Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

...Моҳи иноябри соли 1994 устод Латифӣ бисёр пофишорӣ намуданд, ки ман барои чанд рӯз ба Маскав оям ва масъалаи ҷои кори ояндаи маро ҳал намоянд. Бо як азобу машаққат худро ба Маскав расондам. Аз дафтари намояндагии ширкати «Истравшан» воқеъ дар назди истгоҳи метрои Курск ба устод занг задам. Устод Латифӣ садои бандаро шунида, хеле ба ваҷд омаданд. Як-як аз ҳама ёру дӯстон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пурсон шуданд. Ҳар дафъа «Мулло Сайфиддин» гуфта, аз Сайфиддин Тӯраев ёдовар мешуданд.

Баъд устод ба ман хабари хушеро расониданд:

- Бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Салими Аюбзод ва мудири шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ Музаффар Орифӣ дар бораи шумо сӯҳбат намудам. Шуморо ба ҳайси хабарнигори ин радио дар Маскав ба кор мепазиранд. Зеро Салими Аюбзод бо даъвати раҳбарияти радио барои кори доимӣ ба қароргоҳи РАО/РО ба шаҳри Мюнхени Олмон интиқол меёбад. Шумо ҷойнишини ишон дар бюрои маскавии Радиои Озодӣ мешавед. Шумо бояд ҳарчи зудтар бо Салимҷон вохӯред....

Ҳамин лаҳза якбора садои ба замин афтодани гӯшии телефон ба гӯшам расид. Баъди чанд лаҳза янгаи меҳрубон Манзурахон ба ман гуфтанд, ки устод Латифӣ боз ба бӯҳрони диққи нафас дастбагиредон шуда, аз ҳуш рафтаанд...

Рӯзи дигар барои аёдати устод ба шифохона рафтам. Вақте ки ба ошёнаи дуюми шифохона мебаромадам, ҳаяҷони сахте маро дар оғӯш гирифт: охир устод Латифиро беш аз ду сол надида будам. Ғайричашмдошт, роҳрави ошёнаи дуюм холӣ ба назар мерасид, гуиё касе дар бемористон ҳузур надошт. Дилам таҳ кашид...

Дар роҳрав қадам зада, ба дари ҳар утоқ (ҳуҷра) чашм медӯхтам. Баста буданд дарҳо. Ниҳоят дари ҳуҷраи сеюмро боз дидам. Дар назди кати хоби ягона, ки дар мобайни ҳуҷра меистод, устод Латифӣ дар либоси кабуди варзишӣ рост истода, ба сӯи ойина дида медӯхтанд. Устод нигоҳи маро эҳсос намуда, ба сӯи дар назар карданд. Баъд дастҳояшонро ба ду тараф боз намуда, ба пешвози ман омаданд. Мо ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем. Аз ғояти эҳсосот надониста мондем, ки ашкҳоямон чу дарё ҷорй...

Бо ҳам хеле сӯҳбат намудем. Қариб ҳамаи рӯзноманигоони шаҳид ва зиндаро ба ёд овардем. Устод аз ҷараёни музокироти сулҳи Тоҷикистон маро муфассал огоҳ намуда, зарурати инъикоси комили раванди сулҳро аз тарафи расонаҳои хабарӣ ба миён гузоштанд:

 

- Мулло Равшан! Гӯшанишинӣ бас будагист?! Шумо бояд ба Маскав бояд кӯчед ва иншооллоҳ, ба кори фаъолонаи рӯзноманигориатон идома диҳед. Ҷаноби Даниэл (Музаффар Орифӣ) ва Салимҷон (Салими Аюбзод) пешниҳоди маро дар бораи ба тими ҷадиди радиои Озодӣ ҳамроҳ шудани Шумо ҳама ҷониба дастгирӣ менамоянд...

Бемории диққи нафас устодро азият медод. Обу ҳавои Маскав барои саломатии устод мувофиқ набуд.

Рухдоди тамоман ғайричашмдоште ба миён омад: тасмими пешакӣ дар бораи таъиноти ба вазифаи хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскав бо омадани ман ба пойтахти Русия бекор ва қарори дигаре интишор шуд: маро дар қатори ҳампешагонамон Салими Аюбзод, Обид Шакурзода, Искандар Алиев ва Бадалбӣ Аюбова ба қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ воқеъ дар шаҳри Мюнхени Олмон даъват карданд. Баъди як моҳи таҷрибаомӯзӣ ва имтиҳон бо ҳамаи мо қарордод баста, бо хонаводаҳо ба маркази нави Радиои Озодӣ дар Прага кӯчониданд.

