Равшани Темуриён | Монреал, Канада               

Ба бачаҳои туву ман

Вақте як рӯз бузург шуданд

Фардо, ки мехонд бидунанд

Куҷо ба дунё омаданд

Бигӯ ҷавобамон чие?

Ҳарфи ҳисобамон чие?

Дар бораи устод Отахони Латифӣ навиштан бисёр душвор аст. Зеро, ба назари ман, дар бораи Латифӣ навиштан дар сатии Латифӣ ва ё мисли Латифӣ будан лозим аст…

Номи устод Отахони Латифиро бори аввал дар ҳалқаи рӯзноманигорони ҷавон ҳангоми таҳсил дар бахши рӯзноманигории донишкадаи адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоџикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) шунида будам. Навиштаҳои устодро аз рўзномаи «Правда» мутолаа карда, кўшиш мекардам чеҳраи воқеии он касро пеши назар биёрам. Сабки кории Латифӣ дар рӯзнома нигориши зиндагии воқеӣ, дурусттараш рӯзноманигории виждон буд. Ин ҷо намехоҳам дар атрофи навиштаҳои устод, ки аз ҷониби шогирдонаш ва пажӯҳишгарон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтаанд, ҳарф занам. Хушбахтона, бандаро муяссар шуд, ки бо ин шахсияти бузурги таърихӣ, рӯзноманигори беҳамто, нависанда, сиёсатшинос, сиёсатмадор ва марди шарифу хирадманд аз наздик ошно шавам.

Бори аввал ман бо устод Отахони Латифӣ дар бинои Радиои Тоџикистон вохўрдам. Он кас Виктор Кожемяко - муовини сардабири рўзномаи «Правда»-ро, ки дар ҷумҳурии мо сафари хидматӣ дошт, ҳамроҳӣ мекарданд. Баъди поёни мулоқот бо кормандони садо ва симо, устод Латифӣ чанд лаҳза бо мо ҳамсўҳбат шуданд. Дар баробари дигар кормандон ман ҳам худро ба устод муаррифӣ кардам. Он кас ғайримунтазира бароям гуфтанд:

- Нақдҳои Шуморо дар масъала ва мавзўъи кино дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо шавқ мехонам.

Ман аз шарм сурх шудам.

Дертар дар поёнии бозсозӣ устод Отахони Латифӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон таъин шуданд. Хеле хуш буд, ки чунин як шахсияти бузург дар ҳукумати коммунистии шахшуда таъин гашт ва умеди банда ҳам монанди дигар рӯшанфикрони тоҷик ба он буд, ки ҳукумати коммунистӣ воқеан дар пайи ислоҳоти ҷиддии низоми фарсудаи хеш аст. Дар ҳукумат ҷой гирифтани устод Латифӣ барин шахсият қалбҳои моро ба ояндаи нек гарм мекард. Субҳи рўзи дигар пас аз ин рухдод аз дафтари корӣ - Идораи барномаҳо барои ҷавонони садои Тоҷикистон ба устод Латифӣ занг зада, ишонро табрик гуфтам ва барои ширкат дар барномаи мустақими «Ҷавонӣ» даъват кардам. Устод дар ҷавоб ба ман бо нармӣ гуфтанд: «Аз рўи одоби давлатдорӣ хуб нест, ки шахси нав ба вазифа таъиншуда ва ҳанўз ба кор шурўъ накарда, дар расонаҳои хабарӣ «худнамоӣ» кунад. Биёед ин гуфтугўи мустақимро то ба рўзҳои «пухта расидан» мавқуф гузорем.

 Баъд рўзҳои пурталотуми митингҳои ду Майдон ва нооромиҳои сиёсӣ чанд дафъа бо устод Латифӣ дар вазъияти мухталиф рў ба рў шуда, дар робита ба ояндаи Тоџикистон мубодилаи афкор ба миён омад. Рўзе ин рухдод дар ёдам нақш бастааст, ки устод Латифӣ ҳамроҳи шоир Лоиқ Шералӣ ва олим Акбари Турсон аз дарвозаи кӯчаи Бохтари Қасри Раёсати ҷумҳурӣ баромада, аз назди бинои вазорати мудофиа сўҳбаткунон ба самти майдони Озодӣ равон мешуданд. Ин се гули сари сабади фарҳанги тоџик, ки нақши миёнҷиро миёни бародарони хунии ду сангари мухолиф бар дўш гирифта буданд, дар фикри оштии Майдонҳои ба ҳам мухолиф буданд. Банда, ки он замон вазифаи котиби матбуоти вазорати мудофиаро ифо мекардам, ҳамроҳи ду мақоми баландпояи вазорат сарҳанг марҳум Абдулқаҳҳор Саломов (рўҳашон шод бод!) ва сарҳанги вақт, ҳоло генерал Содиқ Бобоҷонов дар назди бинои Вазорат истода будам. Ҳар сеямон ба истиқболи устодон Латифӣ, Лоиқ ва Турсон баромадем. Устод Латифӣ пурсиданд:

