Кисмати Якум

Саргузашти Аброл (Аброр) Кахоров пурнишебу пурфароз аст. У 74 сол кабл дар хонаводаи баруманди истаравшанихои Чамбули Казокистон ба дунё омада, дар замони тифли аз падару модараш чудо шудааст. Падараш дар чанг  шахид мешавад ва модараш – сару бони се фарзанди хонадон низ баъди замони кутохе нобахангом аз беморй вафот мекунад. У дар ятимхонаи шуравй бузург шуда, тамоми умрашро ба илми маъданшиносй ва истихрочи тилло бахшидааст. Рохи пурпечу тоби зиндагй Аброл Кахоровро ба назди Котиби якуми Кумитаи Марказии Хизби Коммунисти чумхурии Узбекистон Шароф Рашидов меорад. Шароф Рашидов хамчун устод ва бародари бузург дар тарбияи шахсии Аброл Кахоров сахми бузурге мегирад. Доктори илми иктисодй, профессор, барандаи Чоизаи Давлатии Иттиходи Шурави, мудири кулли Иттиходияи давлатии «Узбекзолото»(1967-1985), яке аз асосгузорон ва рахкушоёни истихрочи тилло дар Узбекистон дар замони Шароф Рашидов ба шумор меравад. Бояд зикр кард, ки дар солхои 60-уми карни гузашта дар Иттиходи Шуравй солона 100 тонна тилло тавлид мешуд.Бо шарофати корбарй ва корнамоии Шароф Рашидов ва тими неруманди олимон ва мутахассисони сохаи истихрочи тилло тахти сарварии Аброл Кахоров дар Узбекистони шуравй солона ба хисоби миёна 50 тонна тилло истихроч мешуд. Бо ин икдом аз авоили солхои 70-ум шуруъ карда дар каламрави Иттиходи Шуравй 150 тонна тилло дар сол истехсол мекардаги шуданд. Барои сахми шахсй дар тараккии саноати истихрочи тилло дар Иттиходи Шуравй Аброл Кахоров дар соли 1980 ба Чоизаи Давлатии Иттиходи Шуравй сарфароз гардонида шуд. Вай инсони фурутан, поквичдон, падар ва бобои мехрубони хонавода, худуди 13 соли ахир аст, ки дар Канада зиндаги мекунад ва узви ахли хичрати мо, чомеаи точики Канадаанд. Ва боз як чизи дигар...У такрибан тамоми умри камолоташ дар чустучуи  решахои ачдодии хеш аст. Истаравшани бостониро Ватани хеш мехисобад. Хар дафъае, ки садои маро мешунавад, мегуяд: «Ба Ватани ачдодиам - Истаравшани афсонавй дуруду таъзими маро такдим намоед».Сухбати мо бо Аброл Кахоров дар имтитоди беш аз панч соли охир сурат гирифта, дар он аз ёддошту навиштахои ишон истифода шудааст.

 

- Аброл-ака, вакте ки мо чанд сол пеш дар Ватани гурбатамон - Канада бо хам вохурдем, Шумо хамон лахза аз решахои пайвандиатон Истаравшани бостони ёдовар шудед. Агар лутф намоед, сухбатамонро аз хамин мавзуъ шуруъ кунем....

Ман панч сол кабл аз огози чанги зидди фашизм дар шахри Авлиё-Ота (баъдтар Чамбул ва холо Тароз) ба дунё омадам. Хешовандони ман ва авлоди мо аз тарафи падариам истаравшанианд (уратеппаги). Авлоди падариам эхтимол меравад дар  нимаи дуюми садаи XIX дар замони хучумхои пайдарпаи хонхои Хуканд ва катли оми мардуми Истаравшан ин щахри бостониро тарк намуда, дар Авлиё-Ота зиндаги ихтиёр кардаанд. Эхтимоли зиёд меравад, ки решахои падарбузурги ман (аз тарафи падарй) аз дехаи хушманзари Калъаи Баланди Истаравшани кадимианд. 

