Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

Устод Отахони Латифӣ ва Ҳабиб Сангинов дар паси мизи сафеди бо шаробу кабобу хӯришт ва нони гарм ороста менишастанд. Муҳаммадшарифи Ҳимматзода рӯйи оби шаффофу нилгуни ҳавзи бузург ба сӯи осмони кабуди зебо чашм дӯхта, ғарқи андешаҳои фалсафиву рӯҳонӣ ба сар мебурд.

Мо гарму ҷӯшон вохӯрдӣ кардем. Ҳабиб Сангинов ба ман қадаҳи шаробро дароз намуд. Ҳар сеямон хомӯшона қадаҳҳоро холӣ намудем.

Ҳ. Сангинов аз сарнавишти ман ва хонаводаам дар Прага пурсон шуд. Аз рӯи одоб ва муносибати хуби корие, ки бо Ҳабиб Сангинов дар замони дар Ватан буданамон доштам, гарму самимӣ пурсупос намудам  (Он замон ман хабарнигори садои Тоҷикистон будаму Ҳабиб Сангинов муовини сардор ва баъд сардори раёсати Идораи Бехатарии давлатии автомобилӣ - БДАи ҷумҳурӣ ва дар конфаронсҳои матбуотиву барномаҳои садо ҳамеша бо ҳам вомехӯрдему ҳатто чандин дафъа нону намаки ҳамдигарро чашида будем).

Сангинов боз қадаҳҳоро пур намуд ва ба устод Латифӣ назар кард. Устод бадоҳатан пешниҳод карданд, ки банда сари ин дастархони ғарибӣ чизе бигӯям. Ман аввал надонистам чӣ бигӯям, вале як пора шеъри Гулрухсор ба ёдам расид. 

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

Заррае некам агар дарси ту аз бар кардам,

Заррае хубам агар ҳусни ту мероси ман аст.

Кӯҳҳои ту зи нуқраву тиллост баланд,

Ту баландӣ, зи баландии вафои писарон,

Ватанам, ай Ватани майдаи мардони калон!

Хомӯшона боз қадаҳҳоро ба сар бардоштем. Ман назарам боз ба киёи Ҳимматзода афтод, ки ба нишасти мо аҳамияте надода, дар ҳавзи мусаффои биҳиштӣ рӯболо, дидаҳо сӯи осмон дӯхта, ғарқи андеша буд. Таъсири шароб буд ё воқеияти ҳол он нуктаҳое, ки дар матбуоти ҷахон дар бораи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва таҳдиди бунёдгароии исломӣ ба кишвари тоҷикон менависанду ҷор мезадандро ба тарозуи хирад баркашида, худ ба худ табассум намудам...

Устод Латифӣ гуфтанд:

- Ҳама ҷангҳо бо сулҳ анҷом меёбад ва ҷанги нангини миёни тоҷикон низ ниҳоят бо оштиву сулҳ поин хоҳад ёфт.

Баъд устод ба ман рӯ оварданд:

- Шумо рӯзи сулҳро чӣ тавр тасаввур мекунед?

Мани хайёлпараст аз заминаи эҳсосот берун нарафта, рӯёҳоямро чунин тасвир кардам:

- Рӯзи сулҳи Тоҷикистонро чун рӯзи сулҳи Лубнон мебинам. Мехоҳам, ки аз байни тоҷикон монанди Рафиқ Ҳарирӣ, сарвазири Лубнон, соҳибкор ва сармоядори барҷаста ва сарбаланде пайдо шавад ва дар нахустин рӯзи поёни ҷанги худкушии тоҷикон дар маҳалли муҳорибаҳои шадид, дар Вахшонзамин бо тракторҳо хонаҳои вайронаву валангор ва сӯхтаву харобаро бо замин ҳамвор карда, дар он барои ним миллион нафар ҷои нишаст таҳия карда, саҳнаи баландеро дуруст намояд ва рӯи саҳна ҳунармандони овораи мо – Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Шоиста Муллоҷонова, Далер Назаров, Хурмо Ширинова, Мағфират Ҳамроқулова, Олег Фезов ва дигарон сурудеро замзама намоянд, ки дар он сатру маънии зер ҷой дошта бошад:

- Кабӯтари сафед

болҳои сулҳу оштиро

бар паҳнои Ватани азияткашидаам

 абадан боз намо.

