Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

Рӯзи дуюми гуфтушунид, вақте ки ба дафтари матбуотии музокироти сулҳи Тоҷикистон воқеъ дар бӯстонсарои Президенти Туркманистон омадам, бо ҳамкасбам Муҳаммадатои Султон, хабарнигори Бунгоҳи иттилоотии «Ховар», ки бо ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба мулоқот омада буд, вохӯрда, хеле хурсанд шудам. Мо ҳамдигарро қариб чор сол надида будем. Маълум шуд, ки Муҳаммадато бидуни ягон маблағ ва ҳатто ҷои хоб дар Ишқобод гуфтушуниди тоҷиконро барои мардуми кишвар инъикос мекунад. Ман ӯро ба меҳмонхонаи худам даъват намуда, пешниҳод кардам, ки то поёни гуфтушунид бо ман ҳамроҳ бошад. Ӯ ҳам хеле шод шуд, ки дар чанд ҳафтаи оянда аз дидори ҳамдигар сер мешавем ва ҳамроҳ раванди музокиротро инъикос хоҳем кард.

Қариб ҳар шом бо навбат ба меҳмонхонаи ҳайати ҳукуматӣ ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик рафта, бо устодону дӯстон аз Ҳар ду тараф сӯҳбатҳо мекардем.

Устод Латифӣ маро барои сарфи ношто (субҳона) ба меҳмонхонаашон даъват карданд. Замоне ки ба толори пазиройии (ресторан) меҳмонсаро ворид шудам, ҳайати оппозитсиони тоҷик ба истиснои сарвари ҳайат Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода сари субҳона нишаста буданд. Мо бо устод Латифӣ дар сари мизи чорнафара ду тан ҷой гирифтем. Устод чун ҳамеша табъи хуш дошт ва чеҳрааш нуронӣ ба назар мерасид. Аз ман ва фарзандонам пурсон шуданд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки бо шарофати меҳрубониҳои устод ман ва оилаам соҳиби як бурда ноне шудем ва ин некиҳои устоди азизро Ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Устод Латифӣ аз ин суханони ман як зарра ноҳинҷор шуданд:

- Мулло Равшан! Ҳамаи он чизро худатон бо истеъдод ва фаъолияти хуби рӯзноманигорӣ ба даст овардед ва банда ҳақи устодӣ дорам.

Баъд, ба мавзӯъи асосӣ - гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон гузаштем.

Устод Латифӣ аз ман пурсиданд:

- Ба назари Шумо музокироти кунунӣ чӣ тавр аст?

- Дар ҷангҳои Тавилдара сарбозони давлатӣ, фарзандони мардуми тоҷик зиёд кушта шуданд ва рӯҳияи мардуми дохили Тоҷикистон дар баробари размандагони оппозитсион майли тағйирот ба самти манфӣ аст. Агар нерӯҳои оппозитсион воқеан ҳусни нияти нек аз худ нишон доданӣ бошанд, бояд асиронро бидуни ягон қайду шарт озод кунанд.

Устод Латифӣ сарашонро рӯи миз хам карда, ба хаёл фурӯ рафтанд.

- Ин чизро ман ҳам ба инҳо (ба сӯйи мизи М.Ҳимматзода ишорат карда) гуфтам. Як гурӯҳашон розӣ, вале ҷиноҳи дигарашон шадидан зидди бидуни қайду шарт озод кардани бачаҳоянд. Дар ин ҷанги таҳмилӣ фақат тоҷикон мемиранд, фақат фарзанди тоҷики бечора...

- Устод, натиҷаи ин даври гуфтушунидҳо чӣ мешавад?

- Ҳоло вазъияти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик беҳтар аст, зеро шаҳраки Тавилдараро таҳти назорати хеш доранд. Ва аз ин рӯ пофишорӣ доранд, ки ин даври гуфтушунидро бо дарназардошти ин пешравии муҳим ба анҷом расонанд.

Онҳо (ба самти меҳмонхонаи ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ишорат намуда) бо ҳар роҳ Тавилдараро бозпас гирифта, баъд зери чанд ҳуҷҷати музокирот имзо гузоранд. Умуман, Ҳар тараф манфиатҳои сиёсиву ҳарбии хешро бештар дар назар доранд, то...

- Аслан гуфтушунид чанд ҳафта давом ёбанд...

