Дар шаҳри Ню- Йорк президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон олими шинохтаи тоҷик Акбари Турсонро ба ҳузур пазируфт. 
Дар сӯҳбат бо олими намоёни тоҷик Акбари Турсон, ки чандин сол боз дар Амрико кору зиндагӣ дорад, оид ба рушди имрӯза ва дурнамои илму фарҳанг дар Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои олии тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.
  Президент Эмомалии Раҳмон ӯро ба ҳамкории бештар бо олимони дигари тоҷик ва иштироки фаъол дар ҳамоишҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар ба роҳ монда мешаванд, даъват намуд.
Акбари Турсон аз суханронии президент Эмомалии Раҳмон ба забони тоҷикӣ (форсӣ ) аз минбари олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳори хушнудӣ намуд.  
Акбари Турсон ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба барномаи консептуалии соҳаи илму фарҳанг  ва роҳҳои ҳалли мушкилоти кадрӣ  ҳарф зад. Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, омодааст барномаи консептуалии рушди илму фарҳанги кишварро, ки аз тарафи олими фарзона Акбари Турсон таҳия мешавад, мавриди баррасӣ қарор диҳад.