Равшани Темуриён | Монреал, Канада                                                                                                                            

«Барои ин миллат мурдан лозим аст, то туро хамчун азиз ном баранд»

(Иктибос аз банда, маънй аз бузургон)

Шахсе, ки касби аскариро пеша мекунад, хамеша бояд тобеъи ойинномаи харби бошад. Барои афсари бовичдон танхо манофеъи давлатй мухим аст ва на шахсиву гурухй. Вакте ки ба ин ду дахсолаи ахири даврони мо назар медузи, низомиёни касбии мо аксаран кушиш ба харч медоданд то вазифаи мукаддаси харбии хешро тибки ойинномаи низоми адо намоянд. Дар давраи тозаистиклолй, мо афсарони  баландрутба кам доштем. Ёдам меояд, бо дастури хукумати эътилофии соли 1992, бори аввал ба ин икдом даст зада, чанд афсари касбии миллии хешро аз дуру наздик чамъ овардем то ин гурухи низомиёни олирутба барои ташкили як артиши милли бароямон кумак намоянд. Масалан, аз Омски Русия аввалин шуда, муовини фармондехи дивизия, сарханг (холо женрол) Содик Бобочонов, аз Украина муовини фармондехи артиши хавойи, сарханг Тохир Сафаров, аз Русия фармондехи фиркаи мудофиаи гражданй, сарханг Абдукаххор Саломов (ёди нозанинаш ба хайр!) ва даххо низомиёни дигари точик ба вазорати навташкили мудофиаи кишвар даъват карда шуданд. Хамчунин дар сатхи ин харбиёни олирутба чанд афсари баландихтисос дар дохили кишвар буданд, ки онхо бо хам як тими неруманди харбиёни Точикистони навинро ташкил медоданд.

Яке аз чунин афсари сохибкасби баландихтисос фармондехи вокей сарханг Абдусаттор Асроров ба шумор мерафт.

ХХХ

Аслан бо киё (ако)-и Абдусаттор дар синни 21 солагиам шинохт пайдо кардам. Нахустин мулокотам бо ишон дар бинои комиссариати харбии нохияи марказии шахри Душанбе ба вукуъ пайваст. Капитан Асроров, сардори шуъбаи дуюми сафарбарй дар комиссариати нохия буданд. Афсари хушандому бо каду комати зебо бо садои шираи маргуладор ва ба гуш шевову ширин таваччухи хама хозиринро ба худ чалб мекард. Либоси афсариаш шинам, тоза ва гуиё барои худаш вачаб-вачаб андоза шуда, тахия гашта буд. Кафшхои поку сиёхаш дар шуъои рушноии офтоб дар дафтари кориаш ялт-ялт ба чашм мезаданд ва садои гурсоз-занони пойхояш дар рохравхои бапечу хами бинои комиссариат мисли мусикии аскарй то хануз аз гушам дур нашудааст. 

Хануз намедонистам, ки бо ин шахс баъди расо дах сол бори дигар вохурда, муносибати мо ба дустии наздик мисли бародари бузургу хурдй мубаддал мешавад. 

Такдири инсон ачиб будаааст. 

Агар Содик Бобочон яке аз бунёдгузорони коллечи низомй дар Точикистон бошад, Абдусаттор Асроров яке аз асосгузорони бригадаи неруманди шашуми харбии кишвар дар вилояти Сугд ба шумор меравад. Номи ин ду фарзанди лоики Точикистон дар таърихи навини ин миллат, бидуни тардид, бо хати зархалин зикр хохад гардид.

А.Асроров дастпарвари Омузишгохи олии танку мухандисии шахри Самарканд яке аз чанд низомиёни олирутбаи ин миллат аст, ки ду академияи низомиро хатм кардааст. Аввал, Академияи харбии нерухои танку тупии ба номи маршал Малиновский ва пасон донишкадаи пурифтихортарини низомиён – Академияи Ситоди Кулли вазорати мудофиаи (собик Иттиходи Шуравй ва холо) Федератсияи Русияро. 

Чиддиву шухиомез боре ба ишон гуфта будам: «Фарде, ки то магзи устухонхояш низомй». 

Ако Абдусаттор ибтидо сурх шуданду баъд хандаи анъанавии ширинашро гирев дода, ба банда хитоб карданд: 

«Эх-х- х, Равшанчон-еее, дар ин ватан чунин афрод зиёданд...» 

Маълум буд, ки хоксорй мекард...

