РАМЗУ РОЗИ БАҚОЙИ ХУРОСОНИ БУЗУРГ

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Абӯабдуллойи Рӯдакӣ


Бо дуруди Наврӯзӣ ба ҷумла тоҷикони берунмарзӣ.
Бобокалони мо Устод Рӯдакӣ мунодии эҳёи таърихии мост. Ва ӯст, ки ба ворисонаш ба унвони насиҳат фармуда:

Замона аспу ту ройиз ба ройи хешат тоз
Замона гӯйу ту чавгон баройи хешат боз.

 Ҳарчанд ки мо на ҳамеша ба ин насиҳат пайваста г
ӯш карда пеш рафтаем, фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумуле, ки эҷод кардаем, ба қавли Абулқосими Фирдавсӣ, “на гашти замона бифарсоядаш” ва “на чун мо табоҳӣ пазирад ҳаме”!

1

Сохтори хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад, ки ба унвони муҷассамайи суннати зиндайи мардум замонати бақойи рӯзгори ӯст: яке забони форсисту дигар ҷашни Наврӯз. Ва аз ин рӯ ҳам, ҳар истилогаре, ки Ориёзаминро забт карду мардуми зодсарвашро таҳти итоати худ нигоҳ доштан хост, пеш аз ҳама ин ду рукни ҳастии таърихии аҷамиёнро шикастанӣ шуд: ё забони форсиро хонабанд кард, ё ҷашнгирии Наврӯзро боздошт ва ё ҳар ду.   

Юнониёни мақдунӣ ҳамин ки Эронро забт карданд, нахуст Тахти Ҷамшедро оташ заданд.Валекин ин оғози истилойи Ориёзамин буд. Дар анҷом мебоист сутунмӯҳрайи маънавии халқу кишварро шикастан. Дар воқеъ, аз қавли Низомӣ гӯям,

 

Сикандар бифармуд, к-эрониён

Кушоянд з-оташпарастӣ миён.

 

Сарафшонони Искандар, ки ӯро вассофони таърихиаш шогирди Арасту мехонанд, иҷройи фармони он “шоҳи оқилу одил-ро аз китобсӯзӣ сар карданд. Ва нахуст нодиртарин дастхатти Авесторо, ки дар чандин пӯсти гов бо оби тилло навишта монда буданд, аз хазинайи Доро берун оварда оташ заданд!

 

Искандарпарастони ҳазорайи сонӣ афсонае бофтаанд, ки гӯё Александр дастхати Авасторо нобуд накарда будаасту ба Юнон бурда тарҷума кунонда. Э кош, ҳамин тавр мебуду матни пуррайи Авасто ҳам мисли Таврот дар тарҷумайи юнонӣ боқӣ  мемонд! Мутаассифона, ин ба воқеият ва мантиқи таърих рост намеояд; шогирди Арасту будан, ҳанӯз нишони хирадмандӣ нест! Хусусан ки худи Арасту, ки ӯро Абӯалии Сино «Муаллими Аввал» мехонд, дар дилу зеҳни Искандари ҷавон нисбат ба эрониёну турониён кин парварда будаст!

 

Абулқосими Фирдавсӣ бе ишора ба фоҷиайи таърихии пойтахти Ҳахоманишиниён гуфта, ки «Каёнро бад-он ҷойгаҳ фахр буд». Якинан муродаш фақат ин набуд, ки хабар диҳад: «нишастангаҳ он гаҳ Истахр буд». Оре, Истахр суннати сиёсии Эрони Бостонро таҷассум мекард. Онро маҷозан Тахти Ҷамшед ҳам гуфтандӣ, ки сабаб дошт: нишастангоҳи рӯҳу равони ориёӣ низ ҳамон ҷо буд. Ва маҳз ӯст, ки бандҳойи гусастайи занҷири замонро ба ҳам васл намуда ваҳдати маънавии аҷдоду авлодро бақойи абад мебахшид. Пас, баройи ҳокимияти юнониён ё арабхойи ғолибро дар Эрону Турон устувор намудан Искандар ва сонӣ Қутайбаро мебоист даставвал ҳофизайи таърихии мардуми мағлубро кӯр кардан.

 

Вале чунин кори таърихсӯзро на ину на он натавонистӣ кардан!

Ҳақиқати таърихист, ки Эрону Турон пас аз истилои араб дар арзи дусад сол дар ҳоли хомӯшии таърихию фарҳангӣ қарор дошт. Аммо баъд... Эҳёи Аҷам оғоз шуд, ки сартосари гетӣ ғулғула афканд. Хитобайи манзуми ҳаким Фирдавсӣ «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ фақат каломи мавзуне нест, ки шоир ба унвони фахрия гуфта бошад; садойи хурӯши оламгири маданиятест, ки шаш қарни тамом вулқонвор шӯълаафшонӣ карда шӯҳрайи офоқ гашт. Сарчашмайи илҳомаш бошад, як навъ гуфтугӯйи ғойибонае буд бо гузашта; замонае, ки ба “ду қарни сукут” сабаб гардид, пули таърихиро миёни гузаштаву ҳозирайи Аҷам сӯзонданӣ шуд, вале он пули рӯҳонию равоние буд миёни аслҳо ва наслҳо ва бад-ин ҷиҳат шикастнопазир.

