Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

ЭҲДО БА БОЗОР СОБИР

Бухорои шариф, -

Гаҳвораи мардони нотакрор,

Диёри шоирони шеърҳои рафта бо ҳар боду аз ҳар ёд,

Мазори нангу номи Аҳмади Дониш,

Мазори дардҳои Шоҳини бемор,

Оре, ҷовидон бемор,

Ба ёдат чашми ман тар мешавад ҳар бор.

Ҳама шоир шеъри ватан дорад ва ҳама шоир дар адабиёт ва таърихи он ҷойгоҳи хоси хешро. Ҳамзамон вақте ки ватан мегӯям, дар зеҳнам, аввал, модар ва баъд, шоир мерасанд.

Аз овони кӯдакӣ ибораи шоири ватан ё шеъри ватан, аввал, бо номи Мирзо Турсунзода («Ватан дар ҳар куҷо омад, ба сар форам ҳавои ту...») ва баъд аз ӯ,  бо ашъори шогирдаш - Бозори Собир («Забони модарӣ», «Туро ҳамчун Бухоро дӯст дорам, эй пири бухороӣ!») дар хотираам бештар нақш бастааст.  

Бозор ҳамеша номи устод Турсунзодаро бо эҳтиром ба забон меоварад:

Ҳар гаҳе дар орзуи шеър бардорам қалам,

Дар хаёлам рӯи Турсунзода гардон мешавад.

Ҳам қаламро, ҳам маро хомӯш гирён мекунад,

Ашки ман – ашки ятими шеър борон мешавад.

Б.Собирро ҳамчун шоир дар замони донишҷӯӣ дӯст доштам, ҳамчун инсон ӯро дар солҳои ғурбат аз наздик шинохтам. Дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи Миллиии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.Ленин). Акнун баъди 25 сол дарк кардаам, ки ин факулта бузургтарин мактаб, таълимгоҳ, пажӯҳишгоҳ, китобхона, ганҷ будааст. Ин ганҷро бо ситораҳояш: Ш. Ҳусейнзодаву В. Асрорӣ, Д. Тоҷиеву Н. Сатторӣ, М. Қосимоваю Р. Мусалмониён, С. Табарову А. Сӯфиев, Б. Камолиддинову А. Саторзода, Т. Хаскашеву С. Имронов, С. Воҳидову А. Нуралиев, И. Усмонову Э. Шоев, Х. Асозодаву Н. Қаҳҳорова, С. Ҳалимову М. Давлатов, устодони арҷманд Норматову Муҳибову Бобомуродову Гулмуродзода  ва чандин ходимони фарҳангу илм (агар номашонро фаромӯш карда бошам, маъзарат мехоҳам) воқеан ба китобхонаи Сомониёни Бухоро табдил дода буданд. Ба муҳити ин ганҷ эҷодиёти устод Бозор таъсир дошт. Суханаш замонаро сӯрох мекард. Шеъраш заминӣ ва носозгор бо ҳокимияти худкомаи давр буд. Ӯ пеш мерафт, ҷилав қадам мениҳод, давр, ҳокимият ақаб мемонд. ҳукумат бедарак монда буд, ки Бозор қишри бофарҳанги асосии ҷомеаро кайҳо бо худ бурдааст. Мусобиқаи миёни ҳокимият ва Бозор ба ҳавосанҷи кишвар мубаддал шуда буд. Мардум мунтазири садои Бозор буданд.....

Ба гуфтаи Бозор вай кайҳо «шоириро чаппагардон» карда буд «аз пушту рӯ». Ҳокимият ба гирду атрофи шоир таваҷҷӯҳнамуда, баъзеи онҳоро ба худ гарм кард, Бозор ҳамоно:

Кӯҳи вазнин сояҳо дорад сабук,

Шахси ман ҳамсояҳо дорад сабук.

-ро замзама кард.

Ҳокимият роҳи дигарро дар баробари шоир пеш гирифт: мунаққидеро вазифадор кард ва он паҳлӯи эҷодиёти ишқии Бозорро зери танқиди шадид гирифта, онро ғайриахлоқӣ ва ашъори шоирро сексӣ хонд. 

