Д-р Мухсини Хофизиён | Бунёди "Суҳравардй" | Аҳли мухочирати Канада

Пайвастагии таърихии Эрон ва душманони он

Суханрониии Бунёди Эронпажухии «Сухравардй» дар рузи шанбеи 14-уми майи соли 2011 «Дар бораи пайвастагии таърихй ва фархангии Эрон" баргузор шуд. Дар ин суханронй, нахуст Юсуфи Амирй, мухандиси иршоди нармафзор ва пажухишгари таърих ва фарханги Эрон дар бораи чаройи ва ниёз ба тархи ин гуфтор пардохт ва ин сухани зиндаёд Мухаммадамини Раёхии Хуйиро накл кард:

«Дар тобистони соли 1361 хуршедй дар рузномахо изхороте аз Хайдар Алиевро хондам ки буи душманй бо Эрон ва озмандихои Русияи тазорй ва тахрикоти зидди эронй медод ва ба касди эчоди тазалзил дар хамбастагии миллати Эрон ва доман задан ба пиндорхои тановуъи кавмиятхо дар Эрон баён шуда буд. Хар эронй бояд дар баробари он гуна фитнаангезихо ба кудрати тавонои худ кадаме бардорад. Чавоб ба онхое, ки дар хафтод соли ахир аз чанги чахонии аввал ба ин су хар гох осмони ин сарзамини эзидиро аброгин дида, ва эрону эрониятро забун ва нотавон пиндоштаанд, хаёлхои хом дар сар парваронида..»

Суханрон пас аз муаррифии китобхо ва маколахое, ки ба мавзуъи пайвастагии Эрон ва хуввияти эронй пардохтаанд, шаклгирии мафхуми Эрон ва хуввияти эронй аз замони Авасто то даврони Сосонй ва сипас интиколу идомаи ин хамбастагии эроният ва худогохии онон аз Эрон ва эронй будани худашон, хатто дар даврони набуди давлати марказй, то даврони Сафавиён ва шаклгирии дубораи давлати марказиро баррасй кард. Хамчунин ба санадхои адабй ва чугрофиёйи ва таърихии ин даврон ишора шуд, ки нависандагонашон ба рушанй аз Эрон ва Эроншахр ба унвони вохиди фархангй ва чугрофиёйи ном бурдаанд.

Сипас, суханрон ба чудосозй бахшхое аз Эрон ба дасти Бритониё ва Русия ишора кард ва ба накди бархе иддаохои бе маъно ва вохй ва дастахое монанди пан-туркон ва пан-курдон ва пан-арабон пардохт, ки ба бахонаи кавмгаройи тачрибаи Эронро дар дастур кор доранд.

Ба зудй фишурдае аз ин суханронй дар мачаллаи «Хафта», чопи Монреали Канада мунташир хохад шуд.