Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

Ман розигии хешро ба устод Латифӣ эълом дошта, субҳи рўзи дигар аз шаҳри Гулистон рафта, ба дастгоҳи Раёсати ҷумҳурии Ўзбекистон занг зада, онҳооро аз вазифа ва ваколатҳои хеш огоҳ сохтам. Баъди тақрибан се рўз аз Тошканд хабар омад, ки маро ба майдони Мустақиллики Тошканд (Раёсати ҷумҳурҳ) даъват доранд. Бори дигар ба Маскав занг зада, устодро аз ин хабар огоҳ намудам, ки бо ваколатҳои ишон омодаи сафари Тошканд шудам. Устод Латифӣ ба ман «роҳи сафед» таманно карда, дар поёни сӯҳбат гуфтанд:

- Худо хоҳад, корҳо хуб мешаванд, мулло Равшан… Ҳамаамон, Худо хоҳад, ба Ватан бармегардем ва боз рўзе меояд, ки ин лаҳзаҳоро ба ёд меорем....

Ман дуои хайри устод Латифиро фоли нек дониста, роҳи Тошкандро пеш гирифтам. Тақрибан соатҳои 12-и рўз ба назди Бинои Раёсати ҷумҳурии Ўзбекистон расидам. Маро намояндагони дастгоҳи президенти ин кишвар пешвоз гирифта, баъди гуфтушуниди кўтоҳе дар қабулгоҳи Раиси ҷумҳур чанд лаҳза маътал гузоштанд. Чанд лаҳза баъд яке аз мушовирони давлатии Президенти Узбекистон (номашро фаромӯш кардаам) ба назди ман омад, ва пас аз аҳволпурсҳ гуфт:

- Президент Каримов ҳайатеро бо сарварии вазири мудофиаи Ўзбекистон Рустам Ахмедов ваколатдор карданд, ки бо Шумо гуфтушунид намоянд.

Ман аз таваҷҷўҳи президенти Ўзбекистон ба низоъи дохилии Тоҷикистон ташаккур намудам. Ёварони президент Каримов маро ба мошин савор намуда, роҳи қароргоҳи вазорати мудофиаи ин кишварро пеш гирифтем.

Дар дафтари кории вазири мудофиа Мушовири давлатии президент Каримов, вазири мудофиаи Ўзбекистон Р.Аҳмедов, муовини раиси хадамоти амнияти ин кишвар, сардори ситоди неруҳои мусаллаҳ ва сарфармондеҳони неруҳои ҳавоҳ ва пиёдагард ва боз як нафар аз ёварони президент Каримов нишаста буданд.

 Сӯҳбатро Мушовири давлатии президент Каримов шурӯъ кард:

- Президенти Каримов моро дастур доданд, ки бо Шумо гуфтушунид намоем. Маъзарат мехоҳам, Шумо кҳ ва кадом гурўҳро намояндагҳ мекунед?

- Банда Равшани Темуриён, рўзноманигори ғайриҳизбҳ ва сухангўи собиқи Сарвазири Тоҷикистон ҳастам ва аз ҷониби раҳбарияти Маркази нерўҳои демократии Тоҷикистон дар Маскав ва оппозитсияи тоҷик ба ҳайси миёнҷӣ ваколатдор шудам то Президенти Ўзбекистон ҷаноби Каримов Ислом Абдуғаниевичро аз мавқеъи нерўҳои демократии Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик огоҳ созам.

Вазири мудофиа Рустам Аҳмедов:

- Мушаххас гуфта метавонед, кадом аз раҳбари мухолифини тоҷик Шуморо ваколатдор кард?

- Бале. Маро ҷаноби Отахони Латифӣ, раиси Маркази нерўҳои демократии Тоҷикистон дар Кишварҳои муштаракулманофеъ дар машварат бо раҳбарияти нерўҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ваколатдор намудаанд.

- Хеле хуб. Президенти Ислом Абдуғаниевич Каримов мехоханд бидонанд, ки чаро мухолифини давлати Точикистон ният доранд дар Точикистон давлати исломй бисозанд…

- Ҳеч кас ин ниятро надорад. Эҳтимол, дар эътилофи оппозисиюн будани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чунин як шубҳаеро ба бор оварда бошад. Тасаввур кунед, ки дар ҳаштод соли ахир коммунистони рус аз мардуми мо коммунист месохтанд ва ҳамин қадар ва ё ҳатто зиёдтар  вақт дозим аст, ки мардум ба шакли исломии давлатдорҳ омода шавад. Ин як бофтае мебошад, ки мақсад вайрон кардани Тоҷикистон аст.

- Лекин Президенти Ӯзбекистон ҳеч гоҳ розӣ нахоҳанд шуд, ки дар Тоҷикистони ҳамсоя Тўраҷонзода ва Нурӣ барин ашхос сари қудрат оянд… Пешниҳоди Шумо чист?

