Сарвазири давлати Канада Стивен Ҳарпер дар ҷараёни мулоқоташ бо раҳбарияти ҷомеаҳои гуногуни Канада ва тарафдорони ҳизби ҳукмрони Консервативии Канада бо узви Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд», раиси Анҷумани тоҷикони Канада Равшани Темуриён дар Hilton Hotel, шаҳри Монреал дидор ва сӯҳбати мухтасаре дошт.

Ҷаноби Р.Темуриён дуруду эҳтиромоти раҳбарияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» ва Анҷумани тоҷикони Канадаро ба ҷаноби С.Ҳарпер тақдим дошт.

Сарвазири Канада ҷаноби С.Ҳарпер аз саҳми тоҷиктаборони Канада дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи сермиллати кишвар изҳори сипос намуда, саломи самими хешро ба унвонии тоҷикони дунё ва ҷомеаи тоҷики Канада ирсол дошт. Ӯ ҳамчунин аз дастгирии тоҷиктаборони Канада аз ҳизби Консервативӣ ва ҳукуматаш изҳори миннадорӣ намуд.

Сипас Сарвазири Канада С.Ҳарпер ба раҳбари ҷомеаи тоҷики Канада Р.Темуриён изҳор намуд, ки эшон дар назар доранд ҷаноби Р.Темуриёнро барои мулоқоти рӯ ба ӯ ба дафтари Сарвазири давлати Канада даъват намоянд.

Қаблан узви Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» ва раиси Анҷумани тоҷикони Канада Р. Темуриён бо вазири корҳои хориҷии Канада Максим Бернье, вазири наклиёти Канада Майкл Фортие ва номзад ба узви парламони Канада аз ҳизби Консерватии ин кишвар Морис Броссард мулоқот ва гуфтугӯҳо дошт.

Амир Ҳусайн Темурӣ ,

хабарнигори торнамо