Боз ғалоғулае ба само печид. Ҳатто баъзе бузургон аз пушти ҳокимияти «ахлоқӣ» рафтанд.

Ҳамон вақтҳои «бӯҳрони ахлоқӣ» дар кишвари коммунистӣ, дар рӯзи тӯйи арӯсии ҷигарбандон (1984) адабиётшиноси номвар Раҳими Мусалмониён дар баробари наздикон дӯсташ Бозорро ба маҷлиси хонаводагӣ даъват намуд.

Шоир барои навхонадорон Манижа-бону ва Сиҷуатуллоҳи нозанин (ёдаш ба хайр!) шеъри ишқӣ хонданро шӯрӯъ кард.

Ту ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ,

Ба зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.

Ба ҳар куҷо, ки равӣ, дар ман аст решаи ту,

Ту эй гул, аз қалами сабзи устухони манӣ.

Ҳамон лаҳза мунаққид Соҳиб Табаров аз паси миз боло шуда, маҷлисро тарк кард. Вақте ки Бозор мисраҳои охирини шеърашро замзама мекард:

Туро насиб кунад ишқи ман, ҳамин кофист,

Маро насиб кунад ними бистари ту, бас аст.

Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода бо як ҳаракати барқосо айнакро аз чашмонаш гирифта, ба сӯи роҳи хурӯҷ қадам зад. Устод Ҳусейнзода, ки шогирдаш Бозор дар шеъри «Сипос» ӯро «Хӯҷаи Хизри қаламдастон» хитоб карда буд, толорро тарк мекард....

Бозор қироати шеъри тозаи дигари хешро давом дод:

Зангӯлазанон гузашт борон,

Чобуку ҷавон гузашт борон,

Бо силсилаҳо гузашт борон,

Бо шилшилаҳо гузашт борон,

Монанди занон гузашт борон.

Субҳи дигар вакте ки дар дарс аз устод Худойназар Асозода дар бораи тақризи маҷаллаи «Садои Шарқ» дар бораи китоби ашъори ишқии Бозор Собир пурсидам, эшон нуктаи назари хешро ошкоро баён дошт:

«Барои эҷодиёти устод Бозорро нақд кардан мисли Бозор ва ҳатто болотар аз Бозор будан даркор аст. Дар бораи устод Бозор навиштан қалби «Бозорона» бояд дошт».

Ҳамла ба Бозор дар матбуоти коммунистӣ ташдид пайдо кард. Ӯро зиддикоммунист ва шоири фаҳш эълон мекарданд. Дар роҳравҳои Иттифоқи нависандагон агар аз дур медиданд, ки Бозор меояд, фавран худро ба ҳуҷрае мезаданд, то ҳукуматдорон аз он хабардор нашаванд, ки фалонӣ бо Бозор салому алейк кард. Бозор дар хонааш гӯё ҳабс шуд. Аз хонааш садои шеъраш баланд буд:

На аз он тортанакҳои ғазалбофам ман,

На аз ин чанд ҳиҷогӯи пур аз ҳилаву фан.

Нанамудам ҳунари назм ба як мушт сухан.

Баъди ин коммунистон ва баъзе бузургон ба лофзаниву суханбозӣ Бозорро сарзаниш карда, ватанпарастии ӯро таҳти суол қарор доданд. Шоир боз ҳам ботамкинӣ ба онҳо посух дод:

Дар замони мо суханбозӣ ҳунар нест,

Эй ватанбозон, ватанбозӣ ҳунар нест!

Ҳеҷ кас ва ӯ ҳам шахсан намедонист, ки ин фишору таҳқирҳои режими коммунистӣ дар баробари он озору азобу машаққати давраи ҷангӣ дар баробари як шоири саркаш ва боғурури миллат як навъ гӯшмоле беш набуд. Ҳамон замонҳо аз қатли шоир Пабло Неруда дар сӯг буд ва худаш мегуфт:

Розиам бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям чун Саъди Салмон,

Бо гуноҳи шоирӣ дар чоҳу зиндонам кунанд,

Чун Ҳилолӣ шеър дар лаб сангборонам кунанд.

