Устод Латифӣ: Марде, ки ғурурашро раҳо накард. Қисми VI
Субҳи рӯзи дигар маро аз дафтари матбуотии гуфтушуниди тоҷикон ба ман хабар доданд, ки соати 15 дар бӯстонсарои Президенти Туркманистон маросими имзои санадҳо баргузор мешавад. Ман дар соати муайяншуда хешро ба бӯстонсаро расонидам. Аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик пушти дарҳои баста тахминан се соат музокирот анҷом доданд. Баъд мо – хабарнигоронро ба толори гуфтушунид барои ҷамъбасти даври панҷуми музокироти сулҳи тоҷикон даъват намуданд. Рӯҳияи мулоқоти ҷамъбастӣ дар ҳузури хабарнигорон хеле мубҳам ва тира ба чашм мерасид.
Герд Дитрих Меррем, намояндаи вижаи дабири Кулли СММ ва Борис Шайхмуродов, вазири вақти корҳои хориҷии ҷумҳурии Туркманистон эълон доштанд, ки даври панҷуми музокироти тоҷикон бо имзои асноди оташбаси муваққатӣ дар Тавилдара анҷом меёбад. Ҳамон замон чашмам ба устод Латифӣ афтод. Устод пушти миз бо мӯйҳои парешон ва сари хам, чашмонашон ба рӯи миз дӯхта менишастанд. Дитрих Меррем аз раҳбарони ду ҳайат хоҳиш намуд, то имзои хешро зери санадҳо гузоранд. Талбак Назаров ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба санадҳо имзо гузоштанд, вале дастони ҳамдигарро нафушурданд.
Тӯраҷонзода ва ҳайати оппозитсион ҳамоно аз ҷойҳои худ боло шуданд. Ман назди Ҳ.Тӯраҷонзода омада, микрофонро рӯшан кардам ва садои он кас дар ин навор сабт шуд:
- Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар собит кард, ки сулҳи воқеиро намехоҳад. Аз ин рӯ, чанд рӯз пеш, ҳайати ҳукуматӣ бо баҳонаи машварат бо раҳбарияти Тоҷикистон вақтро кашол дода, тамоми нерӯҳои мусаллаҳи худро бо пуштибонии нерӯҳои дивизияи 201-уми Русия барои бозпас гирифтани шаҳраки Тавилдара сафарбар намуда, мардуми осоиштаи минтақаро ба хун оғушта карданд.
Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик аз СММ, кишварҳои нозир дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ хоҳиш мекунад, ки ба ин иқдоми ҷангҷӯёнаи ҳукумати Тоҷикистон вокуниш нишон диҳанд.
Баъд, ман ба назди раҳбари ҳайати ҳукуматӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров омада, аз натиҷаи даври панҷуми музокирот пурсон шудам.
- Мо аз имзои санадҳо дар Ишқобод розием ва даври панҷуми гуфтушуниди сулҳи тоҷиконро пешравӣ ба сӯи сулҳ медонем.
- Ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ ба Тавилдара юриш (ҳамла) бурда, мардуми осоиштаро ба хун оғушта карданд. Оё ин хабар дуруст аст?
- Бале, нерӯҳои давлатӣ баъди ҷангҳои шадид шаҳраки Тавилдараро аз муҷоҳиддини исломӣ озод карданд. Вале мо мардуми осоиштаро накуштаем. Ин бофтаҳои оппозитсион аст.
Сарам ба дард даромад. Сигорро дар гирондам. Назди устод Латифӣ омадам. Устод аз ман сигор хостанд, қуттии сигорро ба сӯяшон дароз намудам. Хомӯшона сигор кашидем. Устод маро ба оғӯш кашиданду ба пуштам навозишкорона ду-се дафъа бо дастони бузургашон тап-тап заданд.
-Рӯҳафтода нашавед! Бегоҳӣ барои хайрухуш ба назди мо биёед...
