Проф. Асадулло Саъдуллоев: Муаллим, Олим ва Инсон

Муаллими азизам Асадулло Саъдуллоев 70 сола шуданд. Муаллиме, ки ба шарофаташон алифбои журнализмро омухтем, мисле, ки рохгардиро ёд гирифтем, ба сони чун рузноманигор навиштану харф заданро омухтем ва аз хама асосиаш одоби журналистиро аз ишон тадрис намудем.

Устод калби моро ба касби рузноманигорй хамеша гарм нигох медоранд. Устодам Саъдуллоев хеле хоксор, фурутан, нармгуфтор, паси хамаи ин хислатхои накуи инсонй у олим аст. Олими вокей, ки журналистикаро аз нуктаи назари илм мавриди пажухиш карор медихад. Илмаш илми зиндагист. Зиндагиаш рушан, вокеи, ошкоро, маданияташ хеле баланд, ба иззати нафси касе намерасад, рузгори хоксорона ва мардумй дорад. Шогирдатон Зайниддини Орифй мегуяд: " Устод Саъдуллоев вокеан эчодкори нодир ва хазинаи журналистика хастанд, кош хукумат китобхои эшонро нашр мекарду аз он мардум бахравар мешуданд..."

Устоди махбубам, Асадулло Саъдуллоев!

Чашни зебои 70-атон муборак! Хамеша сихату саломат, бардаму бакувват, хушу хурсанд бошед ва аз зиндагии шахсиву хонаводагй ва ичтимой халоват баред. Банда, чун шогирд, дар кучое, ки хастам бо Шумои муаллим, олим ва инсон ифтихор мекунам. Шумо ифтихори миллии хар як шогирди каламбадастатон ва ин кишвари азизу дардманди мо хастед. Аз Худованди бузургу мехрубон хохонам, ки умри дароз барои устоди инсонхо ва муаллими поку мусаффои ин чомеаи ба ору номус ато намояд.

Хеле дустатон дорам ва ба огуш мекашаматон.

Як шогирди мухочири Шумо бо номи

Равшани Темуриён,

Монреал, Канада