- Рахбари Узбекистони шуравй Шароф Рашидов дар тарбияи Шумо накши мухиме доштанд. Аз дидорхои Шумо бо Шароф Рашидов кадом ёддоштхо бароятон азизу мухтарам аст?

 - Хар як мулокотам бо устодам Шароф Рашидов бароям хотирангез ва азизанд.Вохурихои ман бо ишон чун коида бо ташаббуси Шароф Рашидович хини ба ман дастури корй додан сурат мегирифтанд. Хамаи дастурхоро банда мустакиман бо ташрехоти дакик аз ишон мегирифтам. Дастурхои корй асосан бо мавзуъоти геологияи тилло, сохтмони кону корхонахои истихрочи маъдани тилло, дастовардхои навини илм ва техника дар сохаи истихрочи тилло вобаста буданд. Баъзан дастурхои корй ба истилохоти махсус ва ё чузвиёти мушаххаси ин ё он протсесс ва ё предмете марбут буданд. Вакте ки сухбат бо мутахассисони соха хислати чузвиёти илмиву техникй ба бар мекард, Шароф Рашидович табассумкунон ва баъзан ба китфам даст расонда, бо нармиш мегуфтанд: «Мо аз донишварамон дар умури тилло хохиш мекунем, ки барои гирифтани тасмими нихойи маводи заруриро тахия созанд...»

  Шароф Рашидович хуб мефахмиданд, ки банда корманди нав дар сохаи истихрочи тилло хастам. Бо хамин рох у маро водор мекард то банда бо дониши зиёдтаре мусаллах шавам ва дар масоили хурдтарин ва сирри сохаи чадид барои Узбекистони шуравй балад бошам.

Баъди солхои тулонй, вакте ки ман китоби худро оид ба  тиллои Узбекистон ба Шароф Рашидов такдим мекардам, вай маро сахт ба огуш гирифту чанд лахза ва чанд дафъа дастонашро навозишкорона ба китфонам гузошт. Айнан хамин рафторашро Ш.Рашидов хангоме, ки мо хама якчоя бо раиси корхонаи маъдани кухии Навои Зарап Петросович Зарапетян ва котиби кумитаи хизбии шахри Навои Виталий Николаевич Сигедин аввалин хишти тиллои кони Мурунтауро дар мохи июли соли 1969 ба Тошканд овардем, такрор намуд.  

Вохурихои хотирангезу барчаста бо Шароф Рашидовичро ба ёд оварда, банда хох-нохох аз вокеахои талхи хаёт низ, ки бо ман рух дода буданд, харф заданиам.

Хар сари чанд вакт ба баландтарин макомоти Маскав шикоятхои беимзо дар бораи ман фиристода мешуданд. Дар он номахои игвоангез гуфта мешуд, ки ман гуиё фарзанди гайриконунии Шароф Рашидов аз Чизах мебошам ва 300 вагон тиллоро ба Арманистон интикол додаам, маро чузву томхои таъиноти махсуси низомй хифозат мекунанд, бо аъзои хонаводаи Ш.Рашидов равуо дорам, чун «шохзода Демидов» бидуни чазо ба амалхои зиддиконунй ва хатто куштори одамон даст мезанам...

 Яке аз чунин номахои беимзо бо дахолати институти коршиносй ва органхои махсус ифшо карда шуд. Мутахассисон ибтидо портрети игвогарро тахия намуданд. Фарзияе буд, ки муаллифи номахои беимзо зодаи Узбекистон набуд, зеро игвогар ду шахри мухталиф: Чизах ва Чамбулро, ки хамчунин дар ду чумхури гуногун мавкеият доштанд, фарк карда наметавонист. Нуктаи дигар ин буд, ки ташбехи «шохзода Демидов» дар Узбекистон на он кадар машхур аст. Ва чизи дигар ин, ки мантикан дар 300 вагон 18 хазор (!!!) тонна тилло мегунчад. Барои иттилоъи хонандагони рузнома расониданиам, ки хамон замон башарият солона факат 2 хазор тонна тилло истехсол мекард. Тамоми дунё хамон замон факат 100 хазор тоннав тилло истихроч карда буд. Холо он ба 140 хазор тонна расидааст. Барои мисол, амири Бухоро Саид Олимхон худуди 700 килограмм, яъне беш аз ним тонна тилло ва зару зевар дошт, ки онро болшевикон мусодира карда буданд.