2

... Мо се нафар ширкаткунандагони кунгурайи шашсадӯмин солгарди вафоти Хоҷа Ҳофиз ба тамошойи бозори шаҳри Шероз рафтем. Аз миёни растайи мисгарон мегузаштем. Пешаварони эронӣ гӯё аз харидорон парвое надоштанд. Ҳадди аксари онҳо болғайи чӯбин ба даст бо сарусадое, ки мусиқиомез ба гӯш мерасид, саргарми кори худашон буданд.

Ҳамин вақт ба як гурӯҳ итолиёвиҳо рӯбарӯ шудем, ки мисли мо сайру сафо доштанд. Яке аз онҳо, ки рӯзи аввали кунгура бо ман унс гирифта буд, ҳазломезона гуфт:

-- Шумо, ки ҳамшаҳрии Бӯалии бузургвор ҳастед, шояд ба ёд дошта бошед, ки шабонгаҳе сарусадойи мисгарони самарқандӣ ӯро безобита карда будаст..

Ман ҳанӯз ҷавоб надода будам, ки дигар як меҳмони хориҷӣ ба ҳалқайи мо даромада ба гуфтугӯямон пайваст ва зимнан афзуд:

-- Дар паси чизе, ки мегӯед, муаммойи таърихие ниҳон бувад. Агар бозори Шерозро ойинайи рӯзгори эрониён хонем, ба таҷҷуб меандешем, ки аз замони Ибни Сино ин ҷониб тариқи зиндагии мардум тағйир наёфтааст...

-- Ба назари Шумо ин ҳусн аст ё кубҳ? – бо оҳанги эътирозомез пурсид роҳбалади  эрониамон. – Агар ҳусн аст, балки онро зуҳури як навъ қудрати рӯҳонӣ донист?  .

-- Маъзарат мехоҳам, -- таҳмизроб зад ҳамон меҳмони хориҷӣ, -- вале аз нигоҳи урупоиён рукуди рӯзгорро  наметавон далеле бар қудрати рӯҳонии инсон хонд. Алан онро суннатгаройӣ гӯянд, ки дар шоҳроҳи пешрафти ҷомеа як навъ садди чинист.

-- Аз назари кадоме аз урупоиён? – Ин дафъа пурсидам ман. --
Урупоиёне низ ҳастанд, ки мегӯянд: аҳли порсигӯ шеваҳойи дерини рӯзгорашонро посдорӣ намекунанд: дар таърихашон басе шуда, ки эрониён суннатҳойи худро ба осонӣ фаромӯш карда, расму ойини бегонагонро ба зудӣ пазируфтаанд. Дар омади гап гӯям, падари таърихнигорӣ Ҳеродот ин хислати эрониро таъриф кардааст!

Ҳамсӯҳбати эрониамон нуктагирона афзуд: ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи худогоҳ Парвиз Нотили Хонларӣ аст, ки гуфта: “Пеш аз он ки эрониён ранги бегона гирифтанд, бегонагон эронӣ шуданд, ҷомайи эронӣ пӯшиданд, ойини эронӣ пазируфтанд, ҷашнҳойи эрониро барпо доштанд...

Бисёр хуб гуфтааст равоншод Нотили Хонларӣ!
Агар эрониён (албатта манзур аз эрониён ҷумла қавҳойи ориёнажоди форсизабон аст, ки тоҷикон аз ҷумлайи онҳостанд) фарҳанги бегонаро аввал ҷомайи эронӣ пӯшонда баъд қабул карда бошанд, пас аз ин амру амал хулосайи дигар ҳам баровардан мумкин аст. Хираду одоби худашон ба ҳадде рушду камол ёфта будааст, ки бо юнониён -- мутараққитарин миллати  Урупойи онвақта -- ба гуфтугӯйи баробарсанги фарҳангӣ пардохта тавонистаанд . Дар воқеъ, дар замоне, ки мардуми эронитабор ягон қудрати низомӣ ё сиёсӣ надошт, халифаҳойи аббосиро кӣ маҷбур карда метавонист, ки ба танашон либоси эронӣ пӯшанду ба сарашон кулоҳи эронӣ ниҳанд ва ё ба дарборашон шеъру адаб ва мусиқии эрониро роҳ диҳанд ва низ маросимҳойи онҳо, махсусан ҷашни Наврӯзро, ки аз суннатҳойи сирф ориёисту ба анъанаҳойи динии сомӣ рост намеояд, зинда кунанд...

Наврӯз таҷассуми ҳастии таърихии Хуросони Бузург ва ва кафили бақойи рӯзгори мост!