Равшани Темуриён | Монреал, Канада 

Баъди чанд соли дарбадарӣ, духтарам Наргис дар мусоҳиба бо яке аз ҳамқаламони банда - рӯзноманигори боистеъдоди тоҷик Хуршеди Ҷовид дар робита ба ғамхории устод Латифӣ ба шахси банда изҳор доштааст:

«Савол: Чӣ тавр шуд, ки Шумо дар Канада муқим шудед?

Ҷавоб: - Оҳ, ин ҳодисаи бисёр ғамангез аст. Падарҷонам, ки рӯзноманигори тавоно ва шахси бисёр поквиҷдонанд ва наметавонанд дурўғ ва дурўягиро таҳаммул намоянд, маҷбур шуданд Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бо хоЉиши худ тарк намоянд. Аслан, моҳи сентябри соли1998 ҳамагӣ чанд рўз пеш аз қатли устод Отахони Латифӣ, падарам бо эшон сўҳбати телефонӣ доштанд ва дар бораи фазои заҳролуди радиои америкоӣ ба эшон шикоят карданд. Устод Латифӣ (ман шоҳиди ин сўҳбати телефонӣ будам) падарамро ором карданӣ шуда, ваъда доданд, бо ҷаноби Музаффар Орифӣ (дар нафақа дар Нью-Йорк ба сар мебаранд), ки ба ҷои худ Аббоси Ҷаводиро мудири шўъбаи тоҷикии Радиои Озодӣ пешниҳод карда буданд, сўҳбати маҳрамона хоҳанд кард. Рўзи 22-уми сентябр, вақте ки падарам рўзи истироҳат доштанд, ин хабари шуми террори устод Отахони Латифӣ ба гўши мо расид ва аз ҳамон замон мо дар Прага бе пушту паноҳ мондем. Падарҷонам дасту дилашон аз кор ва рӯзноманигорӣ хунук шуд. Болои ин, гапу калоча ва хабаркашиҳои баъзе ҳамкорони падар, он касро тамоман бемор ва заиф сохтанд. Мо танҳо ба хотири аз даст нарафтани падар аз чунин муҳити заҳролуд ва ноҷавонмардонаи Радиои Озодӣ тасмим гирифтем ба Канада кўч бандем. Мо гирёну нолон фурудгоҳи Рузинии Прагаро тарк мекардем. Ин дуюмин муҳоҷирати мо аз дасти баъзе ҳаммиллатони худи мо буд...»

Ба бачаҳомон чӣ бигем?                                                                                                                              Бигем, ки бе ҳувиятем                                                                                                                                    Гадои ҳақ худмон                                                                                                                                        Пушти дарҳои ғурбатем...

 Устод то охирин лаҳазоти зиндагиашон ғамхори шогирди хеш боқӣ монданд. Ин ҷавонмардиву олиҳимматии устод Отахони Латифӣ дар баробари сарнавишти ман ва хонаводаам бемислу бебаҳост. 

Пас аз даҳ соли чашидани ғурбат ба Ватан баргашта, аз забони бархе дар Тоҷикистон дар бораи нақшу ҷойгоҳи устод Отахони Латифӣ дар таърихи миллати тоҷик суханони бисёр номардона ва беадолатона шунидам. Аз ин хотир, банда худро чун шогирди мактаби матбуоти демократӣ ва инсонпарвариву миллии устод Отахони Латифӣ вазифадор медонам, чанд нуктаро дар ин робита барои хӯрдагирон ва айбҷӯён рӯшан намоям.

Нахуст, устод Отахони Латифӣ воқеан давомдиҳанда ва парчамбардори лоиқи ғояҳои миллии абармардони миллати тоҷик ва Тоҷикистон – устодон Садриддини Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Фаъолияту эҷодиёти 22-солаи устод Латифӣ дар рӯзномаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравии собиқ «Комсомольская правда» ва «Правда», поягузори мактаби матбуоти демократии Тоҷикистон. Ҳар чизе, ки устод Латифӣ меофарид, он дар матбуоти шӯравӣ ва Осиёи Миёна ба ҳодисае мубаддал мешуд. Ӯ хоки поку мардумони сарзаминашро чун панҷ панҷааш эҳсос мекард ва медонист. Муносибати устод Латифӣ ба мардум, ба атрофиён, ба аҳли хонавода, дӯстон, ҳамсоягон – ҳама намунаи барҷастаи одамияту хирадмандии ӯст.

Дуюм, устод Латифӣ ошиқи миллати хеш буд, миллате, ки ӯ таъриху рӯзгорашро аз қалбу ҷонаш дӯст медошт. Агар осори устод Латифиро бо диққат аз назар гузаронед, Шумо гӯиё ҳикоёти ширини шогирди Саъдии бузургро мехонед, ки ба идомаи китоби «Гулистон» пардохтааст. ҳамон мӯъҷазбаёнӣ, ҳамон нозуксанҷӣ, ҳамон мӯшикофии саъдиёна, Љамон инсонҳои нек ва ҳокимони гуногунхӯву гуногунхислат.

