Равшани Темуриён | Монреал, Канада

(Эхдо ба дусти бачагиям Далер Назаров)

Далер, хазорон бор шукр, ки ту хастй.

Ту, Хуршеди санъати миллат аз солхои 80-и садаи ХХ-и Точикистони нозанин, бедор, андешманд, солим, фархангдуст, хакпараст, хакталош ва инсонпарвар.

Бо ту ва эчоди ту, хар точикистонй бо давлату кишвараш ифтихор мекард. Бо сурудахои ту насли солим ва андешманд ба воя расид. Хамон насли мову ту, ки бахри истиклолияти вокей ва гояхои мардумсолорй мубориза мебурду баъдан туъмаи маргу ранчхо гашт.

Вакте, ки "Дилам гум шуд..." гуфтй, мову ту дар катори садхо хазор фард Точикистони азизро ба касди гурбат тарк намудем. Ёдат миод: дар зулмати тозафарорасида, дур аз Душанбеи мо, дар кадом гаражи сохили рости Сирдарёи Хучанд бо хамкорони санъаткорат аз дастаи хунариат охирин лахзахои кабл аз ба гурбат пайвастан худохофезй мекардем. Ту сурудй: "Дилам гум шуд..."

Ман дар посух гуфтам: "Дилам гум шуд, диламро тудаи авбоше рабуд..."

Баъди чанде дар тарабхонаи "Хазору як шаб"-и Олма-атои Казокистон, таронаи машхури "Ай Нури Худо"-ро сурудй, умеди миллат ба бозгашт ба Ватан нарму гарм шуд. Вокеан, ту боис шудй, ки устод Нуриро барои мо - гарибон кашф намудй. Ту будй, ки калби моро ба "Нури Худо" гарм кардй!

Хама дар катори рахбараш ба Ватан баргаштанд, ту хам.

Хушй дер накашид. 

"Нури Худо" мехмоне будааст, рафт...

Зулмат мехохад чилваи рушанй кунад. Боз хостанд, ки ту дар ин зулмат хунарнамойи кунй, ту дигар сабру тахаммулро аз даст дода, чиг задй: "Ба кй хунарнамойи кунам, барои кй? Мардуми ман дигар дар толор намонда, ба кй суроям?"

Дигар туро ба маъракахои зулматиён даъват намекунанд...

Шунидам, ки ту боз ба назди мардуми гарибат, ба Русия баргаштй ва ин акси ту, ки кадом мухлисат дар консарти Маскав гирифтааст, ба ман расид. Дарк кардам туро, Далерчон, ки дар зулмат месуройи:

"Ай Нури Худо"....