Сониян авлоди падарбузургони ман сарзамини Авлиё-Отаро ободу сарсабз намуда, як махалла вокеъ дар ду куча бо номи Каробокири Бузург ва Хурдро бунёд кардаанд. 

Падаркалони ман Калонхоча Эшонхочаев ва се бародари он кас якчоя бо авлоди хеш то замони чанг ва баъди он дар хавлихои худ бо богу чаманашон дар кунчи хиёбонхои Бозорй ва Каробокири Бузург зиндаги мекарданд. Модаркалони ман Маъруфова Саодат-пошшо ва бародарашон Маъруфов Саидхон-хочй низ аз Уратеппа (Истаравшан) будаанд. Хешовандон ва волидайни модарам аслан зодаи дехаи Алмоси водии Фаргона будаанд. Онхо низ хавливу хонаву бог дар хамин минтакаи шахр доштанд. 

Чор хавлии бузург ба падаркалонхои ман тааллук дошт, ки хар яки он бо девори гили чудо шуда буд. Аз байни ин чор хавлй калонтарин хавлй ба падаркалони ман, ки сарвари бузургсоли хонадону авлод ба шумор мерафтанд, чудо карда шуда буд. 

Хавлии волидайни ман чун манзили хонаводагии истаравшаниёни баруманди кадим аз ду кисмат иборат буд: Кисмати аввали хавлй, хавлии «Дарун» ном дошт. Дар ин нимаи хавлй кисмати асосии хона, ки иборат аз утокхои хоб бузург ва тиреза (панчара)-хои бархаво чой гирифта буданд. Хар уток иборат аз токдонхо буданд, ки руи онон чойникхои гуногунранг, пиёлаву лагандхо, дошу табакчахои фарфурии чинй зебову шинам гуиё барои ороишй чида шуда буданд. Дар девори асосии хона ду токдони бузургтаре эъмор шуда буд, ки ононро «Тахмон» ва ё «Тахмони Мехроб» меномидаанд. «Тахмони Мехроб»-ро ду сандуки зебо бо кулфхои мусикй оро медод. Болои сандукхо курпаву болиштхо, яккандоз (курпаи тунук)-у курпачахо ботартиби хосе тахия шуда буданд. Дар даруни сандукхо болои хам рупушхои пахтагии рангоранги хобй ва болиштхои сузании нарму барохат гуиё варак-варак ба таври хеле шинаму дилнишин тархрезй шуда буданд. 

Миёни ду токдон – «Тахмони Мехроб» оинаи нимкурашакл бо чахорчуби кандакорй овезон буд. Хамчунин дар он чо чевоне бо галладону дастахои шишаги, ки кулфу калид дошт, мавкеият пайдо карда буд. 

Дар ин чевон дошу табакчахои нимтилло бо тасвири зебо ва инчунин ангуштари, гушвор ва дастбанди тиллоии модарам нигох дошта мешуданд. Фарши утокхо анъанавй заминй буданд. Истаравшаниёни бостонй барои ин ки утокхогарм нигох дошта шаванд лойи кафгил, яъне кохро зиёд карда лойро дар фарши хона андова мекарданд. Болояш буриё ва болои буриё гилеми бузурги иронй партофта буданд. Дар фасли зимистон болои буриё ё болои замин (фарш) кох мепартофтанд ва руяш чун анъана гилемро, ки то хонахо гарм бошанд. Дар бахорон ба гуфти истаравшаниён «хонабаророн карда» он кохро  берун бароварда хонаро тамиз намуда, боз буриё мепартофтанд ва болояш гилемхои шуставу тамиз шударо. 

Дар хавлии «Дарун» хамчунин ошпазхонаи тобистонй чойгир шуда буд. Дар дарунтари хавлй дар паси буттахои гули хушбуйи садбарг хаммом, чои либосшуйи ва хочатхонаи шаркии ботамиз бо тамоми ашёи зарурй мавкеъ дошт. 

