(From Asia-Plus)

Академик Камол Айни, фарзанди арзандаи нобига Садриддини Айни ва ин миллати фурумоя ва азиятдида рузи шанбе дар шахри Душанбе, пойтахти Точикистон аз дунё даргузашт.

Камол Айни дастпарвари мактаби бехамтои илми ховаршиносии Санкт-Петербурги Русия ба шумор рафта, нигине хамчун ёдгор аз падари неруманди миллат Садриддини Айнии хамешабузург махсуб мешуд. Вучуди чисмонии у калби ин миллати мазлумро дар баробари таъриху фарханги н кавми парешон гарму нарм ва умед ба ояндаи некро рахнамои мекард. 

Сахми донишманд Камол Айни дар тахия ва нашри матни нухчилдаи "Шохнома"-и безаволи Фирдавсй, осори мунтахаби панччилдаи Абдуррахмони Чомй ва понздахчилдаи осори Садриддини Айни бузург аст.

Китобу маколоти зиёде дар бораи бузургони адабиёту фарханги форсу точик ичод намудаанд. Ба гуфтаи устод Муъмин Каноат, шоири бузурги точик, донишманд Камол Айни дар кашфи мактаби адабии Хирот дар садаи 15-и мелодй хиссаи арзандае гузоштааст. Тавре родюи Би Би Си суханони Мумин Каноатро меоварад:"Камолиддин Айни давомдихандаи кори падараш буд ва фаъолияти илмию адабии вай идомаи мактаби илмию адабии Садриддини Айни, Абулкосими Лохутй ва Бобочон Гафурй, се шахсияти маъруфи адабиёт, таърих ва фарханги Точикистон аст".

Донишманд Камол Айни барои ахли хичрати точик як мутакко ва мархами чон буданд. Ишон ба хайси яке аз асосгузорон ва рахбарони анчумани точикон ва форсизабонони чахон "Пайванд" бахри тахкими муносибот миёни Точикистон ва чомеаи точики бурунмарзй талош мекарданд. Ахли хичрати точикони Канада ва Иёлоти Муттахидаи Америка ба ахли хонаводаи мархум - хонум Мукаддима Ашрафи, Лайло ва Эрач Айни ва пайвандонашон, Лутфия Айни ва аъзои хонаводаи мухтарам, мардуми баору ба номуси Точикистон изхори хамдардии амик менамояд. Ахли гурбат дар ин рузи сангин бо ишон дар гамашон шарик буда, ба арвохи бузурги онон дуои нек ирсол мекунад.

Рухи нозанини донишманди миллат Камол Айни хамеша гиромй бод!