ШОИСТА МУЛЛОЧОНОВА

1925 - 2010

Чомеаи точики Канада аз хабари даргузашти нобахангоми Хунарпешаи мардумии Точикистон Шоиста Муллочонова амикан андухгин буда, ба ахли хонавода ва наздикони мархума, ахли хичрат ва Конгресси яхудиёни бухороии Иёлоти Муттахидаи Америка ва Канада ва тамоми мардуми шарифи Точикистон изхори хамдардй ва тасаллият мекунад.

Шоиста Рубиновна Муллочонова соли 1925 дар шахри Сталинобод (Душанбе) ба дунё омада, беш аз 60 соли умри пурбаракати хешро ба Точикистони азизаш ва мардуми инсонпарвари он бахшида аст.

Бузургони миллати точик Бобочон Гафури, Чаббор Расулов, Мирзо Турсунзода, Сотим Улугзода, Чалол Икроми, Мухаммадчон Осими, Юсуф Исхоки, Мухаммадчон Шакурй, Муъмин Каноат, Лоик Шерали, Бозор Собир, Акбари Турсон ва дигарон ба хунари волои маликаи хунари Точикистон Шоиста Муллочонова арчу эхтиром гузоштаанд.

Бо шуруъи норомихои карни гузашта дар Точикистон, Шоиста Муллочонова бо пайвандонаш ба Америка хичрат намуда, беш аз 20 сол дар гурбат  ба сар мебурданд. Эхтимол миёни ахли хичрат кам чунин ашхосе пайдо шавад, ки мисли Шоиста Муллочонова ошики Точикистон бошад. Ягон маъракаи ахли хичрати точикистониён бидуни ширкати фаъоли ин хунарманди худодод ва ватанпараст барпо намешуд ва Шоиста Муллочонова хамеша гули сари сабади чомеаи мо - гарибон буданд.  Нафасхои охирини Шоиста-апа дар бемористони яхудиёни Лонг Айланди Нйу Йорк иттифок уфтоданд.

Даргузашти Ш.Муллочонова барои ахли хичрат басо зарбаи сахтест ва чои ин нигини рахшони хунар хамеша холй хохад монд.

Якинан, миллат ва ахли хичрат боз як ситораи тобони бемислашро аз даст дод...