- Маълум нест чанд ҳафта идома меёбад. Ба фикри ман, тарафи ҳукумат онро бо ҳар роҳе, ки гӯё машварат бо Душанбе доранд, кашол медиҳанд.....

- Ин чӣ маънӣ дорад, устод?

- Машварат бо Душанбе – ин як баҳона. Аслан, тавре ки Мирзои Зиё аз тариқи мухобира ба устод Нурӣ гуфтааст, ҳукуматиҳо бо пуштибонии неруҳои Русия ва бачаҳои аз кӯчаву хиёбон ҷамъ карда, дар назди Тавилдара таҷаммӯъ карда, ҳамлаи густурда болои размандагони оппозитсион омода мешаванд, то шаҳраки Тавилдараро бозпас гиранд. Танҳо пас аз ин ҳамла, ҳайати Душанбе асноди заруриро ба манфиати ҷониби хеш имзо карданист.

Ҳини сӯҳбати устод Латифӣ бо банда сарвари ҳайати вакилони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода барои сарфи субҳона вориди толор шуданд. Ишон бо ҳамагон бо сарҷунбонӣ ва табассум саломуалейк намуда, дар паси мизе, ки чанд лаҳза пеш Ҷумъабойи Ниёз, Мирбобои Мирраҳим ва боз як нафари дигар (ин ҳар се аз зиндониҳои сиёсӣ ба шумор мерафтанд) нишаста буданд, ҷой гирифтанд. Ин вақт яке аз аъзои ҳайати оппозитсион, ки хеле шӯх буд, бо садои баланд гуфт:

- Қозидомулло! Муборак шавад! Шумо Ҳам ба ҷамъи зиндони («тюремщик»)-ҳо пайвастед. Зиндон такмил шуд!

Тамоми толор бо шунидани чунин шӯхии ногаҳонӣ аз таҳи дил хандиданд.

Ҳафтаи нахустини гуфтушунид бидуни натиҷае ба поён расид. Намояндаи вижаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Герд Дитрих Меррем ба ман ва Муҳаммадатои Султон изҳор дошт:

- Бо сабабҳои фаннӣ (техникӣ) гуфтушунид барои як ё ду рӯз ба таъхир меафтад, зеро вакилони ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд бо раҳбарияташон машваратҳо доир намоянд.

Мо бо Муҳаммадато бо нияти хӯроки нимрӯзӣ роҳи тарабхона (ресторан)-ро пеш гирифта, пасон ба меҳмонхона баргаштем. Ба утоқи меҳмонхона ворид шуда, нияти истироҳат доштем. Муҳаммадато ба айвон (балкон)-и утоқ баромад ва маро садо кард:

- Акаи Равшан, ин ҷо биёед. Бубинед, киҳо дар ҳавз шино доранд.

Ба айвон баромадам. Боварам намеомад: устод Отахон Латифӣ ҳамроҳ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Ҳабиб Сангинов  дар ҳавзи бологушодаи меҳмонхона бо ҳавас ва шавқи ҷавонӣ шино доштанд.

Аз айвони ҳуҷраи меҳмонхона монанди кӯдак фарёд задам:

- Устод! Барои шино ба ин ҷо меоеду ба хонаи ман намедароед?!

Ҳабиб Сангинов бо шунидани садои банда ба устод гуфт :

- Муаллим, Равшан ин ҷо зиндагӣ мекардааст!

Муҳаммадаторо гуфтам:

- Биё ба назди устод Латифӣ ва ҳамроҳонашон биравем. Муҳаммадато ба суйи ман нигоҳ кард:

- Агар ман ба шумоён ҳамроҳ шавам, сӯҳбат қӯр намегирад, зеро ба ин ҷо бо намояндагони ҳукумат якҷоя омадаам.

- Устод Латифӣ рӯзноманигоронро ба ҳукуматӣ ва оппозитсионӣ тақсим намекунанд.

Муҳаммадато изҳор дошт:

- Ман устод Латифиро дар назар надорам, балки аз тафсири ояндаи нишасти мазкур аз ҷониби баъзе аз намояндагони ҳайати ҳукуматӣ дар бим ҳастам. Хоҳиш мекунам, шумо ба назди устод биравед, бо иҷозат ман каме фароғат мекунам.

Аз кашфу дарки ин воқеият хеле афсурда шудам, вале худро ба даст гирифта, назди устод Латифӣ рафтам. 

 

Поёни кисмати чаҳорум