  Ё худ ин маънӣ аз шеъри дӯст ва ҳамкорам Искандари Хатлонӣ:

  - Эй кош, медонистам ва метавонистам

 биниҳам баланд қомати андӯҳамро

дар боғҳои биҳишти худшиносӣ мекоштам,

Ва паррандаҳои кӯчаки озодиро

бар фарози сари ҳаммеҳаноннам тамошо мекардам...

 Ин манзараи рӯзи сулҳу оштӣ аз тариқи садо ва симои Тоҷикистон барои ҷаҳониён ба таври зинда нашр шавад.

 Ба назарам, шишаи шароби мо ҳам холӣ шуду, киёи Ҳимматзода аз ҳавзи меҳмонсаро берун омад ва ман аз рӯи одоб бо домулло салому алейк намудам. М.Ҳимматзода ба сӯи устод Латифӣ ва Ҳ. Сангинов бо табассум назар дӯхта, пешниҳод намуданд:

- Устод! Чӣ мешавад агар Равшанҷонро бегоҳӣ ба сари дастархони худамон даъват намоем.

Устод Латифӣ:

- Бисёр хуб мешавад. Ин ҷо (дар Ишқобод) муҳоҷирини тоҷик ҳайати моро бо нону самбӯса меҳмондорӣ карданианд. Нони ҳамватанон бӯи Ватан дорад! Ҳамон ҷо сӯхбатамонро идома хоҳем дод...

Меҳмононро то дарвозаҳои бузурги фулодини меҳмонхона гусел намудам.

Шомгоҳӣ, соатҳои 19-20, пиёда роҳи меҳмонсарои ҳайати оппозитсиони Тоҷикистонро пеш гирифтам. Дар толори бузурги меҳмонхона 17 нафар аъзои ҳайати гуфтушунид саргарми сӯҳбат нишаста буданд. Устод Латифӣ, Мирбобои Мирраҳим, Ҳабиб Сангинов, рӯзноманигорон Олег Панфилов ва Додоҷони Атовуллоҳ ва дигарон маро дида хеле хушҳол шуданд. Устод Латифӣ маро ба оғӯш кашида, бори дигар ба аъзои ҳайат муаррифӣ намуданд.

Ҷанобон Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода бо банда гарму ҷӯшон пурсупос намуданд. Ҳама дар сари дастархони ҳиҷрат нону самбӯсаҳои гарми тоҷикиро бо чои кабуд нӯши ҷон намуда, ба саволҳои ҳамватанонам – аъзои ҳайати нерӯҳои оппозитсиони тоҷик дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон, ки асосан дар бораи аҳли хонаводаам, кору фаъолиятам дар радиои Озодӣ ва зиндагӣ дар Прага посух медодам. Ҳамчунин чанд суолҳо марбут ба сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев буд, ки ӯ мустақим ба қароргоҳи радиои Озодӣ занг мезад ва бештари мусоҳибаҳоро бо М.Худойбердиев банда анҷом медод. Ҳар замоне ки исёне ва ё задухӯрде дар вилояти Қӯрғонтеппа ва ё дигар минтақаи Тоҷикистон сар мезад, ҷаноби Ҷаводӣ - мудири бахши тоҷикии садои «Озодӣ»  аз банда хоҳиш мекард, ки фикру назари се тараф – М.Худойбердиев, ҳукумат ва Оппозитсиони тоҷикро бояд пахш кард. Назари ҳукумат ва Нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистонро гирифтан кори душворе набуд, аммо пайдо намудани сарҳанги исёнгар М. Худойбердиев ва рақибони сарсахти вай, масалан, сарҳанг Мӯрчаев ва дигарон кори басо сангине буд. Баъзан дар он тарафи хат ягон нафар аз тарафдорони М.Худойбердиевро пайдо накарда, маҷбур мешудам ба таври таваккалӣ шумораҳои гуногуни шаҳравандони Қӯрғонтеппаро мегирифтам ва аксар вақт сокинони одии шаҳрҳои ҷангзадаи Қӯрғонтеппа ва Колхозобод тасвири комили ҳаводиси ҷангро ба мо медоданд. Ҳар дафъа аз тариқи манобеъи мухталифи ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ шумораҳои гуногуни телефони сарҳанг М. Худойбердиев, сарҳанги дуввум Владимир Зворыгин, муовини собиқи раиси вилояти Хатлон Қосим Бобоев ва дигар ашхосро ба даст оварда, бо онҳо мусоҳибаи радиоӣ анҷом медодам.

