Инсоф хам чизи хуб аст, чаноби президент!

Миллат фарзандони чавонмарги худро ба хок меспораду мотам дорад. 25 чавонмарде, ки хамаашон фарзанди мо, бародари мо, падари мо ба шумор мерафтанд.

Руйхати афсарон ва сарбозони вазорати мудофиаи Точикистон, ки дар водии Рашт чони худро аз доданд, манбаъ аз бунгохи хабарии "Хатлон-Пресс": 

http://www.khatlonpress.tj/index.php?option=com_content&task=view&id=449&Itemid=1

Президенти ин миллат дар он суи укёнус ба суханронй омода мегираду, ба волидайни шахидони хати маъши президент, ки хар яки онхо чону чигарашонро ба ин шахс бовар кардаанд, баркияи хамдардй мефиристад. Дар зимистони кахратуни 2007-2008 беш аз хазор точик аз бемасъулиятиву ноухдабароии хукумати ишон ях карда мурданд, кулли аъзои ин хукумат хомуширо ихтиёр карда, хатто хамдардиро ба хамдиёрони хеш эб надид. Дар агбахо даххо нафар боз хам аз бесалохиятиву очизии хукумат зери тармахову сангборон монда, чонхои худро аз даст доданд, боз хамин хукумат изхори тасаллиятро ба мардуми худаш фаромуш кард. 

Давлатхои вокей барои посдории хотираи шахрвандони хеш рузхои мотам эълон мекунанд, чанобон! 

Ин чй ахлокеро саркардагони сохти "сангакй" ба Точикистон бор кардаанд?! Давлатдорй ин тур набудагист, бародарону хохарон?!

Масалан, Канада дар чанги хаштсолаи Афгонистон худуди 180 фарзанди хешро аз даст дод ва дар хар чанозаи сарбози Канадагй сарвари давлаташ Фармондори Кулли Канада хонум Микаэл Жан  иштирок мекунад ва дарду фочиаи хар хонадони Канада дарду фочиаи сарвари давлаташ хаст.

Ин чи рузи сиёхест, ки ин миллат ду дахсола мешавад, ки ин талхихоро мечашад ва ба хамаи гуфтаву ваъдахои хукуматаш хамеша бовар мекунад.

Дар авоили чанги худкушй, ин хукумат сулхро намехост, баъди панч соли хунрезихои дарё-дарёи миллат ин хукумат нихоят созишномаи сулхи миллатро имзо кард. Ва бубинед, 13 сол аст, ки порахои оташи хамон чанг хануз миллатро месузонанд. Дар шуруъи чанг як неруи муташаккили исломй буд, холо ба "шарофат"-и захматхои ин хукумат даххо гуруххои ифротии мазхабй дар дохили Точикистон арзи зухур кардаанд, ки илхомбахши маънавии онхо шабакахои ифротиву иртичоии арабй хастанд. Вазири дохилиаш ба чои мубориза бо нерухои ифротй гуиё худкушй мекунад! Вазири маорифаш суруди миллиро помол карда, ба дини ислом ситеза мекунад! Вазири амнияташ то хол намедонад, ки махбусони фирориаш кучоанд? Вазири дифоаш хазорон сарбози худро дар мухорибахои чанги шахрвандй ва 13 соли баъди он чун рамаи гусфандон ба курбонй медихаду ба рутбаи олии чангсолорй женроли артиш сохиб мешавад ва аз курсии вазирй 15 сол (!) аст, ки чудо шуданй нест.

Ахлок дар ин хукумат вучуд дорад? Хар давлате, ки каму беш худро эхтиром мекунад, мувозеби дару дарвозаи худ - ойини давлатдорй мебошад.

Охир, вакте ки хукумат оппозитсияи солимро намегузорад, ки хатто нафас бикашад, албатта, вахшатангезони ифротии мазхабй кишваратро фаро гирифта, на факат либоси миллй, балки хуввияти миллиатро мерабоянд! Ва харомхудкушони ифротй назди ниходхои хукуматй худро мунфачир месозанд.

Мухтарам хохари азизу мехрубон, Мохшариф Азизова!

Чигарбанди Шумо Алишери Умаралй чигарбанди мост. Шумо, модари азиз, ба ин хукумат бовар карда, фарзанди ба чон баробаратонро ба дасташ супоридед. Аммо ин хукумат фарзанди Шуморо ба марг махкум кард. Кадом хукумати боакл чавонони дируз аз паси партаи мактабй омадаро пушти чанг бар зидди размандагони ботачрубаи исломй мефиристад? Вазорати дифоъ чаро салохияти вазорати дохила ва ниходи амниятиро бар душ мегирифтааст?

Ба ин кй бояд чавоб дихад, чаноби президент?

Албатта, дарду сузиши дили Шумо аз ин харфхо сабук намешавад, хохари азиз. Мо, ахли хичрат, точиктаборони Канада ба Шумо ва чигарбандони он 24 фарзанди шахиди Точикистон, ки хамрохи Алишери нозанин чони худро барои ин хукумат аз даст доданд, изхори амики хамдардй намуда, бароятон аз даргохи Худованди поку мехрубон сабри чамил хоста, хамеша дар масчидхои Канада барои рухи поки фарзандони бегунохи шахиди ин миллат дуову сачда мекунем.

Мо, гарибонро дар ин андухи бузургатон шарик бидонед, хамшираи азиз....

Ахли хичрати Канада

20 сентябри соли 2010,

Монреал, Канада