Ҷоиза муборак!

 

Бародари азизам, Насибҷон Амонӣ!

Боиси ифтихори ин миллати мазлум аст, ки Шумо як рӯзноманигори озодандеш, публитсисти нуктасанҷ ва нависандаи дилёби насли наврас аз чанголи аҷал дар замони миллаткушӣ ба таври мӯъҷиза ҷон ба саломат бурда, бо хонаводаи дӯстрӯйатон ба Қазоқистон ҳиҷрат намудед. Қиссаи аз чанголи қассобони тоҷик нимазинда баромадани Шумо хеле риққатовар ва аламовар аст. Дар шароите, ки дигар умед ба зинда мондани Шумо намонда буд, Худо раҳми ин миллати худкушро карда, як афсари руси вазорати дохилаи Тоҷикистон, ки ҳоло овардани номаш барои миллат бояд ифтихор бошад, ва он ҳам фармондеҳи ОМОН-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сарҳанг Олег Захарченко (рӯҳи равонаш шод бод!)барои мададу наҷоти дигар фарзанди ин қавм роҳнамоӣ кард. Барои гуруснаи ҳафтаина ва шахси ҳафтаҳо таги мушту лагади тоҷикони беҳуввият ва бегонапарвар қарор гирифта як пиёла қаймоқи пешниҳод кардаи Олег Захарченко мисли нӯшдору ва ҳазорон сандуқ зару зевар буданд. Тасвири муқоисанашаванда: нафрат ва ваҳшигарии тоҷикони нерӯи қудратӣ ва таваҷҷӯҳи инсонии як руси ҳамон ташкилоти қудратӣ.

Андеша мекунам, ки ҳамин нафрат ва бадназарии тоҷик будааст, ки анқариб ду даҳсола маънии тоҷик ба муродифи гастарбайтер, ғулом, беҳуқуқ, аробакаши бозори Черкизон ва гадои метрои Маскав мубаддал шуда, дар хориҷ тасаввуроти ноаҳливу бефарҳангӣ доман паҳн кардааст.

Хизматҳои Шумои азиз дар эъмори матбуоти озод, ки асосгузораш устод Отахони Латифи нобиға буд, ҳанӯз бояду шояд қадр нашудаанд. "Сухан”-и шумо ҳамеша сухани Ҳақ буд ва боқӣ мемонад. Шумо беҳтар аз банда огоҳед, ки барои қадр кардани як шахс дар кишвари пора-пора шудаи мо, хатман мурдан лозим аст. Зеро хислати мурдапарастии ин қавми қурбонӣ садсолаҳо маълуму гӯшзада шудааст ва миёни ин мардум касе ҳам пайдо намешавад, ки аз ин хусусияти “дӯстдошта” ҳазари умумиллӣ ба амал ояд.

Дар ҳиҷрат ҳам вазифаи милливу ватанпарастии хешро боз ҳам таҳким бахшида, барои худ ва дӯстони сони худатон доираи милливу фарҳангӣ эҷод намудед. Ҳатто барои тифлакони тоҷики бесоҳиб китобҳои дарсӣ иншо кардед то онон ҳуввияти хешро аз даст надиҳанд. Хонаи гарми Шумо барои тоҷикони шиносу ношиноси муҳоҷиру дурафтода ба сафорати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Он қалби поки миҳанпарастӣ ва ҳамеша дастёру мададгори тоҷики саргардон дар даштҳои Қипчоқ ором нест ва доим дар ёди ватан ҷӯш мезанад.

Дар Тоҷикистон ҷоиза як тараф истад, ёд кардани Шумо ва ҳамроҳонатон аз расонаҳои давлатӣ то ҳанӯз номумкин аст. Аз ин хеле хушам, ки Шумо ҳамчун як тоҷики асил ва фарҳангӣ ба қазоқон ба забони қазоқӣ сӯҳбат ва мақолаву китоб эҷод карда, маданияти воқеии тоҷикон, ин эрониёни қадимро ба маърази байналмиллалӣ гузоштед. Дар синни камолот комилан ёд гирифтани як забони бегона шоёни таҳсину қадрдонӣ аст.

Мукофот як сабабе буд барои дарди дилҳоро холӣ кардан ва росто дар мавриди саҳму заҳматҳои Шумо ҳарфе задан. Тоҷикони қадим мегуфтанд, қадри зарро заргар бидонад. Заргарони қазоқ ба қадри зари тоҷик мерасанд, аммо...

Ин ҷоизаи Иттиҳодияи рӯзноманигорони кишвари Қазоқистон на фақат як мукофот, арзёбӣ аз ҳунару заҳмати як журналисти тоҷик, балки таваҷҷӯҳи инсонӣ ва ба қадри як шахси эҷодкор расидани созмони расмии рӯзноманигорони як мамлакате, ки дар ҳудуди ҷуғрофии он чор кишвари Фаронса ғунҷоиш меёбад. Рушду раванди демократӣ ва ҳуқуқи инсон мавзӯъҳои аввалиндараҷа барои ҳар фарди бовиҷдон ва инсондӯст ҳастанд, ки ононро нодида гирифтан ҳаргиз мумкин нест ва он муқаддасот барои ҳар қаламкаш аст. Бо ин мавзуъоти муқаддас бозӣ карда ҳам намешавад, зеро ки он маҳаки арзёбии фаъолияти ҳар як ҳукумат аст. 

Ҷоизаи созмони қаламкашони касбии Қазоқистон барои инъикоси мавзӯъоти муқаддаси башарӣ барои як шахсияти воқеан пок ва афсонавӣ мисли рӯзноманигори баномуси миллӣ Насибҷони Амонӣ, дастпарвари мактаби матбуоти демократии зиндаёд Отахони Латифӣ ва ҳамчунин шогирди мактаби Маҳатма Гандии тоҷик - устод Тоҳири Абдуҷаббор қалбҳои мо – рӯзноманигорони муҳоҷири тоҷикро ба ояндаи ин ватан нарму гарм мекунад.

Киёи Насибҷон,

Шумои азизро бо ҷоизаи рӯзноманигорони давлати Қазоқистон аз тайи дил табрик мегӯям.

Ҳалолатон бод!

 

Бисёр хоҳиш мекунам мувозеби саломатиатон низ бошед.

 

Дастонатонро мебӯсам,

 

Равшани Темуриён,

рӯзноманигор ва таҳлилгари сиёсӣ,

Монреал, Канада