Нихоят, дар натичаи тахкикоти тулонй мошинкаи чопй ва муаллифони номахои беимзо ифшо шуданд. Мавзуъи мазкур дар мачлиси котибони Кумитаи Марказии хизби коммунисти Узбекистон мавриди мухокима карор гирифт. Шароф Рашидов дар чаласаи мазкур аз хама рахбарон даъват намуд, ки аз таъкибот ва кассосгирй аз муаллифони мактубхои беимзо худдорй намоянд:

«Мо хак надорем то ба дарачаи кассосгирон паст оем. Маълум аст, ки ин ашхос танхо ичрокунандагон хастанду халос. Фармоишгарони ин амали игво максад доранд, ки ба тахаммулпазирии мо рахна ворид намоянд ва нияташон - мо асабй шавему онхо хушиву хурсандй кунанд.Лекин мо худро дар гурухи одамони устувор мутааллик медонем. Дар робита ба А.Кахоров бошад, бо ифтихор изхор медорам, ки Узбекистон бо чунин фарзандонаш гани асту ифтихор дорад», - изхор дошт Шароф Рашидов.

Суханони Шароф Рашидович бахои баландтарин дар хакки ман буданд ва чи тавр ин гуна суханонро шунида наметавонистам рухбаланд шавам.   


 - Як хусусияти барчастаи Шароф Рашидов, ки Шуморо мафтун мекард....

 - Ачдоди мо хамеша устодони хешро кадрдони мекарданд, устодонро хамчун волидайни дуюм мехисобиданд. Шахсан, маро, хиссиёти миннатдории бекарон дар баробари устодам фаро гирифтааст. Фикр мекунам, устод – мураббй хамеша то он замоне, ки шогирд зиндааст, дар калбу рухи дастпарвар бокй мемонад.

Ман имруз хам амалу рафторамро бо «Хучаи Хизрам» маслихат ва андоза мекунам. Ман зиндагй ва хурсандй мекунам, ва харгиз намегузорам рухи равони устодам бо рафтори ношоям хичолатзада ва норохат шавад.  

 Тахаммулпазирй ва худдориро нигох доштан ва муносибати у ба одамон – хусусиятхои барчастатарини Шароф Рашидованд. Вай харгиз дар хама маврид садояшро ба касе баланд намекард, ба шаъни инсонй намерасид, хеле эхтиёткорона ба шаъну шарафи инсон сару кор дошт ва ба шаъни хатто шахси гунахкор даст намерасонд.

 Ман акида дорам, ки хар як шахрванди Узбекистон мувофики анъана ва коидае, ки роич аст, хотираи Рашидовро азиз ва пос дорад, зеро шуълаи оташи гази табий, ки дар хар ошпазхонаи хонадони хатто дурдасттарин дехоти ин кишвар то хануз фурузон аст, бо захмату талоши ин шахс эъмор шудааст. Ман имон дорам, ки хар як инсон (дар Узбекистон) вакте ки дар ошпазхонаи манзил сари гизо чамъ мешаванд ба номи руху арвохи Шароф Рашидов дуои хайр бояд кунад,

 Барои сохтмони лулаи гази Бухоро-Урал дар КМ КПСС чи чонбозихое накард? Хар як метри луларо худаш тахти назорат гирифта, хар як нуктаи таксимоти гази табииро ба хар дехаву нохия ва шахр шахсан месанчид. Шахсан банда шохидам, вакте ки медид дар хонадони дехкони дехи дурдасттарин лулаи газ пайваст шуд, мисли кудак хурсандй мекард.