ХХХ

Аслан бигиред, аз тачрубаи кориам дар ниходхои низомй, хам дар Афгонистон ва хам дар вазорати мудофиаи кишвар, банда харбиёнро ба ду гурух чудо мекунам. Гурухи аввал, низомиёни шадидан мухофизакори бидуни хар гуна афкор ва аксаран фикру зикрашон мансабу мансабхохиву чохпарастй ва кисмати дуввум, харбиёни сохибкасби давлатмард, ки манфиатхои миллиро хамеша дар назар доранд ва мансабро хамчун як чизи оддй баррасй мекунанд. Сарханг Абдусаттор Асроров айнан аз тоифаи дуввуми низомиёни баруманд ба шумор мерафт. Афсаре, ки хеле мехост аз тахи дил барои ватанаш дилсофона хизмат кунад. Накшахои бузургеро тарх намуда буд, рузгори хонаводаи нозанинашро пеш меронд. Ва аммо....т

очик мегуяд, ки оби дари хона кадр надорад. 

Холо баъди гузашти ду сол пас аз марги нобахангоми ишон кулли таърихи навини Точикистони тозаистиклол ва хоса, таърихи ниходи дифоии кишвари азизамонро чун навори синамо аз назар гузаронида, бидуни тардид, метавонам бигуям, ки сарханг Асроров бо он илму дониши волои низомиаш дар сохаи танкхои зирехпуши сабуку вазнин, аслихаи сакилу вазнини нерухои хушкигард ва пиёдагард, кор дар умури сафарбарии низомй, кори сиёсиву низоми бо хайати шахсии сохахои кудрати, топографияи харбй, лоихахои мухандисии техникаву нерухои пиёдагард ва савора, тачрубаи гании андухтааш, корбариву корнамоихояш бо чиноххои мухталифи сиёсиву харбй ва ниманизомй дар шароити чангй ва бухронй, афсари вокеан миллие, ки Худои поку мехрубон ишонро аз давраи артиши ачдоди точикони кадим – Сосониёни баназму танзими саворанизоми шучоъ ба ин миллат ато карда буд, ва ишон бидуни ягон мухобот арзандаи мансаби фармондехи нерухои низомии Точикистон буд. Ба у ин мансаб мезебид ва у ифтихори ин миллат мешуд, бидуни тардид....

Айнан хамин суханонро ба фарзандони бузурги ин миллат женрол Содик Бобочонов, ки холо дар Хучанд ба сар мебаранд ва шодравон сарханг Абдукаххор Саломов, ки ба таври фочиавй дар Туркманистон чони худро аз даст дод, метавон гуфт. Хар яки ин се ситораи осмони низомии Точикистон метавонистанд  вориси сазовори Спитамени Уструшани кадими афсонавй, Темурмалики далери Хучандй, Ахмад Шох Масъуди Дахбеди Самаркандиву Панчшерй бошанд, чун ачдоди бузурги худ дар майдони нангу номус разманд, ва номи хешро човидона гардонанд. Аммо...

Киёи Абдусаттор фармондехи низомие буд, ки хамеша калиди низоъхоро пайдо мекард ва агар медид, ки хосили захматашро намояндагони чинохи аввали низомй талаву тороч карданианд, ба хотири принсипхои поки хеш ва чилавгирй аз низоъ ва бугранч гаштани мухити корй, вазифаро тарк мекард...

Эхтимол баъзехо гуянд, ки ин нукси у буд, вале дар мухити ишон буда ва фархангу ахлоки поку мусаффоеро, ки у мепарастид ва доро буд, икдоми вай комилан дуруст ба назар мерасид. 

Хамин тавр, у соли 1993 вазифаи комиссари харбии вилояти Сугд (таваччух намоед мансаби женролй!)-ро ихтиёран тарк кард. Чолиб ин аст, ки хамон ашхоси худхоху мансабталош, ки сабаби аз кор рафтани сарханг Асроров шуданд, холо худашон дар мухочират ба сар мебаранд. Тавба, хазорон бор тавба, дунё хамин будааст....

Дар замони эйфорияи «боевикй» ва он хам чанги худкушии миллат, «кахрамон»-хои навбаромади ришдору бериш якбора дар китф сохиби рутбахои гуиё аз осмон ситора уфтода, довталаби курсихои баланди харбй гаштанд. 