Дар таърихи Тоҷикистон ягон шоир ва ё нависандаро барои ашъор ва ё осораш ба зиндон напартофта буданд. Ҳатто коммунистон бо ин қадар қудрат ва нафрат ба Бозор ҷуръати ба зиндон партофтани ӯро надоштанд. Аммо таърихи тоҷикон «чаппагардон» шуд. Бори аввал дар садсолаи ахир шоирро ба зиндони ҳукуматӣ партофтанд. Ба ибораи устоди гиромӣ Раҳими Мусалмониён  шахсе, ки «53 соли умрашро дар Шӯравӣ гузаронд, аммо ҳаргиз шеъре дар васфи коммунист, инқилоби Октябр ва Ленин нагуфт» нӯҳ моҳи умри хешро дар зиндони ҳукуматии рақами якуми пойтахти кишвар сипарӣ кард. Аз ҳама аламовараш ин буд, ки ҳукуматдорони кунунӣ хабарнигори телевизионро ба зиндон ба назди устод Бозор Собир фиристоданд, то рӯҳи шоирро шикананд ва ӯ «тавба» кунад. Тирашон хок хӯрд. Шоир «тавба» накард. Мардум ҳамон шаб амиқан дарк кард, ки шоир ва миллат тавъаманд.

Дар ватан аз шоирон як шоири зиндонӣ ман будам,

Дигарон буданд шоирҳои зиндонбон.

Ҷомаи ман бӯи зиндон мекунад то ҳол,

Бо чи собуне бишӯям ҷомаи худро?

Танҳо коре карда метавонистанд, ки мисли Фаррухии Яздӣ даҳонашро бидӯзанд. Ҳамин тавр ҳам мекарданд, аммо таҳти фишори созмонҳои ҳуқуқи башари дунё шоири миллӣ аз зиндони «ҳукуматии рақами якуми миллӣ» раҳо карда шуд.

Аз ватан вақте, ки мерафтам,

Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт,

Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.

Гуфтам аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи ватанро,

Баъд аз бигзор, бигзор!

Ман набинам рӯи ӯро,

Ӯ набинад рӯи манро.

Хостам дар шишаи танги ҳавопаймо ба ин маънӣ

Хат кашам инак,

Вале он шишаро нохост бӯсидам,

Чун дилам мехост бӯсидам,

Чун дилам мехост бӯсидам,

Бӯсаам дар шишаи танги ҳавопаймо намеғунҷид.

Ахиран дар Тоҷикистони навин мӯд шудааст, ки масъалаи ватанпарастии касеро суол кардан. Аввал ин ки, ҳеҷ фарде ҳақ надошт ва надорад на дар Тоҷикистони пешин ва на дар Тоҷикистони навин ҳисси ватанпарастии касеро таҳти суол қарор диҳад. Ин ҳақро фақат таърих ва миллат дорад. Миллат бо пазироии ҳамагонии асари таърихии «Забони модарӣ» беш аз се даҳсола  қабл аз ин ватанпарастии Бозорро дар дилу дидааш ҷо кард.

Бори дуввум,  ин мавзӯъ даҳ сол пеш бо шеъри «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд» «асфалтпӯш гардида» ба моли фарҳанг ва таърихи ҳама давру замонҳои ин миллат мубаддал гашт.

Ҳарчанд Бозор ҳамчун як инсон наметавонад аз ин рафтори баъзе нотавонбинон нороҳат набошад: 

Ёдҳои ман ман пуранд аз бодҳои новазон,

Чашмҳои ман пуранд аз обҳои норавон.

Аммо қаҳрамонҳои ашъори ӯ, ба мисли, модари дӯсти шоираш Лоиқ аз деҳи Мазори Шариф ва кампири Назокат аз рустои Сӯфиён ҳамеша ӯро пушту паноҳанд:

Дасти ларзони сафедораш маро

Аз лаби ҷарҳо дуо дорад сабук.

Бозор ҳам чун Лоиқ ва Лоиқ ҳам чун Бозор муносибати дӯстонаи миёни онҳоро  ҳаргиз дар «витрина»-и ҷомеа ба маърази тамошо намегузошт ва намегузорад. Он меҳр ва дӯстӣ дар қалби ҳар яки онҳо абадист. Соли 1985 вақте ки Бозор он меҳри поки шахсиашро ба дӯсти шоири тавоноаш «Барои Лоиқ» ифода кард:

Дидаам шеъри туро дар пештоқи хонаву айвони тоҷик,

Дидаам шеъри туро дар сангҳои гӯри фарзандони тоҷик.