 Ва боз ду лахзаи хотирмон аз зиндаёд Шароф Рашидович: як шоири чавон ва хабарнигорро мехостанд барои маколаи танкидй сиёх кунанд. Шароф Рашидов аз ин ходиса огох шуда, эчодкори чавонро тахти химояти хеш гирифт.

Ё дигар ходисае, ки банда шохиди он будам: Бо ташаббуси Ш.Рашидов хамаи зиндониён-сохтмончиёни кони тиллои мучтамаъи Мурунтау сафед карда шуда, ба озодй баромаданд. Вакте ки ин фармони Шароф Рашидовро дар назди зиндониён-сохтмончиён кироат намудам, мавчи мардум ба тарафи ман харакат намуда, ашк мерехтанду дуои хайр мекарданд....

 - Аброл-ака, чаро часади Шароф Рашидовро аз гураш берун кашида, пинхонй аз мардум ба чои дигаре бурда боздафн карданд?

 - Ин ходисаи нангин хеч аз ёдам намеравад. Рахбарони навбаромади Узбекистон, хамкорон ва шогирдони дирузаи рахбари мутаваффоти Узбекистон дар шароити комилан махфй бо фарорасии торикй мисли дастаи дуздон кулли маркази шахрро бо нерухои харбй ва милиса ихота намуда, барои худро ширин кардан дар назди Маскав саросемавор часади устоди худро аз гур аз маркази шахр бурун оварда, дар кадом каронаи Тошканд  дубора ба хок андохтанд.

Субхи барвакт мардум дар чои кабри хоксоронаи Шароф Рашидов дар гулгашти марказии шахр майдончаи хамворшудаеро мушохида мекарданд, ки дар атрофи он милиса ва чанд нафар либосшахсихо гаштугузор менамуданд. Мардуми шахр хайратзада буданд, ки дируз дар тахтасанги макбара навиштачоте буд: «Шароф Рашидов (1917-1983)».

 Мардуми тачомуъшударо пароканда мекарданд. Ашхоси газаболудро ба сухбатхои «профилактикй» сафарбар менамуданд, баъди чамъоварии маълумот дар бораи шахсияти одамон ба онхо рузномаи «Ташкентская правда»-ро нишон медоданд, ки дар он карори кумитаи ичроияи шахр оид ба боздафни мархум «мувофики дархост ва хохиши хешовандон...» нашр шуда буд.

Албатта, ин дуруги махз, тахкир ва помолкунии вахшиёнаи хотираи инсоне буд, ки хама мардум ба вай мухаббат доштанд ва халк дар симои у вокеан рахбари сазоворро медид, ки гамхорри он аст.

Дар замони хаёташ вай ба рамзи эътимод ва умеди мардуми оддй, ифтихор ва шарафи Узбекистони шуравй мубаддал шуда буд.

Дар миёни издихом чашмам ба вазири сохтмони чумхурй Фёдор Григорьевич Потуремский, ки мо муносибати хубе доштем, афтод. Собик партизани белорус, марди часур ва ошкоробаён ба издихом изхор дошт: «Ман туф кардам ба онхое, ки холо моро ба навор мегиранд. Ман пеш аз хама Шароф Рашидовичро чун иштирокчии чанг эхтиром мекунам ва ба хотираи покаш арч мегузорам. Мо бо ишон дар чанг хамчабха будем ва он чизе, ки холо рух дода истодааст, хиёнат ва курнамакист. Ман медонам ин дасти кори «Анцы»-хо (лакаби чиновникхои давраи шуравй, ки Кремлин ин ашхоси ноухдабарову заифро аз манотики мухталифи Русия чамъ оварда, ба чумхурихои Осиёи Миёна ва дигари шуравй ба вазифахои олимартаба мефиристод; кормандони бовичдону кордони хизбию давлатй ин кабил одамони Кремлинро ба русй  аслан «посланцы» мегуфтанд, аммо аксари онхо бесалохияту корношоям буданд ва миёни «худихо» ононро хакоратомез «засранцы» ном мебурданд; азбаски вожаи мазкур хакоратомез буд дар мазхари ом онро кутох «анцы» мегуфтанд; падари «анцы»-хо котиби КМ КПСС Егор Лигачёв буд – ташрехи Р.Т.)».