Ман бо аломати ризо сар ҷунбонда, бори дигар устодро дар оғӯш гирифтам.
Аз толори конфаронс берун шуданамро нафаҳмидам. Дар ҳолати тамоман саргарангӣ ба сар мебурдам гӯё шоки сахте ба ман ворид шуда буд. Аз роҳрави дуру дароз ба суйи дари хуруҷӣ роҳ пеш гирифтам. Дар роҳрави дароз, ки ба назарам нақб (туннел)и беохирро мемонд, садои касе маро ба худ овард:
- Рӯшанҷон, Русия боз пирӯз шуд!
Сарамро боло кардам ва дидам, ки дар рӯ ба рӯям киёи Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон истодааст.
Назди саворӣ (мошин) расиданамро нафаҳмидам. Муҳаммадато аз дастам сумка ва диктофони бузурги садои Озодиро гирифта, ба сандуқи саворӣ ҷо ба ҷо кард. Хомӯшона ба саворӣ нишастем. Ронанда ба мо нигоҳ кард ва пурсид:
- Ба меҳмонхона?
- На. Маро ба беҳтарин тарабхонаи Ишқобод баред.
Ронанда моро ба тарабхона(ресторан)и навбунёди итолиёвӣ овард, ки ҳар дафъа аз наздаш убур мекардему хоҳиши даромадан ба онро надоштем. Он ҷо аксаран холӣ ва каммуштарӣ буд. Мардум мегуфтанд, ки нархи он хеле гарон аст.
Шаробу ғизо фармудем. Чашмам ба пианои нави оҳарии сиёҳранг афтод. Аз Муҳаммадато хоҳиш кардам, ки пианонавозеро пайдо намояд. Муҳаммадато назди соҳиби тарабхона, ки як марди турк буд, рафта, талаби моро расонд. Баъди тахминан понздаҳ дақиқа ҷавони мутриб, ки ӯ ҳам тоза аз Туркия омада буд, назди мо ташриф овард. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки фақат он навоҳоеро, ки ба мавзӯъи Ватан оид аст, иҷро намояд. Навозандаи пиано аз ман пурсид:
- Ман метавонам аз Шумо бипурсам: чаро фақат навоҳои марбут ба «Ватан»?
- Ба он сабаб, ки ман имрӯз боз Ватани гумкардаамро дубора гум кардам....
Вай чизе нагуфту назди пиано рафт. Садои форами пиано ва навоҳои зебои «Ватан» дар фазои тарабхонаи мармарӣ танинандоз шуд.
Чеҳраҳои бароям азизу ошнои Олими Заробек, Саидмурод Ёриён, Ширинҷон Амирҷон, Пиримқул Сатторӣ, Муҳиддини Олимпур, Таваккал Файзуллоев, Филолишо Хилватшоев, Хушвақт Муборакшоев, Мақсудшо Ҳимматшоев, Аҳмадҷон Самадов, Саидшо Саидов, Шакаршоҳ Мирзошоев ва даҳҳо дӯсту ҳамкору ҳамкасби дигарам, ки тӯъмаи оташи ҷангу террор шуданд, аз пеши назарам чун навори синамо мегузаштанд.
Рӯямро бо дастмоли коғазии сафед пӯшида, гиристам.
Гиристам ба хотири даҳҳо ҳазор шаҳиди ҷанги худкушии тоҷикон.
Гиристам ба хотири Ватани аз даст рафтаам.
Гиристам ба ҳоли худам, ки модари зорам солҳо чашм ба роҳи бозгашти ман ба хонаи вайронаам аст.
Хеле гиристам.
Вақте ки ба худ омадам, дидам, ки Муҳаммадато ҳам гиря дорад ва болои сари мо тахминан даҳ нафар корманд бо раҳбарии соҳиби тарабхонаи навбунёд хомӯш истодаанд...
Поёни қисми шашум