Марсиятҳои туро чун аз паси тобути худ,

Хонда-хонда рафтаам ман аз паси тобути Маҳмуд....

Устод Лоиқ Шералӣ низ эҳтироми амиқи ҳамқаламашро дар ґазале бахшида ба Бозор Собир адо намуд:

   Мову ту дар шоирӣ џон медиҳем,

   Оқибат дар кунҷи девори сухан.

Бозор ба синни 70 қадам ниҳод, қалбаш ҳамоно ошиқ аст, ошиқи ҳамон зан, ки модари фарзандонаш ва дар ҳама маврид ва дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ бо ӯ буд ва Љаст. Ҳамон зане, ки Бозор «дар қафои чашмаки зиндон» дида буд, Ҳамон зане, ки вақте шавҳари шоираш дар сахтиҳои ғурбат «фарши калисоро мешуст», аз дастранҷи ӯ барои фарзандон ва падари онҳо хӯрок мепухту сабуриро пеша карда буд, Ҳамон олиҳае, ки замони амали ҷарроҳӣ дар лаҳзаи аз тапиш мондани қалби шавҳараш, гуфт «Худоё! Бозор ҳақ надорад бимирад!» ва дили Бозор боз ба задан даромад, он ҳамон аст:

Аз мӯй то зонуи ту як мӯ набахшам бар касе,

Аз хоки поят заррае дору набахшам бар касе.

Ӯ хушбахт аст, ки чунин занро дорад. Мо, миллат, тоҷикон низ хушбахтем, ки Бозорро дорем.

Шояд замоне мисле, ки ӯ аз Сиэттли Америка ва банда аз Монреали Канада солҳои тӯлонӣ одат кардаем аз тариқи телефон сӯҳбатҳои ғурбатӣ дошта бошем, аммо ногаҳонӣ, комилан ғайричашмдошт ва ноогоҳ аз ҳамдигар, ба ҳам на дар Америка ва на дар Канада, балки .... дар Ватан вохӯрем...

...Шаҳри Душанбе, яке аз рӯзҳои тобистони соли 2004, дар сари роҳ, рӯ ба рӯи фурӯшгоҳи «Ласточка» дастамро бардоштам, ки маршруткаи рақами 2 истод шуд. Боло шудаму назарам ба ...устод Бозор ва янгаи Гулчеҳра афтод, ки ҳар ду канори ҳам дар қатори васат нишаста буданд. Ба чашмонам бовар намекардам, ки се муҳоҷир: ду нафар аз Америка ва сеюмӣ аз Канада баъди беш аз як даҳсола дар Ватан, дар воситаи нақлиёти асосии зиёиёни тоҷик – маршруткаи шаҳрӣ боз вомехӯранд.

- Хуш омадӣ ба Ватан, писар! – бо табассуми хоси худ пешдастӣ карда хитоб кард устод.

- Тоҷикистонро нур овардед, устод! Тоҷикистон пур шуд! – гуфтам ман аз ғояти ҳаяҷон.

Он лаҳза бароям хоберо мемонд. Бисёр мехоҳам, ки он лаҳзаи дидор дар Ватан бори дигар такрор шавад.

Ҳамааш дар дасти Худованд, ҳамааш насибу тақдир, мегӯянд тоҷикон.

Имрӯз ҷашни ту, устод, ҷашни 70-ат. Ҳамчун як фарзанд, шогирд, дӯст ва ҳамразмат мегӯям:

«Туро ҳамчун Бухоро дӯст дорам, эй пири Сӯфиёнӣ! Поянда бош бар сари миллат!»

Шояд рӯзе нашрияҳои Тоҷикистон пур аз сарлавҳае аз чоп бароянд: «Пири Сӯфиёнӣ ба Бухороаш баргашт!»

Кӣ медонад, шояд он рӯз наздик аст. Зинда бошем онро хоҳем дид....

Монреал, Канада

ноябри соли 2008