Дар замони фаъолияти корӣ дар садои Озодӣ (Прага) зуд-зуд бо устод Латифӣ дар тамос шуда, сӯҳбатҳои тӯлонӣ мекардем. Устод ҳамеша таъкид мекарданд, ки сулҳи Тоҷикистон бидуни гузашт ба даст намеояд ва ҳамеша роҳи ҳалли зӯровариро маҳкум менамуданд. Рӯзҳои нахустини кориам дар Радиои Озодӣ як умр дар ёдам нақш бастааст: Дар сӯҳбате аз устод Латифӣ пурсидам:

- Раҳбарони оппозитсиони тоҷик дар ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ хеле фаъоланд, вале намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо шунидани номи радиои америкоӣ авзоашон беҷо мешаванд. Устод Латифӣ гуфтанд:

- Ана ҳамин камбудиро ислоҳ мебояд! Зеро демократия ин нест, ки танҳо назари як тараф ҳамеша инъикос ёбад, балки тарафи дигарро низ аз хоб бедор намудан лозим аст...

Охири моҳи майи соли1995 ман бори аввал ба намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, вазири вақти амнияти миллии Тоҷикистон Сайидамир Зуҳуров ва сухангӯи вақти Президенти Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатов занг зада, мусоҳибаҳои телефонӣ анҷом додам. Баъди ин рухдод, тамоси телефонӣ бо намояндагони расмии давлати Тоҷикистон ба анъанаи ҳаррӯза дар Радиои Озодӣ  табдил ёфт.  

Дигар мулоқоти мо бо устоди арҷманд Латифӣ дар моҳи июли с.1996 дар Ишқобод – пойтахти Туркманистон ҳангоми даври панҷуми музокироти сулҳи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Раҳбарияти Радиои Озодӣ бандаро барои инъикоси гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ба Туркманистон фиристод. Ду ҳафта бо устод Латифӣ ва дигар дӯстон, ҳам аз ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам аз ҳайати Нерӯҳои муттаҳидаи оппозитсиони тоҷик сӯҳбату мубоҳисаҳои сулҳу ҷанги Тоҷикистонро мекардем. Аз соати даҳи субҳ то дервақтии шаб дар бӯстонсарои Президенти Туркманистон шоҳиди гуфтушуниди таърихии ҳаммиллатони хеш будам. Шоми бевақт ба меҳмонхона бармегаштам ва аз пой меафтодам. Ман, ки бори нахуст дар музокираҳои ду тарафи мухолифи Тоҷикистон иштирок доштам, то он замон ба мавзӯъоти асосӣ ва атрофи гуфтушунидҳо сарфаҳм намерафтам.

Тарафҳо ҳамдигарро комилан қабул надоштанд. Эҳсоси нобоварӣ ва шак ба ҳамдигар ду ҷиноҳи тоҷикро ба душманони ашаддӣ мубаддал карда буд. Ҳеҷ падидаи сулҳ ва ё оштӣ ба чашм намерасид. Аз бӯи муаттари сулҳ хабаре ба машом намерасид ва то сулҳи тоҷикӣ роҳ хеле дуру душвор дар пеш буд...

Ҳайатҳои ду ҷониб дар муҷтамаи меҳмонсароҳои дараҷаи олӣ (люкс) воқеъ дар беруни шаҳри Ишқобод ҷо ба ҷо карда шуданд. Ҳайатҳои музокиракунандаи тоҷикро ҳар рӯз субҳ ба маркази шаҳр, ба макони гуфтушунид бо мошину автобусҳо меоварданд ва бегоҳ боз ба меҳмонхонаҳои беруни пойтахт бармегардониданд. Ман, ки мехостам вазифаи хешро беҳтару саривақт иҷро намоям ва дар наздики ҳайатҳо бошам, тасмим гирифтам дар масофаи баробар аз ҳар ду ҳайат тақрибан 500 метрӣ аз меҳмонхонаҳои вакилони ҳукумати Тоҷикистон ва оппозитсиони тоҷик, дар меҳмонхонае ҷой гирам.  

Поёни кисмати саввум