Уро бидуни ягон шарму хаё ва ибо аз Хучанд ба вазифаи поинтар комиссари харбии зодгохаш шахри Уструшан фиристоданд. Вале вакте ки диданд, ки низомиёни «кахрамон»-и чанги худкушй аз ухдаи кори касбии харбй намебароянд, ба ёдашон сарханг Абдусаттор Асроров омад. Зеро кй метавонист дар хамон замони «саг сохибашро намеёбад» як чузвутоми бузурги артиши миллиро дар кишвари чангзада ва он хам дар каламрави шимоли кишвар ташкил дихад?!

Артишсозй кори сахл нест, он илм аст, онро дар академияи низомй амалан бояд омухт, на дар «зачисткаву бедодгарихои боевикона»? Артишсозй кори «боевик»-у чаланизомй нест, бародарон!

Хама ангушт ба  сарханг Асроров нишон доданд. 

Нотавонбинону хасудхурон итминон доштанд, ки Асроров дар шароити харачу марачи «боевикбозихо» аз ухдаи ин вазифа намебарояд ва назди миллат шарманда мешавад.  

Медонед, барои чй афсар Асроров розй шуд ин вазифаи пурмасъул ва дандоншиканро бипазирад?

Албатта, на ба хотири худнамоии хеш, балки барои ин, ки Абдусаттор Асроров миллаташро, ватанашро, модарашро, Уструшани афсонавиашро дуст медошт. Киёи Абдусаттор дарк мекарданд, ки касе наметавонад таърихи бозсозии низомии Точикистонро тахриф намояд. Вай ору номус дошт. Барои вай истиклолияти кишвараш  маънои тахкими артиши миллй буд! У дарк мекард, ки миллат хамон замон гуруснаву ташнаву пойлуч хаст, аммо артиш ва хоса, чузву томи асосии он дар манотики шимоли кишвар хаётан зарур аст. Ишон ин вазифаи бехад вазнин ва масъулиятнокро бар душ гирифт ва онро сарбаландона ба ичро расонд. 

Худаш дуст медошт такрор намояд: «Ал ваъдаву дайн».

Хасудхуронаш дар рохравхои вазорат ба хамдигар пиччирос мезаданд: «Асроров бригадаро аз нол сар карда буд-е, хеч боварам намеояд, як бригадаи неруманди касбиро сохт-е...»

Окибат хамин хасудхурон корашонро карданд. Нагузоштанд, ки сарханг Абдусаттор Асроров ба рутбаи женролй мушарраф гардад. Худихошон аз вазоратхонаву корвонсаройхои дуру наздик сохиби унвону рутбаву дигар имтиёзхо шуданд, аммо сарханг Асроровро фаромуш карданд. Дуруст аст, ки  уро ба академияи дуюмаш гуиё барои хамин корнамоиаш фиристоданд. Вакте ки аз Академияи Ситоди Кулл баргашт чанде дар вазорат раёсати инспекториро сарварй намуд. 

Баъди чанд вакт натичаи асари он намакношиносихо, носипосихо, ночавонмардихо, нохаккихо ва хатто тахкирхо, ки хамаашро киёи Абдусаттор зери хандаи ширинаш махфуз нигох медошт, ба саломатиаш таъсири манфй гузоштанд. У ба иллати вазъи саломатиаш аз касби дустдоштааш дур шуд. У худро тахкир шуда хисоб намекард, зеро он нангу номуси азалию бостонии ачдоди уструшаниён намегузошт, ки онро дарк намояд. Аз руи инсоф бояд гуем, душманону хасудхурон дар асл уро тахкир карданд, тахкир....

Ба аксари коршиносони сохаи сохтмони низомиву давлатй маълум аст, ки дар замони инкилоб ва чангхо дар Иттиходи Шуравй ва дигар мамолики чахон чунин фармондехони мисли сарханг Абдусаттор Асроровро на факат ба унвонхои женролй, балки маршаливу ситораи кахрамони сарфароз мегардониданд ва кадр мекарданд...

Лекин дар Точикистони навин ин коидаву анъана барои ашхоси чудогона ба кор бурда мешавад, на барои кадрдонии як фармондехи мактабдор, баистеъдод ва афсари механпараст мисли Абдусаттор Асроров. Анбухи дастпарварон ва шогирдони мактаби инсонй ва харбии у худ як артиши бузургро ташкил медиханд, аммо фармондехи мактабдори низомии хеш сарханги шучоъ Абдусаттор Асроровро дар замони хаёташ нодида гирифтанд, нодида....

