Бо даъвати президенти Точикистон Эмомалй Рахмон дар форуми ахири точикони чахон точикони бурунмарзй ба Ватани ачдодй бо умедхои калон ва барномахои тараккии кишвари азизашон баргаштанд, аммо баъзе дастандаркорони давлати Точикистон бар хилофи даъвату дастурхои сарвари давлати точикон фаъолият бурда, ибтикори неку ояндадори точикони бурунмарзиро бугй мекунанд ва бо ин обруи давлати Точикистонро дар хорича латна мезананд. Маколаи зерин аз тарафи нашрияи озоди Точикистон “Миллат” ба чоп расидааст, ки он точикони Иёлоти Муттахидаи Америка ва Канадаро ба ташвиш овардааст.

Ахиран Вазири маориф дар бораи мутаваққиф кардани қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон фармоне содир кардааст. Аммо масъулони ин донишкада рӯзи 23 июл бо интишори баёнияе ин фармони вазири маорифро ғайриқонунӣ хонда ва гуфтаанд, ки ин амр бо ҳадафи бо роҳи сунъӣ ба ҳолати муфлисшавӣ расондани донишкада сурат гирифтааст. Дар фармони вазири маориф, ки рӯзи 23 июл содир шуда, омадааст, ки ин фармон бар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои Руқия Қурбонова, муовини аввали нахуствазир, содир шудааст.

Тибқи асноди расмии пешниҳодшуда ба масъулони донишкада, гурӯҳе корӣ ин муассисаро бар асоси ҳафт меъёр санҷида ва "нишондиҳандаҳои ин муассиса ба талаботҳои меъёрҳои мавҷуда ҷавобгӯ" набудааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин раванди таълим дар Донишкадаи инноватсиониро пойин арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки ин муассиса устодони варзида надорад. Аммо масъулони донишкада ин иддаоҳоро бепоя хонда ва муътақиданд, ки ин тасмими мақомот дорои ангезаҳои хусусӣ ва сиёсӣ аст.

Аммо вазорати маориф дар вокуниш ба изҳороти масъулони донишкада гуфтанд, ки тасмим дар бораи қатъи қабули довталабон ба ин муассиса ба хотири адами эътиборномаи давлатӣ гирифта шуда ва танҳо пас аз дарёфти ин санад, донишкада метавонад аз нав донишҷӯ қабул кунад.

Садриддин Акрамов, раиси ширкати амрикоии таълимии "Садр инк", ки муассиси Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ аст, гуфтааст, ки ин "моҷаро" пас аз он оғоз шуд, ки вай Хаёл Бобоев, раиси қаблии ин донишкадаро ба далели нақзи муқаррароти ин муассиса аз вазифааш барканор кард. Вай мегӯяд, ки Бобоев қабл аз тарки донишгоҳ карданаш таҳдид кардааст, ки бо истифода аз равобити хубаш бо мақомоти Вазорати маориф ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ донишкадаро хоҳад баст. Акрамов афзудааст: "Мо фикр кардем, ки ин ҳарфҳо як чизи эҳсосист, аммо пас аз даҳ рӯз комисиюне аз вазорати маориф ба донишкада омада ва ба ташхисҳое барои мо номафҳум оғоз кард." Вай дар баёнияи худ бо шарҳи муфассале аз раванди таъсиси ин комисиюн санҷишҳо ва натиҷагириҳои он, куллияи фаъолиятҳои марбут ба ин қазияро бо муқаррароти қонуни маорифи Тоҷикистон ва қавонини дигар муғойир хонд.

Зимнан, Хаёл Бобоев, собиқ раиси Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ, ҳоло масъулияти яке аз шӯъбаҳои вазорати маорифи кишварро ба уҳда дорад.

Хаёл Бобоев ва масъулони дигари вазорати маориф ҳануз дар ин бора ибрози назаре накардаанд, вале Садриддин Акрамов, ки шаҳрванди тоҷиктабори амрикост, гуфта, ки омода аст, ин қазияро дар додгоҳи иқтисодӣ баррасӣ кунад: "Омодаам пас аз анҷоми масъалаҳои ба пуррагӣ бастани муассисаҳои таълимиям хоки аҷдодиро тарк намоям ва дигар дар ҳеҷ чорабинии ҳокимияти мавҷуда дахл надошта бошам."

