Акбари Турсон | Филоделфиё, ИМА

АЌЛ ВА АДЛ

Аз сомонаи "Ахли мухочират":

Устоди нобига Акбари Турсон яке аз нодиртарин ва бузуртарин точики бурунмарзй  - ахли хичрати мо ба шумор мераванд. Устоди Аллома хамеша аз пушти эчод ва илманд, осору маколоти донишманди сатхи чахонй нуктахои догтарини зиндагии инсон ва миллат, таърих ва фарханг, асолати точикй ва масъулиятшиносии миллй дар баробари ояндагон ва сайёра, пажухиши фалсафии инсоният ва миллат бо  казияхои нодири нестандарчахонии "Турсонй" ба хар яки мову Шумо такдим мегардад. Мо хануз хам дарк накардаем, ки то чи дарача хушбахттарин инсон, точикем, ки хамдавру хамнафасу хамкарну хамнишасти ин Алломаи замон хастем. Факат вучуди чисмонии устод Акбари Турсон то чи андоза гаму дардхои тулониву амики дарбадариву хаёти сангини хичратро осон мегардонанд, мо - точикони  ахли хичратро ба ояндаи нек дилгарм месозад. Бо лутфу мархамати устоди аллома, машварату пуштибонихои он кас, вучуди чисмонй ва рухонии ишон комати ахли хичрат вокеъ дар Иёлоти Муттахидаи Америка ва Канада хамеша болост. Устод Акбари Турсон худ далел ва нишонаи асосии вучуди ин чомеа, ин ахли хичрат, ин точиктаборони Америкаи Шимолй махсуб мешаванд, ки хама хичратиён ба фардои НЕК бо калбхои реш-реш, вале ПОК ва БЕГАРАЗ ба сарнавишти Ватани азизи мо - Точикистон дида медузанд.

Чанде пеш устод Акбари Турсон силсилаи гуфторхо бо дусташон, ветерани журналистикаи точик Дорои Дустро дар мачаллаи "Садои Шарк" нашр намуданд ва мо бо ичозати бузургвор онро дар сомонаи мазкур дастраси хонандагони шабакаи чахонй мекунем. Инак, ибтидо "Пешгуфтор"-и устод Акбари Турсон ба гуфтугу бо рузноманигор Дорои Дуст:

  Солњои шастум мо, як гурўњ љавонони соњибќалам, мањфиле доштем: њамсол набошем њам, вале њамлафзу њамфикр ва ба як њисоб њамдостон будем. Ба навбат дар хонаи якдигар љамъ омада ва сонї ба лаби рўди Душанбе рафта, љумла мушкилоти гетиро аз фарш то арш муњокима ва њатто, чунон ки зеби айёми љавонї бувад, ќотеъона њаллу фасл мекардем. Боре – аниќ дар ёдам нест, рўзи таваллуди Кўњзод буд ё Абдунабї – ваќте дидам, ки Лоиќу Сорбон ба завќ ба шоњмотбозї пардохта, дар гуфтугўямон ширкат намеварзанд, кинояомезона гуфтам:

– Мегўянд, ки дар мањфилњои интеллигентњои тоинќилобии рус асосан дар атрофи ду масъала часпу талоши аќлонї мекардаанд: «Кї гунањкор?» ва «Чї бояд кард?» Тафаккури иљтимоии тољикона бошад, ѓолибан ба саволи аввал таваљљўњ карда, саволи сониро ба ўњдаи шоњу фарзини дигарон мегузорад!

Лоиќ аз тахтаи шоњмот сар бардошта пурсид:

– Љадди моро дар Њинд «тољики лашкаршикан» мехонданд, таъриф буд ё таоруф?

– Худситої буд! – љавоб додам ман – Чунки муаллифи ин маљоз Амир Хусрави Дењлавї буд, ки аз дасти чингизиён гурехта, аз Шањрисабз ба Њиндустон фирор кардааст. Вале аз тарафи дигар...

– Аз тарафи дигар, – суханамро аз дањонам гирифт Доро, – њамон тољики лашкаршикан бо зарби тозиёнаи саркардаи турк ба Њинд рафта, дар забту ишѓоли сарзамини њамнажодони ориёиямон иштирок карда буд!

– Бояд низ ба назар гирифт, ки ба саволи «Кї гунањкор?» љавоб ёфтан осон аст, – ба љараёни бањсамон њамроњ шуд Ўрунбой, – Мо-ку ба дуру дароз фикр карда нишастан одат накардаем! Њатто дар бозии шоњмот! Аљаб нест тољикон дар ихтирои шоњмот бо њиндувон њамкорї карда бошанд, вале аз миёни тољикон чемпиони љањон он тараф истад, њатто як гроссмейстр њам набаромадааст!

– Шоњмот – меъёри аќли расо нест, чунон ки макрро нишони камоли аќл донистан нашояд, – луќма партофтам ман.

– Айби худ тољик набинад њељ замон,

Бошад андар љустани айби касон! – ба ќавле, адабгуфторї кард касе.

Лоиќ ба Сорбон танзомезона гуфт:

– Мебинї, ки ин дафъа як аспи зиёд дораму дигар донањоям аз лашкари ту дида фаъолтаранд. Вале барои бо ѓалаба анљом додани бозї бояд пайваста фикр карду хеле њушёр буд, ки мабодо аз омади кор саргарм шуда ба хатое роњ надињї. Чун ман тољик њастам, ин ду кор баробар аз дастам намеояд. Бинобар ин, биё, бозиамонро «дуранг» гўему ба сари дастархон баргардем!

Баъд ба мо рў оварда, чизе гуфтанї буд, ки боз њамон овози шиносро шунидем:

– Абулњасани Фаррухї аз ќудрати килки суханпардозаш болида гуфтааст:

Ќалам ба соате он корњо тавонад кард,

Ки ољиз ояд аз он корњо ќазову ќадар!