Бо ин икдоми гайриинсонй амали «анцы»-хо анчом наёфт. Дар рузхои сангини мотам онхо хонуми бемори Шароф Рашидович - Хурсанд Гафуровнаро аз хавлиаш ронда, беваи рахбари собики Узбекистонро ба апартмони  майдаи бисёрошёна вокеъ дар наздикии корхонаи шаробпазй, ки минтакаи нав обод шудаи шахри Тошканд ба шумор мерафт, кучонданд.

Таври маълум Шароф Рашидович Рашидов нависанда, адабиётшинос ва адабиётдуст буданд. Агар нависандагонро «мухандиси рухи инсонй» номанд, ман метавонам бо тамоми масъулият гуям, ки Шароф Рашидов вокеан «академики рухи инсонй» буданд. У руху калби хама инсонхоро дарк мекард. Ишон китобхои хеле зиёде доштанд ва ду утоки калони хавлй китобхонаро мемонд. Маълум аст, ки дар он апартмони хурд дар бинои бисёрошёнаи канораи шахр барои китобхонаи Шароф Рашидов чой пайдо нашуд.

Айнан чунин интикомчуйи каблан дар соли 1961 аз тарафи падари вакти «Анцы»-хо котиби КМ КПСС Фрол Романович Козлов дар пойтахти Точикистони Шуравй шахри Сталинобод ба рох монда шуд. Дар Пленуми КМ ХК Точикистон рахбари Точикистон Турсун Улчабоев ва хамкорони дигари уро говсуд намуда, аз вазифахояшон барканор сохтанд.

Интикомчуии «Анцы»-хо дар Точикистон аз руи мохияташ бемисл буд. Дар рохравхои Кремлин чинохи «Анцы»-хо тахти рахбарии падарашон аз бадбахтии дигарон шодй мекарданд ва анекдот (латифа)-еро дар бораи точикон ба хамдигар накл карда, ба холи миллати точик механдиданд:

«Як хизбй аз хизбии дигар мепурсад: Фарки миёни бузкашй ва пленуми Кумитаи Марказии Хизби Коммунисти Точикистон чист?

Нафари дуюми хизбй чавоб медихад: Бузкашй – ин вакте ки садхо точик як буз («козёл»)-ро пора-пора мекунанд. Аммо пленуми КМ ХК Точикистон – ин вакте ки як буз («козлов) садхо точикро (мо маъзарат мехохем барои овардани ин калимаи кабех – А.К. ва Р.Т) тачовуз мекунад».

Ин анекдоти кабех ва тахкиромез ба шаъни миллати точик мерасид! Шумо, хонандагони мухтарам, тасаввур карда метавонед, ки намояндагони чинохи «Анцы»-хо ин анекдотро дар Кремлин ва рохравхои кумитахои марказии хизбии 15 чумхурии шуравй ба хамдигар накл карда, шикамхои хешро дошта, аз ханда рудакаф мешуданд!

 - Бо кихо аз хонаводаи Шароф Рашидович дар тамосед?

 - Даргузашти Шароф Рашидович бароям хеле вазнин буд. Ман аз гаму андух дар бемористони шумораи аввали хукуматй бистарй шудам. Дар хамон шифохонаи хукуматй бори аввал бо хонуми Шароф Рашидов шинос шудам. Хонуми Шароф Рашидович Хурсанд-апа низ дар хамин бемористон бистарй буд. Ишон маро бо фарзандонашон, ки барои аёдаташон меомаданд, муаррифй карданд.