ХХХ

Аввали мохи январи соли 2008, шахри Уструшан. Зимистони кахратун. Хамрох бо соири дустон чашни Соли Нави мелодиро тачлил намудем. Хар дуамон хеле дарди дил кардем. У чун хамеша шухй мекарду механдид, хамон хандаи оригиналие, ки киёи Абдусаттор доштанд, ва онро касе дар ин чахон надорад (бидуни муболига мегуям).

У маро то назди майдони Галабаи шахр гусел кард. Хаво хеле сард буд ва барф хам меборид. Дар назди мучассамаи Аскари шахиди гумном хар ду чанд лахза худохофезй кардем. 

Ман гуфтам, ки ният дорам аз тарики Душанбе ба манзили гурбатам ба Канада назди чигарбандонам баргардам. У хомушона ба ман нигарист: 

- Хеле афсус, ки барои Шумо дар Ватан чое пайдо нашуд,- гуфт. 

Банда ошкоро икрор шудам: 

- Ман хама он гуссаи гурбатро бар душ гирифтам ва ба такдирам тан додам, ки дар гурбат, дур аз Точикистон хок шавам. Сарнавишту насибаи ман хамин будааст, ако Абдусаттори азиз...

Харфхои ман ба у сахт асар карданд. У маро табассумкунон ба огуш гирифт, чашмонам ба катрахои ашки вай афтод, ки руи китфонам бо барф якчоя омехта шуда буданд... 

Он ашки хасрат, ашки мехри бародарй, дусте, ки як чахон ишк дошт, мехри беандозае ба инсон, Ватанаш, ки бо ягон ченак андоза ва ифода хам карда намешавад.

Ман рохи гурбатро пеш гирифтам, у дар Уструшани кадим бимонд. 

Ман хини парвози дуру дароз туйи хавопаймо руи укёнуси Атлас (Атлантика) дар бораи киёи Абдусаттор ва корнамоихои низомии ишон, инсоният, фарханги баланди фармондехиву чангсолории дусти азизам андеша мерондаму чун шамъи фурузон дарун-дарун месухтам. Тасаввур мекардам, ки агар фармондехи баистеъдоду фурутан, сарханг Абдусаттор Асроров дар Канада чунин хизмат мекард, ба чи мартабахои баланде мерасид, баиззаттарин афсар, фармондех хисобида мешуд ва ё хатто кахрамони ин кишвар хонда мешуд...

Ман гарки руъёхои осмонй ва бехудй хануз намедонистам, ки ин дунёи бевафо, ин фалаки хамеша ба кори худ саргарм барои мо зарбаи сахттаринеро омода месозад. Баъди нух мох дуст ва бародари бузурги азизу нозанин ин дунёро падруд мегуяд. Хануз намедонистам, ки Абдусаттор Асроровро низ мисли устодон ва дустони азизам Юсуфхон Исхокй, Мухаммадчон Осимй, Отахони Латифй, Хабибулло Саидмуродов, Акмал Олимй, Абдукаххор Саломов, Набичон Каримов, Саидмурод Ёриён, Олими Зарробек ва даххо дигарон аз даст медихам.

- Дунё, хуб номард аст,- мегуфтанд модари рахматиам бо лахчаи хоси уструшанй ва илова мекарданд,- ин дунёи наркушу модапарвар.  

Дар айёми тифлй ба маънои гуфтахои модарам сарфахм намерафтам. 

Холо дарк кардаам, ки ин харфхо чи маънй доранд. 

Бо гузашти рузхо ва моххо ва холо ду сол пас аз даргузашти киёи Абдусаттор зиёдтар эхсос мекунам, ки чои у холй аст. Баъзан фикр мекунам, ки у бояд замоне дар маконе зиндагй ва корнамой мекард, ки волоияти конун, инсоният, ишку эхтиром ба зиндагон, арчу мехр ба гузаштагон пойдор мебуду вай фармондехи артиши неруманди пур аз мухаббати миллй он гулистони бихишти миллатро мисли Мунтасири Сомонй бонй мекард. 


Бешак, ин миллат азизеро аз даст дод, ки дар садсолахо як бору ду бор пайдо мешаванд. Мутаассифона, ин миллат хануз инро дарк накардааст...  

У хамагй 55 сол умр дошт.

Ёди нозанини фармондех, чангсолори ишку сулху пойдорй, афсари баруманди миллат, сарханги кахрамон Абдусаттор Асроров хамеша гиромй бод!  


16 сентябри соли 2010, 

Монреал, Канада