Пас аз тановули ғизо ва чой устод Латифӣ маро ба утоқашон, ки дар ошёнаи дуюми меҳмонхона буд, даъват намуданд ва бо ин суханҳо риштаи сӯҳбатро боз гушуданд:

- Баъди нону самбӯсаи тоҷикӣ дар бораи Ватан ҳам гап занем хуб мешавад, - гуфтанд устод.

- Устод! Шумо гуфта метавонед, кадоме аз ин ду тараф бештар сулҳ мехоҳад?

- Ба фикри ман, Ҳар ду тараф хоҳони сулҳанд. Аммо суол дар ин ҳаст, ки бо чӣ нарх ва таҳти кадом шартҳо.

- Ман борҳо шунидам, ки фишори Маскав ва Теҳрон ба ҷонибҳои мухолиф зиёд аст...

- Бале, фишор ҳаст. Аммо бозигари асосӣ дар бозии варақ (қарта) таҳти унвони сарнавишти сулҳи тоҷикон Русия аст.

- Теҳрон чӣ?

- Теҳрон – бозигари дуюм, баъд дигарон.

- Вашингтон бозигар аст?

- Ҳаст, аммо мунфаил (пассив). Онҳо рӯирост ба Тӯраҷонзода гуфтаанд, ки бо ҳукумати Раҳмонов бояд сулҳ кард. Ҳукумати Клинтон таваҷҷӯҳаш ба Осиёи Миёна  бештар сараму дилам аст. Ҳамон ҳам бо фишори ҷумҳурихоҳони Кунгура.

- Оппозитсион чӣ навъ сулҳ мехоҳад?

- Сулҳи одилона, ки ба иззати нафси касе ё тарафе нарасад. Асосан исломиён меҷанганд, баъдан, дар Тоҷикободу Ванч размандагони демократ. Онҳоро фаҳмидан мумкин: мехоҳанд ба Ватан сарбаландона баргарданд.

- Таърих боз ба тоҷикон  муаммои сарнавиштсоз пеш овард...

-Тоҷик бори сеюм дар тӯли таърих дастаҷамъона қатл ва дар ба дар шуд: бори аввал, дар авохири садаи Х бо дастони баъзе аз тоҷикон ва туркҳои кӯчӣ, ки онҳоро худи фарзандони нохалафи Сомонхудот то ба маснади сарлашкарӣ нишонданд; дафъаи дуюм, аз дасти болшевикҳои рус  ва пантуркистони маҳаллӣ; бори сеюм  аз охири  соли1992 боз бо тарҳи бегонагон ва бо дасти худи тоҷикон.

Сӯҳбати мо то дарозо кашид. Соатҳои дуи шаб устод Латифӣ маро то ба назди дарвозаи меҳмонхона гусел карданд.


Поёни қисмати панҷум