- Ҷаноби Отахони Латифӣ ва раҳбарияти нерўҳои эътилофи оппозитсиони тоҷик аз Президенти мўҳтарами Ўзбекистони бародар ва ҳамсоя ҷаноби Ислом Абдуғаниевич Каримов даъват мекунанд, ки барои оғози музокироти сулҳи Тоҷикистон мусоидат намоянд ва ба ҳайси миёнҷӣ дар гуфтушунидҳои ду тараф саҳми фаъол бигиранд…

- Оё русҳо розӣ мешуда бошанд, ки чунин музокира ба роҳ монда шавад?

- Бале, намояндаи Борис Николаевич Елтсин – Президенти Русия ба раҳбарияти оппозитсиони тоҷик ва Созмони Милали Муттаҳид мувофиқати хешро барои гуфтушуниди тоҷикон эълом доштааст…

Дафтари кории вазири мудофиаи Ўзбекистонро якбора хомӯшӣ фаро гирифт. Рустам Аҳмедов ба Мушовири давлатӣ ва ёвари президент Каримов назари суоломез ва ғайриоддие намуд. Мушовири давлатии Президент Каримов ҳамон замон аз ҷои нишаст баланд шуда, ба ҳуҷраи дарунии дафтари кории вазири мудофиа гузашт. Баъди чанд дақиқа Мушовири давлатии Президенти Ўзбекистон ба назди мо баргашт.

Ман аз дохили «дипломат»-ам нусхаи мусоҳибаи тозанашри Президенти Иттиҳоди Шўравии собиқ Михаил Горбачёвро бо хабарнигорони тоҷики муқими Маскав берун овардам ва рўи миз гузоштам. М. Горбачёв дар бораи ҳарчи зудтар доир намудани гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон сухан гуфта буд. Рустам Аҳмедов ва Мушовири давлатӣ ба шубҳа ва нобоварона ба мутолааи мусоҳибаи Президент Горбачёв гузаштанд. Мушовири давлатӣ баъди шинос шудан бо матни мусоҳиба онро бо худ гирифта боз ба ҳуҷраи дохилии дафтари кории вазири мудофиа рафт. Пас аз сипарҳ шудани чанд лаҳзаи интизорҳ ў ба назди мо баргашт ва суханашро ин тавр шурӯъ кард:

- Президент Ислом Абдуғаниевич Каримов гуфтанд, ки давлати Ӯзбекистон аз гуфтушуниди тарафҳои даргири ҷанги дохилии Тоҷикистон пуштибонӣ ба амал хоҳанд овард ва ҷониби солими оппозитсиони тоҷикро дар симои Отахони Латифӣ,  Давлат Худоназаров ва дигарон, ба истиснои исломиҳои радикали тоҷик эътироф мекунанд.

Баъд, Мушовири давлатӣ ба гӯши Р.Аҳмедов  чизе гуфт. Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Р.Аҳмедов  ба сўи ман нигоҳ карда гуфт:

- Президенти мо ҳамеша тарафдори оромии тоҷиконанд. Охир, як тарафи худашон ҳам тоҷик аст. Узви дигари гуфтушунидҳои мо (ӯ ба сўи фармондеҳи Нерўҳои низомию ҳавоии Ўзбекистон ишора карда) ҳам тоҷики водии Фарғонаанд. Хеле хуб шуд, ки қувваҳои солими тоҷик президент ва давлати Ўзбекистонро эҳтиром намуда, моро ба гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон даъват менамоянд. Мо тарафдори сулҳ дар Тоҷикистони ҳамсояем. Шумо ба ҷаноби Латифӣ ва ҳамроҳонашон расонед, ки президенти мо ҳама имконияти хешро барои гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон истифода хоҳад кард…
Бо ҳамин миссияи миёнҷигии ман байни нерўҳои оппозитсиони тоҷик ва давлати Ўзбекистон, ки 40 дақиқаро дар бар гирифта буд, ба охир расид. Ман ҳамон замон аз назди бинои ТуркВО бо таксӣ роҳи шаҳри Гулистонро пеш гирифтам. Аз Гулистон ба устод Латифӣ занг зада, аз ҷузъиёти мулоқотам бо ёварони Президент Каримов нақл кардам. Устод садои маро шунида, хурсандии худро пинҳон намекарданд. Ҳар лаҳза такрор ба такрор «Офарин, Мулло Равшан, кори аҷиберо анҷом додед», - гўён маро таъриф мекарданд. Дар охир фармуданд:

- Аслан, ман хеле парешонҳол будам, ки Шуморо чӣ тавр қабул мекарда бошанд. Вале ғайримунтазира, ин мулоқоти Шумо бо намояндаҳои ҳукумати Ўзбекистон барои аҳли муҳоҷират, нерўҳои оппозитсиони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон фавқуллода муҳим аст.


Поёни кисмати дуввум