Дӯсти бузурги Ќомеаи тоЌикони Канада, инсони шариф, ходими давлати ва фарЉангии Эрон дар синни 86-солагӣ дар муЉоЌирати тӯлонӣ дар шаЉри Монреаль дунёро падруд гуфт.

Дуктур Шодмон дар ғурбат Эрони бостониро барои худ эъмор намуда, дар атрофи хеш форсу тоЌик, курду афғон, арманиву озариву дигар форсизабонони Хуросони Кабирро Ќамъ намуд.

Вақте ки Бухорову Самарқанд Усрувшанаву ХӯЌанд, Бадахшону Хатлон мегуфти чашмонаш медурахшиданд. Эшон Љамеша тоЌиконро эрониёни қадимӣ медонисту ифтихор мекард. Дуктур Шодмон Наврӯзи тоЌиконро хеле тавсиф карда, зикр мекард, ки тоЌикон асолати Наврӯзро то имрӯз нигоЉ доштаанд.

11 сол қабл вақте ки муЉоЌирони аввалини тоЌик ба шаЉри Монреал қадам ниЉоданд, эшон нахустин раЉбари анЌумани фарЉангу адаби эрониёни Канада буданд, ки тоЌиконро хайра мақдам намуда, онЉоро дар паЉлӯи хеш биншонд.

ТанЉо баъд аз даргузашти дуктур мо фаЉмидем, ки эшон чун варзишгари номӣ, капитани тими миллии баскетболи Эрон дар БозиЉои Олимпӣ, сармураббии тими миллии баскетбол, раиси федерасиюни баскетболи Эрон, вазири мушовир, муовини нахуствазири Љукумати Эрон ва шаЉрдори ТеЉрон будаанд. Дар ғурбат дар тайи беш аз 30 сол дуктур Шодмон ба шахсияти бузурги фарЉангӣ ва адабии аЉли ЉиЌрат табдил ёфтанд. Ћомеаи тоЌик д-р Шодмонро Љамчун адабиётшинос, шоир, мунаққид ва ходими барЌастаи фарЉангӣ шинохтанд.

Њанӯз Ќомеаи форсизабони Канада эЉсос накардааст, ки чи дурре чи гавЉареро аз даст додааст. Ћои д-р Шодмон Љамеша холӣ хоЉад буд.

Алвидоъ, устоди азиз, д-р Шодмон!

Ћомеаи тоЌикони Канада