Ман бо фарзандони Шароф Рашидов дар тамосам. Онхо фарзандони бисёр бофарханг, донишманд ва лоики падарашон хастанд. Хамаи онхо хадди аккал донандаи се забон буда, дар сохаи илму маорифи кишвари худ захмат мекашанд. 

 - Орзуи нихонии Шумо?

 - Ростй, ман чанд орзуи нихонй дорам. Якеаш, орзуи самимиам, ки дар дил мепарварам ин аст, ки  дар каламрави Канада ба маблаги як миллион доллар тилло истихроч намуда, аз он 400 хазор долларро хамчун андози давлатй ба нишони миннатдорй аз кишвари бузурги инсонпарвари Канада бипардозам. Ман мехохам, ки андозпулии ман бахри тараккиёт ва нигахдории назм дар чомеаи Канада масраф карда шавад.

Орзуи дигари ман ин аст, ки аз Ватани ачдодии падару модарам Истаравшани бостонй, Фаргонаи кухан ва зодгохам Чамбул дидор ба амал оварда, ба ин чойхои мукаддас сачдаву таъзим намоям.

Як нуктаи дигаре низ хаст, ки ман онро мехохам самимона ба Шумо гуям.

Ман хам мисли тахиягари синамо ва хуччатнигори бузург Мухаммадкул Арабов ва ё хофизи бузурги «Шашмаком» Маъруфхуча Баходуров, ки хар ду хам бештари умрашонро дар хизмати мардуми Узбекистон сипарй намуда, дар поёни умр ба Ватани ачдодй – Точикистон баргашта, ба мардуми шарифи точик хидмат намуданд, як орзуи дигари нихонй дорам, ки дар гушаи калбам маскан гирифтааст. Медонам, ки банда бо хости такдир дар Чамбули Казокистон ба дунё омада, бахри мардуми Казокистон ва Узбекистон хизмат кардам. Дар замони чавонй як муддат дар кони маъдани Олтын Топкани Точикистон кор кардам. Агар Худо кувват дихад, мо хам рузе дар катори фарзандони сазовори миллат ба Точикистон баргашта, мехохам дар истихрочи тилло дар Ватани ачдодй сахм гирам. Ман аз хама конхои наву кухнаи тиллои Точикистон огохам ва барномаи «1000 тонна тиллои Ш.Рашидов»-ро, ки тими мо миёни солхои 1969-1989 дар Узбекистон анчом дод, омода хастам, итминон ва тавоноии онро дорам, ки дар Точикистони зарнисор, диёри нозанини падаркалони мухтарамам бо истифода аз тачрубаи гании омухтаам дар сохаи саноати истихрочи тилло дар асоси конуну коидахои инглисиву канадагй, америкоиву австралиёи, ки дар ин кишвархо шароити бемисл барои сахмгирии мардум дар тавлиди тилло мухайё кардаанд, пиёда намоям....

 - Бисёр миннатдорем аз Шумо барои сухбати пурмузману рангин аз рузгори пурпечу фарози авлоди бузурги ачдодиатон. Мо хама – точикон, узбекон ва казокон бо Шумо ифтихор мекунем. Шумо барои шугуфоии кишвари бузурги шуравй сахми арзандае гузоштед. Шумо дар Чамбул ба дунё омада, дар Казокистону Узбекистон корнамоихо нишон додед. Падарбузурги шумо аз шахри бостонии точикон Истаравшан (Уструшана)-и кадимиву афсонавианд. Шумо, Аброл-ака, вокеан фарзанди вокеии Осиёи Миёна хастед.

 - Таъзиму эхтироми бепоёни бандаро ба Ватани ачдодиам – Истаравшани афсонавй ва мардуми шарифи точик такдим намоед.

 - Мехратон фузун бод!

Сухбаторо, нигоранда ва тарчумон

Равшани Темуриён,

Торонто-Монреал, Канада

30 июля 2010 г.