Полези бо шукухи падаркалонам маркази хавлии бузургро зебу тароват мебахшид. Дар канорахои полези бо карруфар гулхои нози модарам аз бахори барвакт то ба поёни пойиз (тирамох) шугуфон буданд. 

Ба хавлии «Дарун» аз дарвозаи асосй аз кисмати дуюми хавлиамон «Берун(й)» ном дошт, ворид шудан мумкин буд. Хавлии «Берун» асосан аз мехмонхона, ошпазхона, саисхона ва дигар утоку айвонхо иборат буд. Ба хавлии «Берун» аз дарвозахои бузурги фулодй даромадан мумкин буд. Хавлии «Берун» барои мехмонхо ва дустон сохта шуда буд. Ва чашми мардон аз хавлии «Берунй» ба заифони, ки асосан дар хавлии «Дарун» бо кору бори хона машгул мешуданд, намеафтид. Дар хавлии «Берун» хама шароити мусоид барои дустону мехмонон ва хамчунин барои аспу хари онхо то обу дону коху алаф ва гайра мухайё шуда буд. 

Ба гайр аз ин хама, падаркалонам боз як хавлии тобистона бо боги мева ва ангурзоре доштанд. Муносибат дар хонаи бузурги мо аз руйи одобу ахлоки чомеаи ашрофони кадимии истаравшаниён, - эхтиром ва баробарии хар як узви хонадон сурат мегирифт. Бузургсолону хурдсолон - хама бидуни истисно, бо як фарханги олии эхтиром ва гарму самимй ва ба хар шахси ин хонавода  факат ва факат «Шумо»-гуён муошират мекарданд. Дархостхои бузургсолон ба хурдсолон дар шакли таманниёт иброз мешуданд.Дар хонадони мо дар бораи инсон харгиз ва дар хама гуна маврид харфи бад гуфтан раво набуд.

Дар се хавлии дигар, ки аз чихати масохат хурдтар буданд, бародарони хурдии падарбузургам: Камол-хоча, Абдулфайиз-хоча ва Мухиддин-хоча зиндагй мекарданд. Дар хамсоягии хавлихои падаркалонам ва бародаронашон хонахои хохарони модаркалонам: Норпошшо ва бародарашон Саидхон-хочй комат афрохта буданд. 

Дар наздикии канал-дарё, ки он бо номи «Волтерка» (ба шарафи мухандис ва сохтмончии канал Волтери олмонитабор, ки дар ин минтака хамчунин осиёберо хам эъмор намуд), машхур буд, хавлихои зиёде чойгир шуда буданд. Ва хамаи сокинони ин минтака хешовандони мо ба шумор мерафтанд. Хамаи онхо аслан зодаи шахри бостонии точикон Истаравшан буданд. 

Баъд аз ин махалла, кучахои Намангон ва Тошканд сар мешуд, ки дар онон мардуми водии Фаргона ва минтакаи Тошканд икомат ихтиёр намуда буданд. 

Хамаи мардуми ин ду махаллаи шахри Чамбул (Авлиё-ота) - точикон ва узбекон бароям азизу мухтарам буданду хастанд.

- Шумо дар ёддоштхои русиатон аз оромгоххои шахри Чамбул, ки дар он мардуми истаравшани ва фаргонаги дафн шудаанд, ёдовар мешавед....

- Дар Авлиё-отаи кухан ва ё Чамбул се оромгохи машхур вучуд доранд: мазори Карохон, Тектурмас мазор ва мазори Тункуруш. Дар хар се оромгох хешовандон, волидайн ва ачдоди ман хобидаанд. Дар мазори Тектурмас фарзанди машхури истаравшанй Саидхон, ки унвони «Хочи»-ро баъди адои хаччи Акбар ба Маккатуллох ба худ касб карда буданд, ба хок супурда шудаанд. Бародари модаркалони ман - Саидхон-хочй дах соли умри хешро ба сафари Хаччи хонаи худо сафар намуд. Мегуянд, ки ишон кабл аз Инкилоби болшевикон ба сафар баромада, баъди чандин сол ба Ватани хеш баргаштанд, ки онро коммунистони рус идора мекарданд. Саидхон-хочй яке аз аввалин хочиёни шахри Чамбул ба шумор мерафтанд. Аз сафари хонаи худо тухфаи азизе оварда буданд, ки он дар хавлии мо махфуз буд: Шишаи Оби зам-зам дар сабади бофта.