- Аҳволи вазорат ва амнияти амборҳои силоҳ дар чӣ ҳоланд?

Сарҳанг А.Саломов чунин посух доданд:

- Амборҳои силоҳ посбонӣ мешаванд, вале Вазорат қариб ба ду Майдони мухолиф ҷудо шудааст. Ин вазъ барои ҷумҳурӣ хеле хатарнок аст, устод.

Устод Латифӣ афсурдаҳол ба тарафи ҳамроҳонаш назар дўхт. Лоиқ хомўшона сигорашро фурўзон кард, Турсон ба фикр ғўта зад.

Пас аз хайрухуш устод Латифӣ ва ҳамроҳонаш ба сўи бинои Шўрои Олӣ пиёда роҳ пеш гирифтанд.…

Ҳамон вақт касе намедонист, ки ҷанги бародаркуш сар мешаваду устод Латифӣ, сарҳанг Абдулқаҳҳор Саломов, муаллифи ин сатрҳо дар қатори ҳазорон тоҷик роҳи ғурбатро пеш мегиранд. Ба вижа, барои устод Латифӣ дар пиронсолӣ гуреза шудан ва дарк кардан, ки вай овора аст, кори хеле сангин ва хеле аламовар буд. Гули сари сабади рӯшанфикрони Тоџикистон, яке аз саҳифаҳои дурахшони матбуоти тоҷик, ки баъди хизматҳои устод Садриддини Айнӣ барои матбуоти миллӣ ва ба Душанбе овардани матбааи аввалин аз ҷониби устод Абулқосими Лоҳутӣ, устоди рӯзноманигорони демократии тоџик, устоди мактаби муосири матбуоти Тоџикистон ва бо ифтихор гуфта мегӯям: устоди муаллифи сатрҳои мазбур, ки бевосита дар тарбияи банда ҳамчун рўзноманигор ва муҳаррири радиои Озодӣ саҳми бағоят бузург дорад. Отахони Латифӣ шахсияти нодир ва нотакрор ба шумор мераванд. Мутаассифона, мо воқеан, дар замони зиндагии устоди арҷманд натавонистем хидматҳо ва қадри эшонро ба таври бояду шояд ба ҷо орем, зеро ҳамаи мо ҳамеша аз пушти рўзгори нобасомони гурезагиву парешонҳолӣ, дарбадариву сағирагӣ нафаҳмида мондем, ки устод Латифиро аз мо рабуданд. Хеле аламовар аст, ки мо - шогирдон дар вақти зарурӣ, дар вақти зиндагии эшон, вақти сангини дарбадарии устод, замони хуруџи касалии диққи нафас (астма), замони қатли муаллими азиз аз дасти ҷинояткорони миллаткуш ҳамроҳаш набудем…

Ибтидои замони сангини дарбадариву саргардонӣ банда аз шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё ба устод Латифӣ, ки он замон дар шаҳри Маскав муҳоҷир буданд, занг задам. Устод ба ман гуфтанд, ки эшон Маркази нерўҳои демократии Тоҷикистонро дар Кишварҳои муштаракулманофеъ таъсис доданд ва аз номи ин Марказ ва Иттиҳодияи Нерўҳои Оппозисиюни Тоҷикистон аз мани журналисти ғайриҳизбӣ хоҳиш доранд, ки нақши миёнҷиро байни раҳбарияти ИНОТ ва давлати Ўзбакистон дар робита ба имконияти ташкили музокироти сулҳи Тоҷикистон бар дўш гирам. Устод гуфтанд, ки дар ин робита эшон бо раҳбарияти нерўҳои оппозитсиюн машварат кардаанд.                        

Поёни кисмати аввал