Аз Анчумани точикони Канада

Истеъфои бунёдгузори Анчумани точикони Канада Равшани Темуриён аз симати рахбарй

28.03.2012                                   

Ахиран мачлиси хисоботиву интихоботии Анчумани точикони Канада дар шахри Монреали Квебек барпо гардид.

Равшани Темуриён, раиси Анчумани точикони Канада гузориши хисоботиро ба хайати садорат ва вакилон ироа намуд.

Гузоришгар зикр намуд, ки Анчумани точикони Канада дакикан хафт соли кабл дар аввали мохи январи соли 2005 бо ширкати 26 вакили чомеаи точикон аз саросари Канада арзи зухур кард. Хайати садорат Зухро Зуробекова, Дустмухаммади Нуралй, Абдулвохид Масаидов, Шоисматуллох Хабибй, Мусо Суюнов ва Равшани Темуриён дар ду давраи се солаи аз чониби анчуман муайяншуда ва як соли гузашта тавонистанд чомеаи точикро дар Канадаи сермиллат муаррифй намоянд.

Ибтидо, бо ширкати фаъоли чомеаи точик, Анчуман тавонист дар маъракахои бузурги фархангй, илмй, ичтимой ва хам сиёсии Канада хузур дошта бошад. Хамасола Анчуман дар паради Наврузии форсизабонони Канада хузури фаъол доштанд. Хоса, «Ракси точикй» дар ичрои Товуси Навруз, узви фаъоли Анчумани точикон дар паради Навруз бори нахуст симои милливу фархангии мардуми точикро ба канадаиён муаррифй намуд.  Ин хунарнамоии узви чавони Анчуман борхо такроран аз тарики шабакахои телевизионии Квебек ва Канада мунташир шуд.

Сипас, Анчумани точикон тамосхои худро бо хукумати федеролии Канада, вазорати мухочират ва анчуманхои милии Квебек, шахрдории Монреал, анчуманхои гуногуни фархангиву ичтимоии Канада баркарор намуда, дар тадобири мухталифи фархангиву ичтимой фаъолона ширкат намуд.

Бо ташаббуси садорати Анчуман мачлисхои Наврузй хама сола дар манотики Монреали бузург барпо карда мешуданд. Насли чавони точики Канада дилбастагии махкаме ба чашни миллии хеш нишон дод. Дар созмондихии мачлисхои Наврузй бародарону хохарони мо, точикони Точикистон, Афгонистон ва Узбакистон ширкати фаъоле доштанд.

Хар сол намояндагони Анчуман дар мачлису тадобири фархангй ва илмй дар донишгоххои Конкордиё, МкГилл, Монреал ва Квебек ширкат ва суханронихо менамуданд.

Бахори соли 2008 бори аввал чаноби Стивен Харпер, сарвазири Канадарахбари Анчумани точикони Канадаро ба хузур пазируфта, аз ширкати фаъолонаи точикони кишвар дар хаёти чомеаи сермиллати Канада изхори ташаккурй намуд.

Ду дафъа бо пешниходи сарвари хукумати Канада рахбари Анчумани точикони кишвар хамчун нозири расмй дар маъракаи мухими сиёсй ва ичтимоии Канада - интихоботи саросарй иштирок намуд.

Рахбарияти Анчуман дар ин солхои сипаришуда чанд дафъа аз тарафи аъзои хукумати федеролй, минчумла, вазири умури хоричаи кишвар, вазири наклиёт, вазири мухочирати Канада, шахрдори Монреал, як идда аъзои парламони Канада ба хузур пазируфта шуд.

Дар гузориши Р.Темуриён кайд шуд, ки хамчунин тайи ин солхо рузхои Точикистон дар китобхонаи ба номи Нимо Юшич, донишгохи Конкордиё, анчумани дустдорони Зардушт, анчумани фархангу адаби Ирон дар шахри Монреал доир гаштанд. Равобити Анчумани точикон бо кули анчуманхои милливу фархангии Канада, аз чумла, Анчумани фархангии афгонхо Квебеку Канада, Анчумани фархангу адаби ирониёни Канада, Анчумани посдорони фарханги Ориёйи, Анчумани «Сухравардй», Конгресси яхудиёни бухоройии Иёлоти Муттахидаи Америка ва Канада ва даххо анчуманхои дигари милливу фархангй, адабиву илмй, ичтимоии Канада тахким ёфт.

Хайати вакилони Анчумани точикони Канада тули ин солхо дар се форуми ахири Анчумани точикон в форсизабонони бурунмарзй «Пайванд» дар шахри Душанбеи Точикистон иштироки фаъол карданд.

Садорат сомонаи Анчумани точикони Канадаро дар шабакаи чахонии Интернет ба рох гузошт ва хар сари чанд вакт аз хаёт ва рузгори чомеаи точики Канада ва чахон хабару маколахо интишор мекунад.  

