Бозор Собир | "Миллат"           Садриддин Айнӣ забардасттарин тоҷик

- Хуб, аз Шумо бипурсем, ба андешаи Шумо устод Айнӣ кӣ буд ва ӯ чӣ мақоме дар таърихи миллати тоҷик дорад?

- Садриддин Айнӣ забардасттарин тоҷик аст. Агар тоҷик шахсияте дошта бошад, он бешак Айнӣ аст. Айнӣ шахсияти рақами 1- и сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон аст. То Айнӣ мо тоҷикро намедонистем, намешинохтем. Мо худро ё мусулмон мегуфтем, ё форс, ё хуросонӣ. Ин калимаро Айнӣ дар даҳони мо гузошт. Ӯ ба мо талқин кард, ки мо тоҷикем ва дар зери ҳамин калима бояд муттаҳид шавем. Ва мо адабиёти тоҷик чист, намедонистем. Ӯ барои мо «Намунаи адабиёт» навишт. Ӯ барои мо бо забони рехтаву суфтаву содаи тоҷикӣ навишт, ӯ дар бораи қаҳрамонҳои халқи тоҷик китоб навишт. Ҳудуди миллиамонро ӯ бароямон гуфт. Мо то Айнӣ намедонистем, ки Самарқанду Бухоро шаҳрҳои аслии мо тоҷикон, гаҳвораи шеъру тамаддуни мо ҳастанд. Ӯ инро ба мо гуфт. Шахсиятҳои фарҳангии мо аз Айнӣ шурӯъ мешаванд. Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода ва Ғафуров. Дар сари ин шахсиятҳо камтар баҳс кунем, беҳтар аст.


Сухбати пурраи устод Бозор Собирро бо нашрияи "Миллат" дар сомонаи мазкур метавонед мутолиа намоед:

  
 
http://millat.tj/musohiba/2270-bozor-sobirro-eltsin-ozod-kard.html