Бародари азизам, Насибҷон Амонӣ!

Боиси ифтихори ин миллати мазлум аст, ки Шумо як рӯзноманигори озодандеш, публитсисти нуктасанҷ ва нависандаи дилёби насли наврас аз чанголи аҷал дар замони миллаткушӣ ба таври мӯъҷиза ҷон ба саломат бурда, бо хонаводаи дӯстрӯйатон ба Қазоқистон ҳиҷрат намудед. Қиссаи аз чанголи қассобони тоҷик нимазинда баромадани Шумо хеле риққатовар ва аламовар аст. Дар шароите, ки дигар умед ба зинда мондани Шумо намонда буд, Худо раҳми ин миллати худкушро карда, як афсари руси Тоҷикистон, ки ҳоло овардани номаш барои миллат бояд ифтихор бошад, ва он ҳам фармондеҳи ОМОН-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сарҳанг Олег Захарченко (рӯҳи равонаш шод бод!) барои мададу наҷоти дигар фарзанди ин қавм роҳнамоӣ кард. Барои гуруснаи ҳафтаина ва шахси ҳафтаҳо таги мушту лагади тоҷикони беҳуввият ва бегонапарвар як пиёла қаймоқи пешниҳод кардаи Олег Захарченко мисли нӯшдору ва ҳазорон сандуқ зару зевар буданд. Муқоисанашаванда: нафрат ва ваҳшигарии тоҷикони нерӯи қудратӣ ва таваҷҷӯҳи инсонии як руси ҳамон ташкилоти қудратӣ.

идомаи матлаб>>>