Дар хамин оромгох дар васати Саидхон-хочй, хохарбузурги ишон, модаркалони азизи ман Саодат-пошшо Маъруфова, ки дар синни 100 солагй бандагй кардаанд, хобидаанд.

Дар назди макбараи Карохон манзили хишткори шудаи чандин ашхос мавкеият дорад, Дар он ахли рухонияти ин ду махаллаи бузурги шахр – истаравшаниён ва фаргонагиён, ки хамаашон ачдоди ман ба хисоб мераванд, дафн шудаанд.

 

Хар дафъа вакте ки авлоди мухтарамам дар гурбат ба ёдам мерасанд дуову сачда мекунам ва мегуям: 

«Хамватанони азизам! Зиёратгарони оромгохи Тектурмас! 

Аз номи ман хам ба хотираи дурахшони модаркалонам Саодат-пошшо таъзим намоед.

Баъди гармои рузи тобистонй, бо фарорасии торикй, модаркалонам зери осмони кушод чои хоб бароямон меандохт. Мо хамушу хаста, тифлона «кулула» гашта зери ситораборони дурахш ба хоби ноз мерафтем. Садои нарми модаркалонам чавобе буданд ба суолхои мо дар бораи ситорахо, мох ва хуршед...» 

- Аз авлоди волидаи мухтарам ва ишон чй хотироти бачагй бокй мондаанд?

- Чадди модари ман аз дехаи Алмосанд, ки бо тасвири хушманзари назди кухсори водии Фаргона хамрангу хамсон мебошанд. Модари модарам (модаркалонам) хамеша такрор ба такрор ба мани тифл мегуфтанд: «Дар он тарафи кух ту манзил, хавлй ва замин дорй. Дар ёдат бошад, дар дехаи Алмос масчиде хаст, дар руйи хавлиаш чашмаи мусаффо, ки туйи он мохиёни мукаддас шино мекунанд. Ин масчиди ачдоди туанд. Чахорумин хавлй аз даромадгохи асосии масчид манзили мост». 

Хама ба модаркалонам «Оя Калон»- гуён мурочиат мекарданд. Он кас ба Авлиё-отаи мукаддас дар синни чахордахсолагй барои аёдати хешовандонашон омада буданд. Баъди чанд замон уро ба хидматгузори масчиди шахр, ки авлоди у хам аз Алмоси Фаргона буданд, ба шавхар доданд. Дар хамин хонадони шаркии мукаррарии мазхабй, ки хавлиаш бо деворхои баланд ихота шуда буд, модари ман ба дунё омаданд. Аз айёми туфуллият модар дар фазои мехнат ва фармонбардориву халимй тарбия ёфта буд.  

Модар бо хати арабй мутолиа мекарданд ва менавиштанд, дузандаи хеле мохир, ошпази гизохои лазизи шаркй ва зани зебову олихае буданд. Исми шарифашон Хабибахон. Аз синни шашсолагй модарам фаранчй мепушиданд ва каси бегона руйи ишонро дида наметавонист. Баъди издивоч кисмати зиёди хаёти хешро ишон дар хавлии дигари хамсони пушида, ки хохарбузурги ман - Мухаррамхон, бародари хурди ман - Шукурчон ва банда ба дунё омадем, сипарй намуданд. 

То чанги солхои 1941-1945 хешовандони мо хеле зиёд буданд. Факат аз тарафи модариам бародарзодахо хашт нафар хисоб намудам. Инхо таго (дойи)-хои ман буданд. Аз тарафи падариам  амак (аму)-хои ман хеле зиёдтар буданд. Амаву холахо хам бешумор. 

