(Дуруд ба олими фарзона Акбари Турсон
дар рузи ҷашни  70 солагй)
 

Устоди бузургвор!

Ту ба кайхоншиносй ғӯта задй, то рухи фаласафаи кайхоншиносии файласуфони кадим Ибни Синову Ал-Форобй ва дигаронро ба инсоният муаррифй намой, то ба мабдаи хакикати миллатат бирасй.

Кушиш намудй ба табиати казияи «точикию сустй» аз зовияи фалсафй ва таърихй бингарй.Ту чун Бедил дар атрофи табиату сиришти кавмхои хамсоя аз диди илму табииёт ва фалсафии замонхо андешахо рондй.Ту барои миллатат чароғи рӯшнойи хастй.

Аз Ту бӯи ҷӯи Мулиён меояд.

Аз Ту бӯи Абуалй Сино, Абурайхони Берунй, Умари Хайёму Чалолиддини Румй меояд.

Хулосаи фалсафии абармардони миллат: «илму акл ба ҷомеаи адл» мусоидат мекунадро таквият бахшидй.

Дарк накардан ва нодида гирифтанхои сарзанишу хушдори Чалолиддини Румй «нармиву точикй» ин кавмро ба як мархилаи хатарафзо расондааст.

Эйнштейн барои инсоният неруи хастаиро такдим намуд, Ту нерӯи хастии инсонии миллататро аз каъри курун бозтоб кардй. Ту манзалати миллататро дар фазои бекарони кайхон муайян кардй.

Аллома Бобочон Гафуров хануз соли 1972 пас аз имзои яке аз нусхахои аввалини асари безавол «Тоҷикон» дубора китобро аз Ту хоста ба руи сатрхои «ба номзади илм» хат кашида, «ба академик Акбари Турсон» навишт.

Аллома худуди 40 сол кабл дарк карда буд, шогирдеро ба воя мерасонад, ки он хизматгузори миллаташ хохад буд.

Рӯху арвохи устодат академик Султон Умарй хамеша ёру мададгори Туанд. Муносибати байни С. Умариву Ту дустии миёни Садри Зиёву Садриддин Айниро ба хотир меоварад.

Дустдоштатарин хотира барои ман ёддошти ширини Ту дар бораи Махмудчон Вохидов аст. Бо Махмудчон сари як ғазали Хофиз бахс карда, аз хамдигар ранҷида будед. Казияи «мехрро хангоми бахсу гуфтугӯ гум кардаам» (Масъуди Сипанд)-ро инкор намуда, рӯзи охирини намоишномааш «Гуфтугӯ бо Хайём» ба толори «Касри Иттифокхо»-и Маскав хозир шудй.

Намоишнома кайхо ба итмом расида буду толор холй.

Нигохат ба сахна уфтод: Махмудчон рӯи сахна бо чанд мардикори рус (такдирро бин холо точикон дар он чо мардикорй мекунанд!) сари шароб барои онхо рубоиёти Хайёмро кироат мекард.

Махмудчон аз сахна поин омада Туро ба оғӯш кашид ва аз хамдигар маъзарат хостед...

Дӯстии миёни Туву Латифй, Туву Лоик, Туву Бозор тимсоли дустии Амир Исмоили Сомониву Мухаммад Закариёи Розй, Аблуфазли Балъамиву Абуабдуллохи Рӯдакй, Чалолиддини Румиву Шамси Табрезй, Чомиву Биноист; софу бегубор, асилу асолатдор.

Илмат илми илохй, илмат илмро зери пажухиш мегирад. Илмат мардуми омро илмдустй ёд медихад. Чозибаи илмат мардуми оддиро, ки аз илм фарсаххо дур аст, побанди илмат мекунад, калбхои хазинро рушан ва комати хамидаи миллататро рост.

Пажӯхиши амику бастабандии мӯъчазу мушикофонаи афкорат барои илму таъриху фарханги миллатат насими тозаест.

Барномаи консептуалии ислохоти илмиву фархангй бо шуруъи ҷанги точикон ба гушаи фаромӯшй зада шуд. «Оби дари хона кадр надорад», худаш ба худаш мегуяд ин миллат.

Бароям маълум аст, ки аз сиёсат канораҷу хастй, онро дуст надорй. Илм бо сиёсат созгор нест, аз ин казия хамеша дифоъ ба амал меоварй.

Медонам, ки аз ибораи банда дар як маколае «аз Ватан ронда шуда» норохат шудй, он бароят хуш наомад. Онро ба ибораи «нейтрал» ислох намудам: «аз Ватан берун шуда».

Маъзарат мехохам, аммо мантикан худи факти дар хориҷа тайи солхои тӯлонй ба сар бурдани як нобигаи муосири точик он маънии аслии вокеъиятро тагйир намедихад. Хамин тавр не, устод?!