Дар поёни гузориш Равшани Темуриён аз аъзои садорат ва ахли Анчумани точикони Канада, хукумати федеролии Канада, хукумати Квебек ва хамаи дигар анчуманхои миллй барои хамкорихои амик ва фаъол дар ин ду давраи раёсат изхори ташаккурй намуд. Ишон аз ахли нишаст такозо намуд то масъалаи интихоби рахбарияти чадиди Анчуман ба миён гузошта шавад, зеро аз руи карори мачлиси аввалини Анчумани точикони Канада садорати Анчуман барои се сол ва мухлати интихоб танхо ду давра таъин шуда буд. 

Ахли раёсати Анчуман хафт сол, яъне ду давра ва як соли изофа рахбарй намуданд. Аз ин хотир, тибки конунхои демократй дар чамъияти солим – гуфт Равшани Темуриён, - банда аз вазифаи раиси Анчумани точикони Канада истеъфо медихам. Аз мачлис такозо дорам раёсат ва аъзои рахбарии нави Анчумани точикони Канада интихоб карда шавад ва ба хайати чадиди рахбарии Анчумани точикони Канада муваффакият мехохам.

Раиси мачлиси хисоботиву интихоботй Дустмухаммад Нуралй аз гузориши хисоботии Равшани Темуриён, раиси Анчумани точикони Канада  изхори миннатдорй намуда, ишора кард:

- Вокеан бори аввал дар таърихи Канада бо ибтикори устод Равшани Темуриён ва точикони ахли фарханг ин Анчуман арзи зухур кард ва хафт сол аст, ки дар сарзамини Канада фаъол мебошад. Ба шарофати ишон ин Анчуман расман аз чониби хукумати Канада эътироф шуд. Хидмату захмати кобили кадри устод Равшани Темуриёнро ба дидаи кадр нигариста, аз ишон изхори сипос ва кадрдонй менамоем.  

Баъдан аъзои рахбарии Анчумани точикони Канада М.Суюнов, А.Масаидов, З. Зуробекова, Ш. Хабибй ва Д. Нуралй низ  аз раёсати Равшани Темуриён дар тули ин солхо изхори хушхолй ва аз ишон миннатдорй намуда, аз симмати аъзои садорати Анчумани точикони Канада истеъфои хешро эълон намуданд.

Раиси мачлис Дустмухаммади Нуралй бо ичозати садорати Анчуман пешниход намуд, ки аъзои нави рахбарй интихоб карда шаванд. Ишон пешниход кард, ки ба вазифаи раиси Анчумани точикони Канада чанобиНасриддини Пайкор интихоб карда шавад.

Чанобон Р.Темуриён, Ш.Хабибй, М.Суюнов ва чанд тани дигар дар мавриди пешниходи Насриддини Пайкор ба хайси раиси Анчуман ибрози назар намуда, такозо намуданд, ин пешниход чихати раъйгирй ва ибрози назар ба мачлис ироа шавад, ки саранчом хамаи иштироккунадагони мачлис Насриддини Пайкорро ба иттифоки ороъ ба хайси раиси Анчумани точикони Канада интихоб намуданд.

Хамчунон чанобон хар як Дустмухаммади Нуралй ба хайси муовин, мухтарам Шохисматуллох Хабибй ба хайси масъули равобити байналмилалй, мухтарам Сарфароз Ниёзов ба хайси масъули фархангй, мухтарам Рабонии Баглонй, мухтарам Азими Куҳистонй, мухтарамахо Фарангис Нуруллохоча, Сабзинаи Содикиён, Нодия Пирзода ва Шахло Туйчиева ба хайси аъзои рахбарй ба иттифоки ороъ интихоб шуданд.

Дар хотима иштироккунадагони мачлис самимонатарин табрикоташонро ба раис ва аъзои рахбарии Анчумани точикони Канада баён дошта, такозо намуданд, ки хайати рахбарии чадид дар чихати фаъолиятхои ичтимоиву фархангй ва таъмини харчи бехтари иртиботот бо давлати Канада, Анчумани точикон ва форсизабонони бурунмарзй «Пайванд» ва дигар ниходхои фархангии форсизабонон дар чахон талош намояд. Мутакобилан мухтарам чаноби Насриддини Пайкор хитоб ба иштироккунадагони мачлис баён намуд:

- Аз эътимоде, ки дар интихоби ман ба хайси раиси Анчумани точикони Канада намудед, сипосгузорам. Ва ваъда медихам, ки бо хамкории хамкоронам ва рахнамоиву мусоидатхои бедареги шумо умедворам то ба хама орзухои неки инсонй, фархангй ва миллиамон дар канори милали мухталифи бародари сокин дар кишвари мутамаддини Канада нойил шавем.