Ахли хонадони мо хеле бузург ба шумор мерафт. Айёми тифлй дар ёдам факат чашнхо накш бастаанд. Хавлии мо хамеша мехмон дошт. Хешовандонамон хангоми дидорхои хамдигарй хурсандиву шодии саршори худро, ки гуиё солхо хамдигарро надида бошанд, пинхон намекарданд. Чун анъана хини дидорхо хамдигарро ба огуш мегирифтанд, буса-бусй мекарданд, хамеша ханда ва табассум хукмфармо буд. Дар сахни хавлй, дар танур нони гарми хушмазза, дар дегхои бузурги чуянй мураббоъи лазиз пухта мешуданд ва дар самоворхои поку тамизи ялоккосй чой тахия мешуд. 

Мо як хонаводаи бузургеро мемондем, ки дар он мухити муттахидй, мухаббат, дастгирй ва кумак ба хамдигарй хукмфармо буд.

Хабари дахшатангез ва ташвиши бузург ба хонаводаи калону хушбахти мо ногахонй ворид шуд. Карнаи радиои сиёхранг дар симчуби баланд вокеъ дар назди бозори шахр хабари хамлаи неруи сиёх ва огози чангро ба чор тараф пахш менамуд Шахри мо холй гашт. Мардон ба чанг сафарбар шуданд. Чехраи занон, муйсафедон ва наврасон пажмурда мешуд. Хама вахшатзада мунтазири рузхои нахсу бадтарин буданд. Аввалин хатхои сиёх бо навиштахои: «Фарзанд (шавхар)-и Шумо дар чанг кахрамонона халок шуд...» ба хонахои мардум мерасиданд. Хар субх хонаводахо бо дахшат хаткашонро мунтазир буданд. 

Хати сиёх ба хонаи мо хам ворид шуд. Падарам, ки ман симоашонро дар хотирам намондааст, дар чанг шахид шуданд. Аз гаму андухи бузург модаркалони бузург (модари падарам) ва баъди чанде падаркалонам ин дунёи фониро тарк карданд. Хавлиамон холй шуд. Аз руи одату анъана мардон бозор мекарданд ва ахли хонаводаро бо хурокворй таъмин менамуданд. Акнун ин вазифаро миёни модаркалони хурдй (модари модарам) ва модарам таксим шуда буд. Модаркалони хурдй хавлй ва боги худро ба фуруш гузоштанд ва маблаги он имкон дод мо то чанд замон таъмин бошем. Зимистон сард буд ва мо дар гирди сандалй аз хунукй эмин мемондем. 

Хабархои шум зуд-зуд ба мо мерасиданд. Аз миёни хешовандони модариам танхо як нафар хамон хам захмй ва бемор аз чанг баргашт. Рузгори мо ба маросими чаноза мубаддал шуд. Модар маро ба маросими ёдбуд (маъаркаи худои) бо худ мегирифтанд ва он гиряву нолахо дар хотираи ман барои хамешагй накш бастаанд. 

Вакти мактабравии ман хам фаро расид. Модар аз сандукхои мусикидорамон токии зебо, пойпуши сабуки тобистона, пирохани сафеди охарй, каламхои ранга ва дафтархоро бурун оварданд. Дар ин сандукхо чизу лавозимоти зиёде нигох дошта мешуд, ки он то замони ба балогат расидани ман ва хохарбузургамро ба шавхар баровардан кифоят мекард. 

Замоне, ки сардихо фаро расиданд, модарам чавохироти кимматбахои хешро ба дукони саррофй ба фуруш гузошта, ба пули онон бароямон либос харид намуданд. Харгиз аз ёдам намеравад, палтуи кутохи гарм бо гиребони пашмй, кулохи зимистона, кафши гарм ва канду конфет. 

Азо ва балохо аз хар тараф наздик мешуданд. 

