ДОНИШМАНД ТОЊИРИ АБДУЋАББОР

(1945 – 2009)

Донишманд ТоЉири АбдуЌаббор яке аз фарзандони фарзонаи миллат, ки ин қавм аз будани он бояд ифтихор мекард, аз миёни мо рафт...

Мисли БоботоЉири Урён, мисли ШоЉини бемор, мисли АЉмади Дониши яккаву танЉо дар фазои номеЉрубон ва касоди маънавӣ рафт...

Баъде, ки ӯ рафт, Љама ба фикр фурӯ рафт, чи инсоне чи шахсияти бузуругеро дошта будем. Дошта будем ӯро. Акнун дар замони гузашта..

Афкори башардӯстонаву истиқлолхоЉии устод ТоЉирро аксарият дарк накарда буданд. Он афкору фалсафаи софу беғубор бо душвориЉо ба омма мерасид. Дар зиндагиаш хеле азият дид..

Аввал, шурӯъи нооромиЉои авоили солЉои 90-ум худаш дарк кард, ки сиёсат бо ахлоқ созгор нест. Худ ба Љамкеши хеш дар Шӯрои Олӣ, ки яке аз раЉбарони он буд, омаду гуфт:

«ИштибоЉ кардем, одамони Љаром зиёд будаанд....»

Дафъаи дуюм, дар замони муЉоЌират дар Эрон тасодуфан сӯЉбати ду силоЉбадасти нерӯЉои мухолифин ба гӯшаш мерасад, ки мавзӯъи «аз байн бардоштан»-и дуктур ИброЉим Усмоновро баррасӣ мекарданд, устод ТоЉир Љамон рӯз аризаи истеъфои расмии хешро аз Љайати ИттиЉоди нерӯЉои оппозитсияи тоЌик  ирсол дошт ва худро то охири умр аз сиёсат канор гузошт.

Баъдан сулЉ карданд, соли 1997 Љамаро ба ТоЌикистон даъват кардан то баргарданд. Њама баргаштанд, курсиЉоро Љам соЉиб шуданд. Лекин тарафЉои мусолиЉа  ӯро фаромӯш карданд, ки як даЉон бигӯянд: «МарЉабо устод, ба Ватан баргардед!»

На, ин корро Љам касе накард!

Хеле азият мекашид....

Баъд кӯчашро аз ТеЉрон ба Бишкек кашид....

ТанЉо соли 2006, бо марЉамату пуштибонии Љамразмонаш НасибЌон Амонӣ, АЉмадшоЉ Комилзода ва соири дӯстону шогирдон устод ТоЉирро ба Ватан баргардониданд. Яке хонаи худро ба устод ТоЉир пешкаш кард, дигаре барои ба кори устодӣ дар донишгоЉ баргузидан кӯшишЉо ба харЌ дод...Устод ТоЉир мисли яке аз бунёдгузори адабиёти муосири тоЌик Абулқосими ЛоЉутӣ, ситораи адабиёти тоЌик Сотими Улуғзода, яке аз асосгузорони кинои миллии тоЌик МуЉаммадқул Арабов, яке аз устураЉои санъати мусиқии классикии тоЌик МаъруфхӯЌа БаЉодуров, шоири бузурги миллат устод Бозор Собир, нобиға академик Акбар Турсон ва садЉо фарзонаи ин қавм аз ватан берун шуда, рӯзгори ғурбатро бар дӯш гирифта буд. Ӯ Љам мисли М.Арабов ва М. БаЉодуров дар поёни Љаёташ ба ватан баргашт. Гӯиё мисли онЉо барои мурдан ба ватан баргашта буд....

ЋонбозиЉои устод ТоЉир барои ба даст овардани истиқлолияти ТоЌикистон ва ба тахт бознишондани забони форсӣ дар Иронзамини кӯЉанТоЌикистон чун саЉифаи дурахшон дар таърихи ин миллат хоханд монд.

Миллати солим ва худшинос набояд ин ЌонбозиЉои устод ТоЉири АбдуЌаборро фаромӯш кунад.

Ёди нозанинат Љамеша гиромӣ бод, устод ТоЉир!

Равшани Темуриён

(Акси устод аз сомонаи нашрияи "Миллат" истифода шудааст)