Ҳатто тарзи либоспӯшии устод Латифӣ мисли Саъдӣ бисёр оддӣ ва заминӣ буд. Олиҳимматӣ ва ҷавонмардӣ хислатҳои асосии устоди маҳбуб маҳсуб мешуд, ки вайро ба шахсияти бузург табдил дод. Ӯ бо шогирдон сахтгир ва ҷиддӣ, бо дӯстон беҳад хушмуомила, боназокат, нармдил ва некандеш ва бо рақибону душманон сахӣ ва хайрхоҳ буд. Устод Латифӣ дар хирад ва андеша аз кулли ҳамнишастони хеш дар сафи аввал қарор дошт ва дар илми инсоният хеле комёб буд. Устод Латифӣ инсоне буд, ки нахустин шуда ба тоҷикон ва оламиён ситораи балети ҷахон Малика Собирова ва ҳунарпешаи нотакрори театру синамои тоҷик Маҳмудҷон Воҳидовро кашф намуд.

Севвум, бархе суол мекунанд, ки чаро устод Латифӣ дар замони ҷанги дохилӣ натавонист худашро дар канор бикашад. Ӯ фарзанди ин миллат буд ва ҳақ надошт гӯшаеро ихтиёр кунад. Зеро ӯ ин мақоли гузаштаро ҳамеша дар ёд дошт: «Ҳар касе, ки дар низоъи дохилӣ худро ба канор мекашад, бояд шахси бевиҷдоне бошад». 

Устод Латифӣ ору номус ва виҷдони поку мусаффо дошт. Ишон чун раҳбари Маркази нерӯҳои демократии Тоҷикистон ва бо ризоияти кулли нерӯҳои рӯшанфикру демократии Тоҷикистон вориди Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик шуд. Дар замони бисёр душвор устод Латифӣ тавонист нерӯҳои рӯшанфикру андешамандро дар Маркази нерӯҳои демократӣ муттаҳид созад. Маркази мазкур ба ягон нерӯи низомӣ ва ё зӯроварӣ рабте надошт.

Ҷавонмарде, ки ҷону дилашро пурра ба Ватану мардумаш бахшид, ва онҳое, ки ҳоло дар баробари нақшу ҷойгоҳи устод Латифӣ шубҳаомез худро ҷилва медиҳанд, ба андешаи банда, ҳақ надоранд, номи устод Латифиро ба забон оваранд. Зеро барои аз таҳи дил ба забон овардани номи муқаддаси устод Отахони Латифӣ бояд ИНСОН буд. Ишқи меҳан ва ғурури миллӣ ва инсонӣ барои ӯ як чизи тавъам буда. Дарки воқеияти ӯ аз қолабҳои муҳит ва замони мо фаротар рафта, бештар ба абадият ҳарф мезад, то ба дирӯз ва имрӯз. Ӯ бо он ишқ ва он ғуруре, ки дошт, то охирин лаҳзаи умраш эътимод ба нафсро раҳо накард, дар рӯ ба рӯи қотили нотавон зону ба замин назад ва ҳоло низ рӯҳи устод Латифӣ ситораи пурҷилоест, ки ба самти пеш, ба сӯи он ишқ ва ғурур ҳидоят мекунад.

Ба хотири рӯҳи поки устод Латифӣ, ба хотири он ишқу ғурури софи ӯ, аз Шумо – мухолифон ва ҳарифони ҷавонмарди устод Латифӣ илтиҷо мекунам, дар баробари рӯҳи муқаддаси ӯ сухани ноҷо назанед. Хоҳиш мекунам!  

Донишманди тоҷик Набиҷон Сатторӣ (1917-1984), ки мухлиси мақолаҳои устод Латифӣ дар «Правда» буд, бисёр ба мавқеъ ин сатрҳоро замзама мекард:

Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи накӯ мемонад,

Фасли гул мегузарад, накҳати бӯ мемонад.

Ин ҷаҳон косаи даврест ба номи ҳама кас,

Ҳама чиз мегузарад, дидани рӯ мемонад.

Дареғову сад дареғ, ки  аз дидору гуфтори устоди бузургвору арҷманд Отахони Латифӣ сер нашудем. Воқеан, бандаи дарбадари ғариб сағир шуд, устоди азиз!

Баъди бозгашт аз ғурбати чанд сола, ҳангоми аз ҳавопаймо берун шудан суханони нахустини устод Латифӣ ин буд:

«Худоро шукр, ки мо ба Ватани азизамон баргаштем!»

Ин суханони самимонаи устод Отахони Латифӣ ба таври абадӣ дар зеҳни мо нақш баст. Рӯҳаш шод ва хонаи абадиаш обод бод.

  

Монреал, Канада

марти с.2006