Модарам ногахон бемор шуданд. Бори аввал ишон аз чои хоб баланд шуда натавонистанд ва аз мо хохиш карданд, ки барои худамон чой бимонем. Рузхои сарду нахсоваре буданд. Боди хунуки танро сурохкунанда хеч аз минтака дур намешуд. Тамоми руз то бистарй шудан модар дар берун барои мо нон мепухт. Вай сахт шамол хурда буд. Тасфаш хеч поин намеомад. Табибон гуфтанд, ки шушхои модарамон сахт шамол хурдаанд. Сузандору ва дорухо таъсире надоштанд. Тасфи модар хеч бартараф намешуд. Модар нолаву хазён мекард. Хар дафъа менолиду номхои моро ба забон мегирифт. Ману бародари хурдиам руи як болишт вокеъ дар канори сандалй хобида будем. Тамоми шабхо дар гирди модарам кампирон бо овози нимшунаво дуо мехонданд. Модарам бо садои паст баъзе аз вожахоро такрор мекарданд. Боре модарам ба худ омаданд ва аз мову модаркалони хурдй хохиш карданд то ба наздаш гирди хам оем. 

Ишон чашмонашонро боз намуданд ва ба мо дида духтанд. Чашмонашон пур аз ашк буд. Баъд чашмонашонро нимпуш намуда, дуру дароз хомуш шуданд ва сипас ба харфзанй шуруъ карданд: «Хама инсонхо бо хости Худованд барои санчиш дар ин дунё офарида мешаванд. Одамизод хангоми тарки ин дунё бояд ба гуноххои худ икрор шавад ва омурзиш хохад... 

Шумоён хамсояи руси мо пирамард Маскаевро мешиносед, аз у аз номи ман узр хохед... 

Хамин тобистон вакте ки шамоли сахте бархост чанд дона шафтолуи пухта расидаи боги у ба сахни хавлии мо афтоданд. Субхи барвакт ман шафтолухоро дар сатле чида, дар ошпазхона мондам. Ният доштам, ки ягон марде аз авлоди мо меояду ман он шафтолухоро ба воситаи у ба сохибаш бармегардонам, вале ман ин корро карда натавонистам, зеро фарзандони ман надониста ононро хурдаанд. Ин хатои бузурги ман ва ин гунох аст. 

Ва боз як чизи дигар: дар бозори сабзачот аз тарафи чапи даромадгохи асосй охангари бузургсоли ришсафеде хаст. Ман аз ин охангар хокандози фулодй барои кашидани хокистар харид кардам, аммо пулам нарасид, аз у карздор шудам. Ман аз охангар ду танга карздорам. Хоста будам, карзро бурда дихам, аммо бемор шудам. Аз у маъзарат хохед ва пулро ба у баргардонед. 

Модар хеле охиста харф мезад. Сипас модар бо суханони такрор ба такрори «Худо бубахшад, Худо бубахшад!» ба хоб рафт. 

Ман аз доду фарёди хохарбузургам бедор шудам: «Модарчон моро ба кй мондй?» 

Маро либоси нав пушонданд. Тагои модарам, Додочон омад. У маро аз замин бардошту ба чилави худаш руи асп биншонд.

Асп ба суи хонахои хешовандон ва наздикони мо харакат намуд. Аксари хавлихо бароям шинос буданд.Мо бо модарам дар маъракахои ёдбуд омада будем. Шаби торике хукмфармо буд. Мардум хобида буданд. Дарвозаи хавлихо махкам буданд. Таго-калон бо дастаи камчин дарвозаро сахт-сахт мекубид. Даруни хона чароги хираи карасинй фурузон мешуду садои зани пир ба гуш мерасид. 

Ва баъд таго-калон бо садои баланд: 

- Ин манам Додочон, мо бо Абролхон ба наздатон ташриф овардем, ки хабар дихем, хохарзодаи азизи ман Хабибахон моро ба касди дунёи дигар тарк намуданд, - мегуфту мо аз пушти худ доду фигони хешовандонро пас гузошта, рохи хавлихои дигар хешовандонамонро пеш мегирифтем.