Агар ба гуфтаи Туи бузург «чомеаи адл» бунёд мегузоштем, ин фарзонаи миллат хам ба Ватан пас мегашту он 2-3 миллиони дигар, ки аз пайи ризку рӯзй дар чор тарафи дунё чошу парешонанд, низ...

Ин нест, ки, ба гуфтаи Туи азиз, «аз чараёни рушд берун мондем»? Ханӯз хам «миллат насохта, хама миллатгаро шудем»(Лоик)?

Бедил чанд сад сол пеш хуни ҷигар мехӯрду навха мекашид:

Чи сон нагирям, оташ ба хушку тар назанам,

Дар сарзамини Зартушт номи Чангиз аст.

Ту аз дуктур Фирузи Нодирии ирониамон (НАСА), ки нахустин сафинаи кайхониро тахия намуду ба Миррих фиристод, кам нестй.

Сафинаи Ту, сафинаи илми неруманди Шарку Гарб бо пажӯхиш ва казияхои нодири марворидии муосир барои ояндагон. Ин сафинаро Ту эъмор кардй, муҷаххаз кардй ва онро ба суи «илму аклу адл» меронй.

Ту Довуди Рустойии мойи, ки шабехи ту дар гурбат ба сар мебараду бо дах ангушт мусаввирахои мондагор меофарад. Ту аз тайи калбат мусаввираи миллатро меофарй то ба ояндагон мерос бинмонй.

Ту дуктур Иброхими Виктурии мойи. Таъриху фалсафаи кайхону кайхоншиносиро аз алифбоаш меомузй.

Ту тимсоли Бижани Покзод таррохи бемисли либоси миллат хастй. Ту таррохи зохиру ботини кавми парокандаву азияткашидаат хастй. Аслан бигирй, Туву ин миллат хеле дустдоштанист. Хар дуатонро хеле дустатон дорам!

Агар Сомониён, ба кавли Одам-уш-шуаро Рӯдакй, Багдодро ба Бухоро табдил дода бошанд, (“Имруз ба хар холе Багдод Бухорост!”) Туи мо дар катори устодони миллат С.Айнй, А. Лохутй, Ш. Шохтемур, А. Мухиддинов, Ч. Имомов, Н.Махсум, Б.Гафуров, С.Умарй, Ч.Расулов, А. Каххоров, С.Улугзода, М.Турсунзода, М.Осимй, Ю.Исхокй, О.Латифй, М. Шакурй, М.Каноат, Л.Шералй, Б. Собир ва даххову садхо фарзонаи ин кавм баъди беш аз хазор сол Душанбеи дехро шабехи Бухорои нозанин ба пойтахти тоҷикон мубаддал кардед.

Дар айни авчи ҷанги худкушй, с.1994 Ватанро тарк кардй ва то хануз ба он барнагаштй...

Тули 15 сол хатто як дафъа хам ба зиёраташ наомадй...

Хатто аллома Мухаммадҷон Осимй чанд хафта кабл аз маргаш (июли 1996) дарди чонкокашро хини сухбат бо олими баистеъдод, адабиётшинос Сафар Абдулло бурун овард: «Душанбе бе шумоён Душанбе нест!»

Устоди муътабар!

Синни 70-ат синни балогат, барои илм он факат шумора асту халос. Саъдиву Чомй худуди 90-100 сол умр диданд.

Ту харгиз худро танхо набин. Огахам, ки рузхои шанбе дар Филаделфиё бо дустони самаркандй «оши палави харифона» ташкил намудаед. Мухити илму фарханги мачлисхои харифонаи Мири Араби Бухорои Садриддин Айнй ва Шамсиддини ШоЉинро ба Америка кучондай. Дар Америкаи дурдаст барои худ Бухорое сохтайи. Он такрибан хамон «чойхонаи Гафуров»-ро мемонад, ки устоди алломаат дар пажухишгохи ховаршиносии Фархангистони Улуми Иттиходи Шуравй «ташкил карда буд».

Аз ин бузургтар ифтихоре нест, ки касе бо Ту, устоди муаззам, сари як дастархон биншинаду аз сухбати илми инсоният бахравар шавад.

Медонам, рӯзхои мавлудатро мисли мову дигарон тачлил наменамойи. Танхоиву узлатро дуст дорй. Соатхои тулонй дар ҷангал бо табиат хомушона бахс меоройи, ба назди дарёву бахр меравй.

Умрат мисли ҷангалу арчазори хамешасабзу барнои Шахристони Курушкада ва чун дарёи софу пуртугёни Варзоб дарозу пурбарака бод!

Ту азизи ин миллат хастй ва човидон хохй монд, устоди нозанин!

Бо ишку эхтиром,

Равшани Темуриёни Ту,

Монреал, Канада