– Гап фаќат болои нек ё бад будани њамон корњост, ки шоирон, аз љумла худи Фаррухї ба унвони Маликушшуарои дарбори Ѓазнавиён, барояшон боистаю шоиста донистаанд, – андешамандона шарњ дод Лоиќ. – Ба њар њол айб аст ё аљаб, ки саранљоми иќдоми некхоњонаи соњибќаламон на њамеша некасар будаст. Иллаташ шояд ин бошад, ки басе «килкашон ёр гашта бо шамшер» (Саної)!..

Њамин гуна бањсњо доштем як замон, гарчанде ки гуфтугўњои онваќтаамонро «бањс» гуфтан ба маънии њозираи истилоњ чандон рост намеояд.

Аз байн андаряк сї сол гузашт.

Боре њангоми яке аз тамосњои телефониам бо Дорои Дўст гуфтугўи љолибе ба амал омад:

– Ваќте ки эссеи фалсафиатонро дар бораи пиндору рафтори баъзе равшанфикрони амрикої дар «Азия Плюс» хондам, як бањси айёми љавониамон ба ёдам омад, ки нотамом монда буд. Бардошти ман аз андешаномаатон ин аст, ки њамон равшанфикрони ба ном неоконсерватор, ки аксарияташон воќеанависию рўзноманигориро касб кардаанду дар њунари авомфиребї њам мањорат доштаанд, аз љумлаи ќаламкашоне будаанд, ки «килкашон ёр гашта бо шамшер». Ман як чизро намефањмам: чї тавр мешавад, ки донишманди оламшинос ё нависандаи одамшинос, ки њар ду фарќи хайру шарро наѓз мефањманд, дидаю дониста бо Ањриман њамдастї мекунанд? Ин бархўрди маънавии Мотсарт ва Салйериро мемонад, ки Пушкин ба унвони њикмати азалї хулоса карда буд: нобиѓа ва бадкор ду ќутби ба њам комилан бегонаанд! Дар мактаби советї моро таълим дода буданд, ки дар тўли њазорсолањо инсон фаќат аз баракати аќлаш зинда монд ва сабзиду афзуд. Магар ин хато буд? Балки аќли инсон бо мурури замон кам шудааст?!

Дар љавоби ин савол фикр карда мондам ва охир гуфтам:

– Ќудрати аќл њамоно кам нашуда, аммо ниёзи љомеа ба фазлу дониш костааст! Муњимтарин нукта ин аст, ки худи хулосаи маъмул дар боби он ки фарзандони Одам дар масири таърих танњо ба шарофати аќлашон зинда мондаанд, ба ислоњи фалсафї ниёз дорад. Агар сабаќњои рушди таърихиро тањлилу таркиб карда бароем, бароямон возењу равшан мешавад, ки инсонро на ин ки аќл, балки хирад наљот додаст. Манзурам аз хирад аќлест, ки азтаљрибаи рўзгор ѓанї гардида ва аз нури ахлоќ мунаввар шуда.

– Ба забони шарњу мисолњо гап занед, ки мо њам фањмем, – њазл кард Доро.

– Њукми зеринро гирем, ки дар суннати маънавиамон зарбулмасал шудаст: «Адл он аст, ки ноќис фидои комил бувад». Ин хулосаи аќлонист, ки аз маромият (ба маънии зарурати табиї, иљтимої, давлатї ё сиёсї) бармеояд. Чунончи, дарвинизми иљтимої (сотсиал-дарвинизм) ном аќидае њаст, ки пиринсипи интихоби табииро дастури њамагонї дониста, рушди иљтимоиро ба тараќќии табиї баробар мекунад, яъне дар љомеаи одамї њам дар мубориза барои зиндамонї пирўз шудани љинсњои баќувват ва озмудашуда омили пешрафт будаст. Чунин ќазияи куллиро, ки ба мантиќ мувофиќ асту ба адлу инсоф мухолиф, аќли холис ё сиёсати аќлгаро (ратсионалистї) бо далелу бурњони ќотеъ рад ё бекор карда наметавонад. Ба ин кор фаќат тафаккуре ќодир аст, ки аз файзи ахлоќи волои иљтимої бањра бардоштааст. Дар зимн бояд низ ба назар гирифт, ки олим ё нависанда аз зоти фаришта нест ва ба унвони фарде аз ањли башар сириштаест аз љумла њусну кубњи фарзандони Одам – хислатњои неку баде, ки ба рангу раванди эљодиёташ беасар нестанд...

Ин гуфтугў оѓози муколимае буд, ки якуним сол аз тариќи Интернет идома дошт. Дар ин муддат доираи мавзўъи гуфтугўямон вусъат гирифта, масъалањои куллиеро дарбар гирифт, ки ба мавќеъ ва маќоми ањли фазлу дониш дар љомеа доир буданд. Њамзамон уфуќи муњокимаю мулоњиза њам торафт васеъ шуда, ба ќаламрави таърих, фарњанг, фалсафа ва њатто равоншиносию равонковї доман густурд. Мазмуни муколимаро пешакї хулоса намекунам, бигузор хонандагони «Садои Шарќ» худашон хонда ќазоват кунанд. Фаќат зикр карда гузаштани ду чизро салоњ медонам. (1) Ањли ќалам ягона табаќаи иљтимоист, ки аз тариќи худшиносї ќавму љомеаи худашро мешиносад ва ба сойири халќу миллатњо мешиносонад. (2) Наќши иљтимоии ин табаќаи њассосу њушманд махсусан дар гардишгоњи таърихи љомеа ба маротиб меафзояд.