месозанд, ки ба забони ӯзбакӣ таҳсил бикунанд. Алон бону Амина ва ҳамсафонаш дар роҳи риояи ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон дар ин кишвар талоши зиёде доранд. Онҳо дар ин ҷабҳа фақат ба ёриву мадад ва дастгирии ҷомеаи байналмиалӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳон эҳтиёҷ доранд.

Бону Амина мегӯяд, ки дар ҳар кор агар касро дӯстони мушфиқ ва ёвару ёрирасонҳои меҳрубоне набошад, ӯ ба душвориҳо дучор хоҳад омад ва ҳатто рӯҳияаш шикаста гардида, аз идомаи роҳ даст мекашад. Барои Амина чунин одамони ҳамдилу меҳрубон модари азизаш Ҳалима Исматова ва Вафо Эшониён, узви созмони тоҷикони Самарқанд ва раиси деҳаи Чоршанбе марди худшинос ва фарҳангпарваре ҳастанд.

Дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон, ки  тоҷикони ҷаҳон ба анҷумани хеш гирди ҳам омаданд, бону Амина Шарофиддинова ба синни мубораки 50 расид. Банда ин бонуи маърифат ва ҳамфикру ҳамандеша ва ҳамнабарди хеш дар роҳи худогоҳии миллиро бо ин санаи хуҷаста шодбош мегӯям ва барояш зиндагии бардавоми пурсамар, некбахтиву шодмонӣ ва дар корҳои илмиву фаъолият барои эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ пирӯзиҳо орзу дорам.