Субх медамид. Мо ба назди дарвозахои бозори сабзавот хозир шуда, бидуни захмат охангари ришсафедро, ки чанд лахза пеш охангархонаро кушода буду оташро рушан мекард, пайдо намудем. 

Мо аз асп поин шудем. Таго-калон аспро ба сутуне баста, бо садои баланд дуруду эхтиром гуфт. 

- Хуш омадед! Сулху оромй бароятон таманно дорам, - гуён охангар ду дасташро суи таго-калон ва ман дароз кард. 

Охангар моро ба чой даъват кард. Таго Додочон гуфтанд, ки охангар ташвиш накашад, зеро мо саросема хастем.

- Духтари муллои шахр эшони Саидхон ва модари хозиру нозир Абролхон ва хохарзодаи азизи мо Хабибахон аз шумо бахшиш мехохад ва аз тарики мо карзеро, ки аз хариди хокандози фулодй барои кашидани хокистар гирифта буд, бароятон бармегардонанд. Бо хости Худованди яккаву ягона ишон имруз ин дунёи фониро тарк карданд, - нутки дарози хешро адо намуданд таго-калон. 

«Ох, Худоё, ох, Худоё! – хитоб кард охангар ва ду дасташро руяш кашид. Хамон лахза вай ба зону зада, дуоеро ба хотираи неки модарам кироат намуд. 

Баъд охангар ашки чашмонашро пок карда, дили хешро кафонд. У гуфт, ки дигар бе ёрдамчиёнаш мондааст, зеро ду чигарбандаш дар чанг шахид шудаанд. 

- Дар назди Худованди мутаол ва шумоёни азиз се дафъа ва хазорон дафъаи дигар ман карзро мебахшам ва зарур нест, ки он ду тангаро ба ман баргардонанд, - изхор намуд охангари пирамард. 

- Худоро хазорон шукр, муташаккирем аз бахшоиш, аммо ду тангаро Шумо бояд аз дастони писари мархума бигиред, - гуфт таго Додочон ва ба суи ман ду тангаи 20-тинаро дароз намуд. 

Ман ду тангаро ба муйсафед дароз кардам. Вай бехаракат истод шуда, сипас дастони ларзони маро гирифта, ононро бусид ва маро сахт ба огуш кашиду, гиряро сар дод. Ман беист ашк мерехтам.

Вакте ки мо ба манзиламон баргаштем, руи хавлихои мо пур аз одам буд. Дар хавлии «Дарун» занон беист доду фигон мекашиданд. Хавлии «Берун» пур аз муйсафедон ва наврасон буд. Таго Додочон ману хохарамро аз хавлии «Дарун» садо кард. 

Мо дарвозаи хонаи хамсояамон Маскаевро куфта, вориди руи хавлиаш шудем. Хохари гирёнам руи дастонаш додарамро бардошта буду ман домани хохарамро гирифта ашк мерехтам.

Таго-калон аз номи мо ва модарам маъзарат хост. 

Муйсафеди рус аз руи одати насронихо, бо дасти росташ дар сару танаш ишораи салиб намуда, ашкони чашмонашро пок мекард.

Кадом лахзае хомушй фаро расид. Аз хавлии «Дарун» мардон руи китфони хеш тобути модарамро, ки аз руи одату анъанаи милливу мазхабии Истаравшани бостонй ва Фаргонаи кухан ороиш шуда буд, дар назди дарвозахо берун оварданд. 

Чанозаи модарамро ба ичро расонданд. Баъд дарвозахои хавлй боз шуданд. Маро дар чилав гузоштанд. Мо ба самти мазори Тункуруш харакат намудем. Дар дастони ман асо буд. Дар танам чомаи бекасаби рангаи истаравшанй, токй ва пойафзоли нав буд....                                                                                                          

(Давом дорад)

 Мусохиба ва таснифи Р.Темуриён