Масъулони Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ гуфтаанд, ки чунин аъмоли мақомоти давлатӣ нисбат ба муассисаҳои ғайридавлатӣ бо даъватҳои раиси ҷумҳурӣ аз тоҷикони бурунмарзӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мухолиф аст.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи коршиносон тибқи қонун дар сурати баста шудани муассисаи таҳсилоти олӣ, муассиси он муваззаф аст, маболиғи зарурӣ барои фароҳам кардани шароити идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои дигари кишварро пардохт кунад.

Дар ҳоле ки бархе аз устодони донишкада дар нишасти вижаи матбуотӣ дар робита бо изҳороти масъулони донишгоҳ аз услуби муосир ва шароити имтиёзноки таълим дар ин муассиса сӯҳбат мекарданд, Шокирҷон Ҳакимов, аз устодони ин донишкада, рақобати носолимро яке аз омилҳои алоқамандии мақомҳои давлатӣ ба баста шудани он хонд. Ӯ дар ин бора гуфт: "Доираҳои муъайяан 5-6 соли охир талош мекунанд фақат як муассисаи давлатӣ ҳуқуқшинос омода кунад. Чунин вазъ метавонад боъиси густариши фасод шавад. Аммо дар ҳоли ҳозир дар донишкадаи мо таҳсил барои тахассуси ҳуқуқшинос дар муқоиса бо ҳамин тахассус дар Донишгоҳи миллӣ ду баробар арзонтар аст."

Аз сӯйи дигар, Алимардон Мақсудов, яке дигар аз устодони донишкада, бовар дорад, ки раиси пешини донишгоҳ барои расидан ба аҳдофи худ аз бозиҳои сиёсӣ кор мегирад. Вай гуфтааст: "Ман худам шунидам чи тавр Хаёл Бобоев мегуфт, ки ин донишкадаи мо пойгоҳи мухолифони давлат аст ва гӯё Акрамов дар ин ҷо таблиғоти сиёсатҳои Амрикоро анҷом медиҳад."

Алимардон Мақсудов ин ҳарфҳоро тӯҳмат хонд ва гуфт, ки агар дар ин донишкада бархе аз фаъолони сиёсӣ ба унвони устоди ҳуқуқ ё иқтисод дарс мегӯянд, ин танҳо ба хотири таъмини рӯзгорашон буда ва бо фаъолиятҳои сиёсиашон рабте надорад.

Зимнан, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов, муовини вай, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аз ҷумлаи устодон дар ин донишкада ҳастанд. Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши мардумии "Растохез" низ қабл аз даргузашташ дар ин донишкада фаъолият дошт.

Дар ҳоле ки ин матлаб омодаи чоп мешуд,хабаргузории давлатии "Ховар" хабареро нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад, "Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ дар соли таҳсили 2009-2010 муваққатан қабули довталабонро қатъ намуд. Аз ин рӯ, ба диққати волидайну довталабон расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳои фарзандони худро боз гирифта то 31 июл ба дигар муассисаҳои олии кишвар супоранд".

Тибқи итиллои Ноилшо Нуралиев, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф, сабаби қатъ намудани қабули довталабон ба донишкадаи мазкур ба санадҳои ҳуқуқию меъёрии ҷумҳурӣ ҷавобгӯ набудани фаъолияти Донишкадаи мазкур аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар назар аст, ки баъди гузаронидани санҷиш аз ҷониби Хадамоти назорат дар соҳаи маориф фаъолияти Донишкада ба роҳ монда хоҳад шуд.

Зимнан, донишкадаи мазкур аз соли 2003 ҳамчун Донишкадаи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият дошт. Алҳол Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ дорои ду факулта -факултаи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ буда, дар он 1500 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

P.S. Аммо ахиран хабар расид, ки Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 -уми июли соли 2009 таҳти №1450-ро «Дар бораи манъ кардани қабули довталабон барои соли хониши 2009-2010 дар Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» бо таъиноти худ аз 30 июли соли 2009 боз доштааст.

Раёсати Донишкада аз довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро бозгирифтаанд, узрхоҳӣ карда, изҳори омодагӣ кардааст, ки Донишкада дубора ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул мекунад.

(Мавод аз нашрияи “Миллат” чопи Точикистон)