Солхо чи тавр зуд мегузаранд, солхо гуиё чун мошини хисобкунй, чамъу тарх мешаванд. Аз даргузашти устоди санъати мусикии асили Точикистон Барно Исхокова то рафт солхои бештаре сипарй мешаванд.

Устод Барно мактаби мусикии хешро дошт. У мисли устод Боймухаммад Ниёзов (рухи покаш ба хайр!) хамаи 263 асари "Шашмаком"-ро аз ёд медонист. Чанги дохилй агар устод Боймухаммад Ниёзовро аз Душанбе ба Хучанд бурда бошад, устод Барно Исхоковаро ба Ню-Йорки Америка.

Устод Барно бо ахли чомеаи мухочирати Америкаву Канада хамеша дар тамос буд. Гули сари сабади маъракаву хушхолихои чомеаи мухочират буд. Аз кудумаш хамеша гирдихамоихо гул мекард. Аксаран дар чунин маъракахо бугзи дилашро мебаровард ва такрор ба такрор мегуфт: "Точикистонро пазмон шудам..."

Бори охир чанд хафта кабл аз марги нобахангом садояшро аз тарики телефон шунидем: "Дар кафаси тиллой обу адо шуда нишастаам. Точикистонро ёд кардам..."

Яке аз шогирдони баистеъдоди устод Барно Исхокова, узви чомеаи мухочирати мо, сароянда, охангсоз, шоир ва машшоки машхури Точикистон Рушел Рубинов ба ёди устод Барно охангеро эчод намудааст, ки онро чун таскини дилхои обу адо шудаи мо бароятон такдим мекунем.

Ахли мухочират ва Точикистонат туро харгиз фаромуш нахоханд кард!

Рухи покат хамеша шод бод, устод Барно!


http://www.youtube.com/watch?v=BFYy1-q6unQ