Равшани Темуриён | Монреал, Канада

Бо Муҳаммадато ба меҳмонхона омадем. Ҷумъабой Ниёзов ва маро соати панҷи субҳидам бояд ронандаи Борис Шайхмуродов аз меҳмонхона гирифта, ба фурудгоҳ мебурд. Ҳар ду ба Тошканд парвоз доштем. Ҷ.Ниёзов аз Тошканд ба Хӯҷанд бармегаштанд ва банда чанд рӯз дар Тошканд мемондам, зеро падар ва модарам барои дидорбинӣ аз Душанбе ташриф оварда буданд. Аз сабақи талхи гирифтаам ва хастагӣ зуд хобам бурдааст. Соати дувоздаҳи шаб садои телефон маро бедор кард. Гӯширо бардоштам, садои шинос аз гӯшӣ баланд шуд:

- Додар! Ман бисёр мехостам Шуморо аз наздик бубинам. Дар ин ду ҳафта натавонистам бо Шумо рӯ ба рӯ сӯҳбат намоям. Субҳ ҳама боз ба манзилҳои ғарибии худ меравем ва боз кай ҳамдигарро хоҳем дид, Худо медонад...

Садои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро шинохтам. Якбора ба ёдам расид, ки устод Латифӣ низ маро мунтазиранд. Зуд дасту рӯямро бо оби сард шуста, худро ба тартиб оварда, роҳи меҳмонхонаи ҳайати нерӯҳои оппозитсиони тоҷикро пеш гирифтам.

Аввал ба хонаи устод Латифӣ сар задам. Устод маро хеле гарму ҷӯшон пазируфтанд. Гуфтанд:

- Ҳеҷ гап не. Роҳи сулҳу оштӣ ҳамин тавр хеле душвор аст. Аз ин рӯҳафтода шудан лозим нест. Ба хотири рӯҳи шаҳидони ҷанг , ба хотири ояндагон мо бояд сулҳ кунем. Роҳи дигаре нест. Агар ҳукуматдорон Тоҷикистонро дӯст доранд, мо бештар аз онҳо Ватанамонро дӯст дорем. Мо ҳама тоҷикем. Зарур бошад, чи тавре ки Саъдӣ мегӯяд:

Пой дар занҷир пеши дӯстон

Беҳ ки бо бегонагон дар бӯстон.

Барои ҳамин, худ, хонавода ва фарзандонро эҳтиёт кунед. Дар куҷои дунё, ки бошед, фарзандонро сабақ, илм омӯзед. Онҳо ояндаи Тоҷикистонанд...

Ин суханони устод Латифӣ мисли васият садо медоданд, аммо ман ҳамон замон ин суханони устодро дарк накардам. Баъдтар ба ёдам омад, ки суханони устоди азизам Отахони Латифиро тақрибан сӣ сол пеш дар замони кӯдакиам, охирҳои соли шастум аз забони тағоам Аҳмадхон Саидмуродов, рӯзноманигори «Тоҷикистони Советӣ» (бародари бузурги академик Ҳабибулло Саидмуродов) шунида будам. Дар ёдам аст, тағои Аҳмадхон дар шифохонаи академик Мансуров лаҳзаҳои охирини умри худро сипарӣ мекарданду чанд соат пеш аз марг модар ва ману бародарам Алишерро ба наздашон хостанд. Модар,  додарчаам Алишерро, ки хеле шӯх буд, бо падар дар саҳни беморхона монданду маро бо худ ба назди он кас  бурданд. Тағоям, ки аз асари бемории вазнин хеле лоғару зард шуда буданд, ба модарам вопасин суханонро гуфтанд:

- Хоҳари азизам Лутфихон! Ду фарзанди гадоиатро эҳтиёт кун, фарзандонатро сабақ деҳ, илм омӯз. Онҳо ояндаи мо ва Тоҷикистонанд....

Модарам аз ду бари рӯхсораи бародарашон бӯсиданд. Тағои Аҳмадхон бо дастони тамоман бемадору устухон сарамро сила карданд....

Ман ҳам ба устод Латифӣ орзуҳои нек таманно намуда, дуои некашонро гирифтам. Ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, аз ду бари рӯяшон, ки ҳоло риши мошу биринҷӣ пӯшонида буд, бӯсидам. Мо хайрухуш намудем. Ман ҳеҷ тасаввур намекардам, ки ин охирин дидор будааст, ки  шаби 15-уми июли соли1996 дар ш. Ишқобод иттифоқ афтод.

То имзои Созиномаи сулҳи сартосарии Тоҷикистон як сол вақт монда буд.

То баргашти устод Отахони Латифӣ ба Ватан, ки барои ободиву озодии он ҷонбозиҳо намуда буд,  як солу се моҳ монда буд.

То террори устод Отахони Латифӣ ду солу се моҳ боқӣ буд.

 Устод ба Теҳрон бармегаштанд.

Ман аз роҳи Тошканд ба Прага, макони кор ва ғурбати навбативу муваққатиам, назди фарзандонам роҳ пеш гирифтам.

Поёни қисми ҳафтум